https://sputnik.tj/20220228/uft-qurb-rubl-bozor-jahon-1046325830.html
Уфти қурби рубл дар бозори ҷаҳонӣ
Уфти қурби рубл дар бозори ҷаҳонӣ
Sputnik Тоҷикистон
Қурби доллар ва евро нисбати рубли русӣ дар пайи таҳримот алайҳи Русия ба таври назаррас боло рафтанд
2022-02-28T10:58+0500
2022-02-28T10:58+0500
2022-02-28T15:16+0500
дар ҷаҳон
қурб
рубл
иқтисод
доллар
евро
арзиш
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/19/1045110937_0:242:3078:1973_1920x0_80_0_0_e814e8926f0b06e8ebaa0d3cadcc716e.jpg
ДУШАНБЕ, 28 фев — Sputnik. Дар пасманзари ҳаводиси Украина қурби рубл дар бозори "Forex" ба ҳадди бесобиқа поин рафт. Дар ин бора ожонси "Bloomberg" хабар медиҳад. Ба иттилои манбаъ, доллар ва евро дар бозори "Forex" аз нишондоди охири рӯзи ҷумъа 29% гаронтар савдо мешаванд. Аз ҷумла доллар ҳудуди 107,5 рубл ва евро 122 рубл арзиш дорад. Қаблан коршиносон уфти қурби рублро дар пайи таҳримоти Ғарб, аз ҷумла бастани дороиҳои Бонки марказии Русияро пешгӯӣ карда буданд. Роҳбари бахши таҳлили сармоягузории гуруҳи "Универ Капитал" Андрей Верников ба РИА "Новости" гуфт, доллар метавонад то ба 100-120 рубл боло равад. Аммо Бонки марказӣ меъёри бозтамвилро боло мебараду ҳафтае пас қурб боз то 85 рубл сари як доллар хоҳад расид. Ин дар ҳолест, ки савдои асъор дар биржаи Маскав оғоз нашудааст. Саршавии додугирифти асъор дар бозори Маскав бо қарори Бонки марказӣ ба соати 10:00 ба таъхир гузошта шуд. Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъор эълон кардаст, ки тибқи он, ҳоло қурби 1000 рубл 136 сомониро ташкил медиҳад. Маврид ба зикр аст, ки қурби рубл охирин бор ба ҳадди ниҳоӣ тирамоҳи соли 2021 боло рафт, ки он замон 1000 рубл 159 сомонӣ арзиш дошт.
https://sputnik.tj/20220227/korshinos-dollar-rubl-bolo-meravad-1046318648.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/19/1045110937_347:0:3078:2048_1920x0_80_0_0_e3f08ac685094b49f07cb5ff94817c0b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
уфт, қурб, рубл, бозор, ҷаҳонӣ
уфт, қурб, рубл, бозор, ҷаҳонӣ
Уфти қурби рубл дар бозори ҷаҳонӣ
10:58 28.02.2022 (Навсозишуда: 15:16 28.02.2022) Қурби доллар ва евро нисбати рубли русӣ дар пайи таҳримот алайҳи Русия ба таври назаррас боло рафтанд
ДУШАНБЕ, 28 фев — Sputnik. Дар пасманзари ҳаводиси Украина қурби рубл дар бозори "Forex" ба ҳадди бесобиқа поин рафт. Дар ин бора ожонси "Bloomberg" хабар медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, доллар ва евро дар бозори "Forex" аз нишондоди охири рӯзи ҷумъа 29% гаронтар савдо мешаванд. Аз ҷумла доллар ҳудуди 107,5 рубл ва евро 122 рубл арзиш дорад.
Қаблан коршиносон уфти қурби рублро дар пайи таҳримоти Ғарб, аз ҷумла бастани дороиҳои Бонки марказии Русияро пешгӯӣ карда буданд.
Роҳбари бахши таҳлили сармоягузории гуруҳи "Универ Капитал" Андрей Верников ба РИА "Новости" гуфт, доллар метавонад то ба 100-120 рубл боло равад. Аммо Бонки марказӣ меъёри бозтамвилро боло мебараду ҳафтае пас қурб боз то 85 рубл сари як доллар хоҳад расид.
Ин дар ҳолест, ки савдои асъор дар биржаи Маскав оғоз нашудааст. Саршавии додугирифти асъор дар бозори Маскав бо қарори Бонки марказӣ ба соати 10:00 ба таъхир гузошта шуд.
Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъор эълон кардаст, ки тибқи он, ҳоло қурби 1000 рубл 136 сомониро ташкил медиҳад.
Маврид ба зикр аст, ки қурби рубл охирин бор ба ҳадди ниҳоӣ тирамоҳи соли 2021 боло рафт, ки он замон 1000 рубл 159 сомонӣ арзиш дошт.