Тавзеҳи ВУХ-и Русия дар бораи паёмадҳои даст кашидани Олмон аз лоиҳаи “Маҷрои шимолӣ-2”

© Sputnik / Алексей МайшевЗдание МИД РФ
Здание МИД РФ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.03.2022
Обуна шудан
Намояндаи расмии Вазорати умури хориҷии Русия гуфт, даст кашидани Олмон аз лоиҳаи “Маҷрои шимолӣ-2” сабаби болоравии нархи газ хоҳад шуд
ДУШАНБЕ, 2 мар — Sputnik. Мария Захарова, сухангӯи Вазорати хориҷаи Русия гуфт, тасмими Олмон дар бораи қатъи раванди иҷозатномадиҳии “Маҷрои шимолӣ-2” боиси осеби бебозгашт дар равобити Маскав ва Берлин хоҳад шуд.
"Дар робита ба ин мо мехоҳем изҳор кунем, ки тасмими Берлин дар бораи қатъи лоиҳа боиси осеби бебозгашт дар равобити Русия ва Олмон хаҳод шуд", - омадааст дар шарҳи ВУХ Русия.
Сухангӯи Вазорати хориҷии Русия Мария Захарова гуфт, даст кашидани Берлин аз лоиҳаи лӯлаи гази "Маҷрои шимолӣ-2" боиси болоравии босуръати қимати газ дар Аврупо хоҳад шуд.
"Дар баробари манфиати мутақобила масири нав барои мусоидат ба гуногунии таъминоти газ ва табдил додани як унсури устуворкунандаи бозори газ дар Аврупо пешбинӣ шудааст. Эҳтимол дар ояндаи наздик ин рух нахоҳад дод, зеро лоиҳа қурбони дасисаҳои сиёсӣ шудааст. Оқибати ногузири даст кашидан аз ин лоиҳа, тавре ки мо аллакай мебинем, афзоиши босуръати нархи газ дар бозори Аврупо хоҳад буд", - гуфт, хонум Захарова.
Министр иностранных дел РФ Сергей Лавров - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.03.2022
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Лавров: Намешавад Русияро дар инзиво қарор дод, он дӯстони зиёд дорад
Сухангӯи Вазорати хориҷаи Русия Мария Захарова ҳамчунин гуфт, мавқеи Русия дар мавриди ҳамкориҳои энержӣ бо Олмон пас аз тасмими Берлин дар бораи қатъи иҷозатномадиҳии “Маҷрои шимолӣ-2” тағйир наёфтааст.
"Дар ин замина мавқеи мо дар мавриди ҳамкориҳои энержӣ бо Олмон ва дар маҷмуъ бо Аврупо бетағйир боқӣ мемонад. Русия пайваста таъкид мекунад, ки “Маҷрои шимолӣ-2” як тарҳи сирф иқтисодӣ ва тиҷоратӣ аст, ки бо риояи қатъии қонунҳои байналмилалӣ, муқаррароти Иттиҳодияи Аврупо амалӣ шудааст. Ба истифода додани саривақтии ин лӯлаи газ ба нафъи ҳам Русия ва ҳам Аврупо хоҳад буд", - омадааст дар шарҳи Вазорати умури хориҷӣ.
Рӯзи 23 феврал Вазорати молияи ИМА алайҳи “Маҷрои шимолӣ-2” ва мудири кулли он Маттиас Варнига таҳрим ҷорӣ кард.

Амалиёти вижаи Русия дар Украина

Русия амалиёти низомӣ дар Украинаро субҳи барвақти 24 феврал шуруъ кард. Раисҷумҳури Русия Владимир Путин ҳадаф аз онро “ҳимояти мардуме, ки тӯли ҳашт сол аз тарафи режими Киев мавриди тамасхур ва наслкушӣ қарор доштанд”, унвон кард.
Ба ин манзур, ба гуфтаи ӯ, “ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина”, таҳвили муҷримони ҷангии масъул дар “ҷиноёти хуношом алайҳи сокинони мулкӣ”-и Донбасс ба додгоҳ барномарезӣ шуд.
Флаг Великобритании - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.03.2022
Имкони қатъи равобити дипломатӣ миёни Русия ва Бритониё вуҷуд дорад
Бинобар баёнияи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои ҳарбии ин кишвар танҳо зерсохтҳои низомию низомиёни Украинаро ҳадаф қарор медиҳанд ва ин амалиёт шаҳрвандони мулкиро таҳдид намекунад.
Бо ҳимояти нерӯҳои ҳавоии ФР ҳуҷуми гурӯҳҳои ҶХД ва ҶХЛ доман мегустарад. Ин ҷо ҳарф дар бораи забти Украина нест, гуфт раисҷумҳури Русия.
Дар рӯзи панҷшанбеи 28 феврал ҳайатҳои Русия ва Украина дар вилояти Гомели Беларус музокирае баргузор карданд.
Он панҷ соат тӯл кашид. Тавре ёвари раисҷумҳури Русия Владимир Мединский гуфт, тарафайн кулли дастури корро баррасӣ ва нукотеро барои пешбинии мавозеи муштарак пайдо карданд.
Дидори баъдии ҳайатҳои русӣ ва украинӣ дар марзи Беларусу Лаҳистон баргузор мешавад.
Лентаи хабарҳо
0