Қирғизистон шаҳрванди 28-солаи Тоҷикистонро боздошт кард

© Sputnik / Табылды КадырбековСотрудник пограничной службы КР на границе с Таджикистаном. Архивное фото
Сотрудник пограничной службы КР на границе с Таджикистаном. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.02.2022
Обуна шудан
Шаҳрванди 28-солаи Тоҷикистонро кормандони КДАМ Қирғизистон боздошт намудаанд ва сабаби дастгир карданашро ба пешниҳоди пора рабт доданд
ДУШАНБЕ, 15 фев — Sputnik. Кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон шаҳрванди Тоҷикистон Ч.М.-ро барои додани пора ба як мансабдор боздошт карданд, хабар медиҳад хадамоти матбуотии ин ниҳод.
Манбаъ меафзояд, зимни санҷиш маълум гардидааст, ки шаҳрванди 28-солаи Тоҷикистон бидуни ягон иҷозатнома ба фаъолияти меҳнатӣ дар Қирғизистон машғул будааст.
Мавсуф аз моҳи июли соли 2019 дар қаламрави Қирғизистон қарор доштааст.
Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Қирғизистон "Дар бораи муҳоҷират", шаҳрванди хориҷӣ бояд иҷозатномаи кор гирад.
Гуфта мешавад, рӯзи 9 феврал шаҳрванди Тоҷикистон ба КДАМ Қирғизистон даъват шуда, изҳор доштааст, ки дар яке аз марказҳои савдо дар шаҳри Бишкек бидуни муҷаввиз кор мекунад ва хоҳиш намудааст, ки бар ивази гирифтани маблағ ӯро аз қаламрави ин кишвар ихроҷ накунанд.

"Кормандони КДАМ рӯзи 11 феврал ӯро ҳангоми додани як қисми маблағ ба сифати пора боздошт карданд", - омадааст дар хабар.

Феълан нисбати ин тоҷикистонӣ тибқи моддаи 345-и Кодекси ҷиноятии Қирғизистон парванда боз шудааст ва тафтишот идома дорад.
Ёдовар мешавем, қаблан ин кишвар ду шаҳрванди Тоҷикистонро боздошт ва нахуст онҳоро ба ҳукми абад равона кард. Вале баъдан додгоҳи ноҳияи Бодканди Қирғизистон ҳукми ҳабси абади ду шаҳрванди Тоҷикистонро бознигарӣ намуд ва ҳамакнун онҳо ба 20 соли маҳрумият аз озодӣ ҳукм шуданд.
Қирғизистон ҳукми абади ду тоҷикро ба 20 соли зиндон тағйир дод
Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 980 километр марзи муштарак доранд, ки танҳо 520 километри он аломатгузорӣ шудааст. Номуайянӣ дар марз то ин вақт борҳо сабаби муноқишаи шаҳрвандони ду кишвар шудааст.
Лентаи хабарҳо
0