https://sputnik.tj/20220221/kohishi-tijorat-tojikistonu-qirghiziston-munoqisha-marzbandi-1046114449.html
Коҳиши тиҷорати миёни Тоҷикистону Қирғизистон дар пайи муноқиша ва марзбандӣ
Коҳиши тиҷорати миёни Тоҷикистону Қирғизистон дар пайи муноқиша ва марзбандӣ
Sputnik Тоҷикистон
Масъулони Идораи омори Суғд гуфтанд, ки давоми як соли охир ҳаҷми содироту воридоти мол миёни ин вилояти Тоҷикистон бо Қирғизистон чи қадар коҳиш ёфтааст
2022-02-21T18:30+0500
2022-02-21T18:30+0500
2022-02-21T20:55+0500
дар тоҷикистон
қирғизистон
марз
тиҷорат
содирот
воридот
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101993/67/1019936764_0:0:3149:1771_1920x0_80_0_0_d6f14f6295ff590facd96c64c6ab66cf.jpg
ДУШАНБЕ, 21 фев – Sputnik. Ҳокимбек Накҳатзода, сардори Раёсати омор дар вилояти Суғд дар нишасти матбуотӣ сабаби камшавии гардиши савдо миёни ин вилоят бо Қирғизистонро шарҳ дод.Ӯ гуфт, гардиши молу маҳсулоте, ки аз Суғд ба Қирғизистон содир ва аз ин кишвар ба ин вилояти Тоҷикистон ворид мешавад, давоми соли гузашта, дар пайи муноқишаи марзӣ ва басташавии марзҳо чӣ қадар коҳиш ёфт.Коҳиши содироти молМасъулин зимни нишасти матбуотӣ қайд карданд, ки содироти мол 43 дарсад коҳиш ёфтааст.Бино ба гуфтаи ин манбаъ, дигар намуди нишондиҳандаҳои содиротӣ, аз ҷумла интиқоли қувваи барқ, доруворӣ, маҳсулоти пластикӣ, равуои автомобилҳои боркаш, содироти дучархаҳо, аробачаҳои бачагона, мебел ва қисмҳои он низ коҳиш ёфтааст.Коҳиши воридотСардори Раёсати омор дар вилояти Суғд дар бораи кам шудани воридоти 56,8-дарсадии мол аз ин кишвар ба Тоҷикистон низ ишора кард.Сардори идораи омор таъкид намуд, ки дар ин давра коҳиши ҳаҷми молҳои воридотӣ аз Қирғизистон назар ба содирот дида бештар будааст.Бар пояи маълумоти оморӣ, соли 2021 ҳаҷми гардиши савдо миёни вилояти Суғд ва Қирғизистон дар маҷмуъ 25, 1 миллион долларро ташкил намудааст, ки аз ин 3,3 миллион доллар ба содирот ва 21, 8 миллион доллари дигар ба воридот рост меояд.Дар ин давра коҳиши содирот нисбат ба як соли қаблӣ 43% ва дар мисоли воридот 56, 8% гуфта мешавад.Дар ҳамин ҳол масъулони идораи омори Суғд дар бораи афзоиши гардиши мол миёни вилояти Суғд бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон хабар доданд.Тибқи омори расмӣ, ҳаҷми гардиши савдо миёни вилояти Суғди Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон давоми соли 2021 ба 207,7 миллион доллар баробар шудааст. Ҳиссаи содирот 63% ва воридот 144% муҳосиба шудааст.Содирот нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 114,7% зиёд шудааст.Дар умум нисбат ба соли гузашта ҳаҷми гардиши савдо миёни Суғди Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ба 1,5 баробар бештар шудааст.Суғд аз вилоятҳои ҳаммарзи Тоҷикистон бо Қирғизистон маҳсуб мешавад. Шаҳру навоҳии Исфара, Бобоҷон Ғафуров, Ҷаббор Расулов ва ноҳияи Деваштиҷи Суғд бо шаҳру навоҳии Қирғизистон марзи муштарак доранд.Танишу созиши апрелӣ дар марзи Тоҷикистону ҚирғизистонВазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон 28 апрел дар пайи як баҳс сари дарғоти “Головной” шиддат гирифта, 29 апрел ба даргирии мусаллаҳона миёни низомиёни ду кишвар печид.Теъдоди қурбониён аз ҳарду тараф беш аз 55 нафарро ташкил медиҳад.Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, ки дар пайи муноқишаи мусаллаҳонаи марзӣ 87 тан захмӣ шуда, 19 нафар ба ҳалокат расидаанд. Қирғизистон аз ҳалокати 36 шаҳрвандаш дар ин даргирӣ хабар дод.