Суқути бесобиқаи рубл дар Тоҷикистон

© Sputnik Таджикские сомони и рубли, архивное фото
Таджикские сомони и рубли, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.02.2022
Обуна шудан
Қурби пули русӣ дар ҳама бонкҳо ва ташкилотҳои қарзии Тоҷикистон ба ҳадди рекордӣ поин рафт
ДУШАНБЕ, 24 фев — Sputnik. Дар пасманзари ҳаводиси сиёсии ахир миёни Русия ва Украина қимати рубл дар баробари сомонӣ башиддат коҳиш ёфт.
Ҳарчанд Бонки миллии Тоҷикистон арзиши 1000 рубли русиро 141 сомонӣ нишон додааст, аммо дар дигар бонкҳои кишвар шохис то 16 сомонӣ картар аз он аст.
Ҳамин тариқ дар бонки "Эсхата" бар ивази 1000 рубл 128 сомонӣ медиҳанд. Аммо фурӯшро 16 сомнӣ қимат, яъне 140 кардаанд.
Дар "Спитаменбонк" бошад, 1000 рубл 129 сомонӣ арзиш дорад.
Ду умедворкунандатарин арз дар ҷаҳон гуфта шуд
Аммо аз ҳама қурби пасттар дар "Алифбонк" аст, ки 17 сомонӣ камтар аз нишондоди Бонки миллӣ мебошад. Дар ин бонк 1000 рублро бар ивази 126 сомонӣ мехаранд.
Дар давоми се рӯзи ахир қурби пули Русия дар бозори арзи кишвар 23 сомонӣ коҳиш ёфтааст.
Қурби пули русӣ охирин бор ба ҳадди ниҳоияш дар тирамоҳи соли 2021 расида буд, ки он замон 1000 рубл 159 сомонӣ арзиш дошт.
Интиқоли маблағ осон шуд: “Амонатбонк” ба замимаи мобилии “Сбербанк-онлайн" пайваст гардид
Ин асъор сар аз соли ҷорӣ дар ҳоли ноустуворӣ қарор дошт ва ҳамакнун ба ҳадди ниҳоияш расид.
Дар Русия низ арзиши рубл дар баробари евро ва доллар ба таври таърихӣ коҳиш ёфт.
Ҳоло дар ин кишвар 1000 евро 101 ҳазор рубл ва 1000 доллар 90 ҳазор рубл арзиш дорад.
Лентаи хабарҳо
0