https://sputnik.tj/20220224/tamdidi-ijozatnomai-bonki-baynalmilalii-tojikiston-bonki-milli-1046211223.html
Тамдиди иҷозатномаи Бонки байналмилалии Тоҷикистон аз сӯйи Бонки миллӣ
Тамдиди иҷозатномаи Бонки байналмилалии Тоҷикистон аз сӯйи Бонки миллӣ
Sputnik Тоҷикистон
Бонки миллии Тоҷикистон иҷозатномаи “Бонки байналмилалии Тоҷикистон” ба муҳлати панҷ сол тамдид кард
2022-02-24T15:25+0500
2022-02-24T15:25+0500
2022-02-24T18:45+0500
дар тоҷикистон
бонки миллӣ
иҷозатнома
бонк
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/09/01/1031826263_0:156:3001:1844_1920x0_80_0_0_df2a1dae6fcfcf523709aafe73523c6a.jpg
ДУШАНБЕ, 24 фев — Sputnik. Бо қарори раёсати Бонки миллии Тоҷикистон иҷозатномаи Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи “Бонки байналмилалии Тоҷикистон” барои фаъолияти оператори низоми пардохтии “Осон” ба муҳлати 5 (панҷ) сол тамдид карда шуд, иттилоъ додааст дафтари матбуотии Бонки миллии Тоҷикистон.Бонки миллӣ гуфтааст, ки қарори мазкур санаи 22 феврали соли равон ба имзо расидааст.Иҷозатномаи мазкур, мутобиқи Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи хидматрасониҳои пардохтӣ ва низоми пардохтӣ”, Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият” тамдид шудааст.“Тибқи қарори мазкур, иҷозатномаи ҶСП Бонки байналмилалии Тоҷикистон барои фаъолияти оператори низоми пардохтӣ, ки бо қарори Бонки миллии Тоҷикистон аз 18 феврали соли 2019 дода шудааст, аз эътибор соқит дониста мешавад”, - иттилоъ додааст БМТ.Ҳамзамон тибқи иттилои манбаъ, раёсати Бонки миллӣ идораи низоми пардохтро вазифадор кардааст аст, ки дар феҳристи операторони низоми пардохтӣ сабти дахлдорро ворид намояд.
https://sputnik.tj/20220224/suquti-noguftanii-rubl-dar-bonkhoi-tojikistor-1046209759.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/09/01/1031826263_166:0:2833:2000_1920x0_80_0_0_1ca53e0c2ff464e6bde609375f319528.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, бонки миллӣ, иҷозатнома, бонки байналмилалии тоҷикистон, тамдид
тоҷикистон, бонки миллӣ, иҷозатнома, бонки байналмилалии тоҷикистон, тамдид
Тамдиди иҷозатномаи Бонки байналмилалии Тоҷикистон аз сӯйи Бонки миллӣ
15:25 24.02.2022 (Навсозишуда: 18:45 24.02.2022) Бонки миллии Тоҷикистон иҷозатномаи Бонки байналмилалии Тоҷикистонро ба муҳлати панҷ сол тамдид кард
ДУШАНБЕ, 24 фев — Sputnik. Бо қарори раёсати Бонки миллии Тоҷикистон иҷозатномаи Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи “Бонки байналмилалии Тоҷикистон” барои фаъолияти оператори низоми пардохтии “Осон” ба муҳлати 5 (панҷ) сол тамдид карда шуд, иттилоъ додааст дафтари матбуотии Бонки миллии Тоҷикистон.
Бонки миллӣ гуфтааст, ки қарори мазкур санаи 22 феврали соли равон ба имзо расидааст.
Иҷозатномаи мазкур, мутобиқи Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи хидматрасониҳои пардохтӣ ва низоми пардохтӣ”, Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият” тамдид шудааст.
“Тибқи қарори мазкур, иҷозатномаи ҶСП Бонки байналмилалии Тоҷикистон барои фаъолияти оператори низоми пардохтӣ, ки бо қарори Бонки миллии Тоҷикистон аз 18 феврали соли 2019 дода шудааст, аз эътибор соқит дониста мешавад”, - иттилоъ додааст БМТ.
Ҳамзамон тибқи иттилои манбаъ, раёсати Бонки миллӣ идораи низоми пардохтро вазифадор кардааст аст, ки дар феҳристи операторони низоми пардохтӣ сабти дахлдорро ворид намояд.