Муноқишаи январӣ дар марзи Тоҷикистону ҚирғизистонДаргирии ахири миёни Тоҷикистону Қирғизистон 27 январ рух дод. Душанбею Бишкек ҳамдигарро дар ташаннӯҷи вазъ ва оғози тирпаронӣ муттаҳам мекунанд.Расман мақомоти Тоҷикистонто 28 январ теъдоди кушташудагони даргирии ахирро 2 нафари мулкӣ гуфта, афзуданд, ки 10 нафар, аз ҷумла6 низомию 4 мулкӣ маҷруҳ гардидаанд.Ҷониби Қирғизистон шумори захмиёнашро 12 нафар гуфтааст, ки ҳамаашон низомӣ буда, талафоти ҷонӣ дар инкишвар бар асари ин ҳаводис сабт нашудааст.Баъдан Қирғизистонва Тоҷикистон дар бораи оташбаси комил дар марз ва ҳамчунин дар бораи хуруҷи нерӯҳои изофӣ ва техника ба ҷойҳои мустақар ба мувофиқа расиданд.Аз моҳи май ба ин тараф ҷониби Қирғизистон яктарафа марзаш бо Тоҷикистонро баст.Рӯзи 19 феврал дар марзи миёни ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва ноҳияи Лайлак зери роҳбарии раисони ин ду ноҳия аз ҳар ду ҷониб мардум сари як дастархон ҳамроҳ бо ҳам нишастанд ва “оши оштӣ” хӯрданд.Дар ин дидори деринтизор, ки умдатан мӯйсафедони ҳар ду ҷониб изҳор кардаанд, ки сулҳу дӯстӣ барқарор гардад ва марзҳо боз шаванд.Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 980 километр марзи муштарак доранд, ки феълан ҳудуди 519 километри он муайян шудааст. Номуайянии қисматҳои боқимондаи марз мунтазам боиси муноқиша дар сарҳад мешавад, ки баъзан ба хунрезӣ мепечад.Феълан вазъи марз миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон ором аст.Рӯзи 7 феврал Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон оид ба аломатгузории марз ба кори худ шурӯъ кард.
https://sputnik.tj/20220219/javononu-muysafedon-muloqoti-tojikiston-qirghiziston-1046045633.html
https://sputnik.tj/20220216/oghozi-kori-guruhhoi-korii-hukumati-tojikiston-qirghiziston-1045914250.html
https://sputnik.tj/20220215/qirghiziston-bozdosht-shahrvand-tojikiston-1045873113.html
https://sputnik.tj/20220209/tojikistonu-qirghiziston-marzir-mustaqilona-hal-1045674161.html
қирғизистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101993/67/1019936764_314:0:3045:2048_1920x0_80_0_0_cff8074dd6a87e5f0518951c53288062.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, қирғизистон, тиҷорат, савдо, коҳиш, марз, қирғизистон
тоҷикистон, қирғизистон, тиҷорат, савдо, коҳиш, марз, қирғизистон
Коҳиши тиҷорати миёни Тоҷикистону Қирғизистон дар пайи муноқиша ва марзбандӣ
18:30 21.02.2022 (Навсозишуда: 20:55 21.02.2022) Масъулони идораи омори Суғд гуфтанд, ки давоми як соли охир ҳаҷми содироту воридоти мол миёни ин вилояти Тоҷикистон бо Қирғизистон чӣ қадар коҳиш ёфтааст
ДУШАНБЕ, 21 фев – Sputnik. Ҳокимбек Накҳатзода, сардори Раёсати омор дар вилояти Суғд дар нишасти матбуотӣ сабаби камшавии гардиши савдо миёни ин вилоят бо Қирғизистонро шарҳ дод.
Ӯ гуфт, гардиши молу маҳсулоте, ки аз Суғд ба Қирғизистон содир ва аз ин кишвар ба ин вилояти Тоҷикистон ворид мешавад, давоми соли гузашта, дар пайи муноқишаи марзӣ ва басташавии марзҳо чӣ қадар коҳиш ёфт.
Масъулин зимни нишасти матбуотӣ қайд карданд, ки содироти мол 43 дарсад коҳиш ёфтааст.
“Барои мисол, содироти пиёз 1815, ангур 142, олуча, гелос, зардолу, шафтолу 1845 тонна нисбат ба соли 2020 аз Суғд ба Қирғизистон кам содир шудааст” – гуфт сардори Идораи омор.
Бино ба гуфтаи ин манбаъ, дигар намуди нишондиҳандаҳои содиротӣ, аз ҷумла интиқоли қувваи барқ, доруворӣ, маҳсулоти пластикӣ, равуои автомобилҳои боркаш, содироти дучархаҳо, аробачаҳои бачагона, мебел ва қисмҳои он низ коҳиш ёфтааст.
Сардори Раёсати омор дар вилояти Суғд дар бораи кам шудани воридоти 56,8-дарсадии мол аз ин кишвар ба Тоҷикистон низ ишора кард.
