Бесобиқа: Бонки марказии Русия меъёри бозтамвилро боло бурд

© Sputnik / Максим Блинов / Гузариш ба медиабонкЗдание Центрального банка РФ
Здание Центрального банка РФ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.02.2022
Обуна шудан
Бонки марказии Русия барои истодагарӣ дар баробари хатарҳои молӣ ҷаласаи изтирорӣ баргузор кард
ДУШАНБЕ, 28 фев — Sputnik. Меъёри бозтамвил дар ҷаласаи изтирории Бонки марказии Русия дар ҳаҷми 20% муқаррар шуд, ки баландтарин нишондоди бесобиқа арзёбӣ мегардад.
Бонки марказӣ бо нашри як иттилоия гуфт, шароити берунӣ барои иқтисоди Русия комилан тағйир ёфтааст. Таъкид шудааст, ки болоравии меъёри бозтамвил барои коҳиши таъсироти манфӣ мусоидат мекунад.
"Афзоиши меъёри бозтамвил нишондоди пасандозгузориро то ҳадде боло мебарад, ки ин барои ҷуброни хатарҳои таварруми афзоянда кифоят мекунад. Ин имкон медиҳад, ки эътидоли молиявию нарх таъмин шавад", - омадааст дар иттилоия.
Ниҳоди танзимкунандаи бахши молиявии Русия ҳамчунин таъкид намудааст, ки афзоиши меъёри бозтамвил барои ҳифзи пасандози шаҳрвандон аз беқурбшавӣ хидмат мекунад.
Таджикские сомони и рубли, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.02.2022
Аз 100 сомонӣ поинтар: Бонкҳои Тоҷикистон қурби рублро бозбинӣ карданд
Масъулин муътақиданд, ки чунин сиёсати пулию молӣ имкон медиҳад, ки қурби пули миллӣ таҳким бахшида шавад ва ҳамчунин фоизи қарзу пасандозҳоро боло мебарад.
Таъкид гардидааст, ки Бонки марказии Русия вобаста ба вазъият иқдоми минбаъдаро амалӣ хоҳад кард.
Меъёри бозтамвил нишондоди ҳадди ақали фоизҳо мебошад, ки аз рӯи он Бонки марказӣ ба бонкҳои тиҷоратӣ қарз медиҳад ва ҳамчунин пасандоз қабул мекунад. Ҳаҷми меъёри бозтамвил ба сатҳи таваррум таъсир дорад.
Маврид ба зикр аст, дар пайи амалиёти низомии Русия дар Украина ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла Ғарб таҳримотеро роҳандозӣ кард, ки низоми бонкиро низ фаро гирифт. Аз ҷумла бархе бонкҳои Русия аз низоми байналмилалии интиқоли пул хориҷ карда шудаанду қисме аз дороиҳои Бонки марказии Русия аз ҷониби кишварҳои аврупоӣ баста шуданд.
Лентаи хабарҳо
0