Аз 100 сомонӣ поинтар: Бонкҳои Тоҷикистон қурби рублро бозбинӣ карданд

© Sputnik Таджикские сомони и рубли, архивное фото
Таджикские сомони и рубли, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.02.2022
Обуна шудан
Бонкҳои тиҷории Тоҷикистон қурби рублро дар поинтарин нишондод тайи солҳои охир муқаррар карданд
ДУШАНБЕ, 28 фев — Sputnik. "Ориёнбонк" яке аз бонкҳои низомсози Тоҷикистон қурби рублро дар оғози ҳафтаи ҷадид аз 100 сомонӣ поинтар муқаррар кардаст.
Бар асоси нархномаи асъор, ки дар сомонаи "Ориёнбонк" нашр шудааст, қурби 1 ҳазор рубл зимни харид 98 сомонӣ муқаррар гардидааст. Фурӯши 1000 рубл дар ҳадди 140 сомонӣ нархгузорӣ шудаст.
"Алиф бонк" қурби рубли русиро зимни харид 102 сомонӣ ва зимни фурӯш 136,5 сомонӣ муқаррар намудаст. Арзиши харидуфурӯши 1 ҳазор рубл дар бонки "Эсхата" низ мутаносибан муодили 102 ва 136 сомонӣ мебошад.
Бонки миллии Тоҷикистон қурби 1 ҳазор рублро дар оғози ҳафтаи ҷадид 136 сомонӣ муқаррар кардааст.
Монета номиналом один рубль. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.02.2022
Уфти қурби рубл дар бозори ҷаҳонӣ
Дар пасманзари ҳаводиси Украина қурби рубл дар бозори "Forex" ба ҳадди бесобиқа поин рафт, хабар медиҳад ожонси "Bloomberg".
Ба иттилои манбаъ, доллар ва евро дар бозори "Forex" аз нишондоди охири рӯзи ҷумъа 29% гаронтар савдо мешаванд. Аз ҷумла доллар ҳудуди 107,5 рубл ва евро 122 рубл арзиш дорад.
Қаблан коршиносон уфти қурби рублро дар пайи таҳримоти Ғарб, аз ҷумла бастани дороиҳои Бонки марказии Русияро пешгӯӣ карда буданд. Роҳбари бахши таҳлили сармоягузории гурӯҳи "Универ Капитал" Андрей Верников ба РИА "Новости" гуфт, доллар метавонад то ба 100-120 рубл боло равад. Аммо Бонки марказӣ меъёри бозтамвилро боло мебараду ҳафтае баъд қурб боз то 85 рубл сари як доллар ташкил хоҳад расид.
Лентаи хабарҳо
0