Сардори идораи омор таъкид намуд, ки дар ин давра коҳиши ҳаҷми молҳои воридотӣ аз Қирғизистон назар ба содирот дида бештар будааст.
“Барои мисол, тухми офтобпараст 1046, маҳсулотҳои қаннодӣ ва макаронӣ 868, ангишт 10,5 ҳазор, нафти хом 6177, маҳсулоти нафтӣ 100144, нуриҳои минералӣ 6111, воситаҳои шустушӯӣ 650 тон, чӯбу тахта 100545 тонна кам ворид шудааст” - гуфт Накҳатзода.
Бар пояи маълумоти оморӣ, соли 2021 ҳаҷми гардиши савдо миёни вилояти Суғд ва Қирғизистон дар маҷмуъ 25, 1 миллион долларро ташкил намудааст, ки аз ин 3,3 миллион доллар ба содирот ва 21, 8 миллион доллари дигар ба воридот рост меояд.
Дар ин давра коҳиши содирот нисбат ба як соли қаблӣ 43% ва дар мисоли воридот 56, 8% гуфта мешавад.
Дар ҳамин ҳол масъулони идораи омори Суғд дар бораи афзоиши гардиши мол миёни вилояти Суғд бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон хабар доданд.
Тибқи омори расмӣ, ҳаҷми гардиши савдо миёни вилояти Суғди Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон давоми соли 2021 ба 207,7 миллион доллар баробар шудааст. Ҳиссаи содирот 63% ва воридот 144% муҳосиба шудааст.
Содирот нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 114,7% зиёд шудааст.
Дар умум нисбат ба соли гузашта ҳаҷми гардиши савдо миёни Суғди Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ба 1,5 баробар бештар шудааст.
Суғд аз вилоятҳои ҳаммарзи Тоҷикистон бо Қирғизистон маҳсуб мешавад. Шаҳру навоҳии Исфара, Бобоҷон Ғафуров, Ҷаббор Расулов ва ноҳияи Деваштиҷи Суғд бо шаҳру навоҳии Қирғизистон марзи муштарак доранд.
Танишу созиши апрелӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон 28 апрел дар пайи як баҳс сари дарғоти “Головной” шиддат гирифта, 29 апрел ба даргирии мусаллаҳона миёни низомиёни ду кишвар печид.
Теъдоди қурбониён аз ҳарду тараф беш аз 55 нафарро ташкил медиҳад.
Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, ки дар пайи муноқишаи мусаллаҳонаи марзӣ 87 тан захмӣ шуда, 19 нафар ба ҳалокат расидаанд. Қирғизистон аз ҳалокати 36 шаҳрвандаш дар ин даргирӣ хабар дод.
Муноқишаи январӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Даргирии ахири миёни Тоҷикистону Қирғизистон 27 январ рух дод. Душанбею Бишкек ҳамдигарро дар ташаннӯҷи вазъ ва оғози тирпаронӣ муттаҳам мекунанд.
Расман мақомоти Тоҷикистонто 28 январ теъдоди кушташудагони даргирии ахирро 2 нафари мулкӣ гуфта, афзуданд, ки 10 нафар, аз ҷумла6 низомию 4 мулкӣ маҷруҳ гардидаанд.
Ҷониби Қирғизистон шумори захмиёнашро 12 нафар гуфтааст, ки ҳамаашон низомӣ буда, талафоти ҷонӣ дар инкишвар бар асари ин ҳаводис сабт нашудааст.
Баъдан Қирғизистонва Тоҷикистон дар бораи оташбаси комил дар марз ва ҳамчунин дар бораи хуруҷи нерӯҳои изофӣ ва техника ба ҷойҳои мустақар ба мувофиқа расиданд.
Аз моҳи май ба ин тараф ҷониби Қирғизистон яктарафа марзаш бо Тоҷикистонро баст.
Рӯзи 19 феврал дар марзи миёни ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва ноҳияи Лайлак зери роҳбарии раисони ин ду ноҳия аз ҳар ду ҷониб мардум сари як дастархон ҳамроҳ бо ҳам нишастанд ва “оши оштӣ” хӯрданд.
Дар ин дидори деринтизор, ки умдатан мӯйсафедони ҳар ду ҷониб изҳор кардаанд, ки сулҳу дӯстӣ барқарор гардад ва марзҳо боз шаванд.
“Дар як соли ахир, ки марзҳо баста аст ин ҳол мардумро, яъне онҳоро рӯҳафтода кардааст”, - изҳор намудаанд муйсафедон.
Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 980 километр марзи муштарак доранд, ки феълан ҳудуди 519 километри он муайян шудааст. Номуайянии қисматҳои боқимондаи марз мунтазам боиси муноқиша дар сарҳад мешавад, ки баъзан ба хунрезӣ мепечад.
Феълан вазъи марз миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон ором аст.
Рӯзи 7 феврал Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон оид ба аломатгузории марз ба кори худ шурӯъ кард.