https://sputnik.tj/20220216/oghozi-kori-guruhhoi-korii-hukumati-tojikiston-qirghiziston-1045914250.html
Оғози кори гурӯҳҳои кории топографии ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон
Оғози кори гурӯҳҳои кории топографии ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон
Sputnik Тоҷикистон
Дар Бодканд ҷаласаи гурӯҳҳои кории топографии ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон баргузор гардид
2022-02-16T09:50+0500
2022-02-16T09:50+0500
2022-02-16T13:21+0500
вазъ дар марзи тоҷикистону қирғизистон
дар тоҷикистон
қирғизистон
марз
музокирот
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/10/1045914053_0:90:860:574_1920x0_80_0_0_57f46a135a1208225f745c990c6aca69.jpg
ДУШАНБЕ, 16фев — Sputnik. Тибқи мувофиқаи тарафҳо, аз 10 то 15 феврали соли 2022 дар шаҳри Бодканди вилояти Бодканди Қирғизистон ҷаласаи навбатии гурӯҳҳои кории топографии ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон дар мавриди делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон баргузор гардид.Дар ин бора Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон хабар додааст.Тибқи иттилои манбаъ, тарафҳо роҷеъ ба гузариши хатти сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон дар қитъаҳои боқимонда табодули афкор намуда, ба мувофиқа расиданд, то муҳокимаро дар мулоқоти навбатӣ, ки дар қаламрави Тоҷикистон баргузор мешавад, идома диҳанд.Гуфта шудааст, ки вохӯрӣ дар фазои дӯстона ва рӯҳияи ҳамдигарфаҳмӣ гузашт.Ёдовар мешавем, чанде пеш мақомоти Қирғизистон хабар доданд, ки мақомоти Тоҷикистон ва Қирғизистон қасд доранд, масъалаи марзро бидуни ширкати ҷониби сеюм ҳал кунанд.Ба гуфтаи ӯ, ҷонибҳо ҳоло ройзаниҳо дар бораи аломатгузории қитъаи умумии марзиро аз сар гирифтаанд.Қаблан дабири кулли Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ Станислав Зас таъкид карда буд, ки Тоҷикистону Қирғизистон тавоноии баррасии зуди ҳаводис ва коҳиши таниш дар марзро нишон медиҳанд.Ҳамчунин Микоил Агасандян, намояндаи доимии Федератсияи Русия дар СПАД гуфтааст, ки ин созмон омодааст, ба Бишкек ва Душанбе ҳар вақт кумак кунад, то дар миёни онҳо ҳодисаҳои нав рух надиҳад.Охирин танишу созиши баҳси марзӣЁдовар мешавем, ки рӯзи 27 январ дар наздикии рустои Хоҷаи Аъло дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон даргирии навбатии мусаллаҳона рух дод.Бино ба иттилоъи Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, гурӯҳе аз шаҳрвандони Қирғизистон мошини як шаҳрванди Тоҷикистонро, ки ба сӯи рустои Сомониёни ноҳияи Исфара рег мебурд, боздоштанд.Баъди ин дар ду тарафи марз сокинони маҳаллӣ ҷамъ шуданд. Ҳамааш аз партоби санг оғоз шуда, баъдан муноқиша ба ҷанги мусаллаҳона табдил ёфт.Ба гуфтаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон, сабаби муноқиша баста шудани қитъаи шоҳроҳи Бодканд-Исфана будааст.Тибқи иттилои расмӣ, дар ҷараёни даргирӣ 10 шаҳрванди Тоҷикистон захмӣ шуда, 2 нафар низ кушта шудаанд. Мақомоти Қирғизистон бошанд, дар бораи 13 захмӣ хабар доданд.Баъдан Қирғизистон ва Тоҷикистон дар бораи оташбаси комил дар марз ва ҳамчунин дар бораи хуруҷи нерӯҳои изофӣ ва техникаи ба сарҳад ҷалбшуда ба ҷойҳои ҷойгиршавӣ ба мувофиқа расиданд.
https://sputnik.tj/20220209/tojikistonu-qirghiziston-marzir-mustaqilona-hal-1045674161.html
https://sputnik.tj/20220207/qyrgyzstan-zamon-makon-muzokiroti-tajikistan-1045570943.html
қирғизистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/10/1045914053_19:0:860:631_1920x0_80_0_0_9fd6c26f9dd4f6ff6ba2d1e8c6ee4d8a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, қирғизистон, марз, музокирот, ҷаласа, гурӯҳи корӣ
тоҷикистон, қирғизистон, марз, музокирот, ҷаласа, гурӯҳи корӣ
Оғози кори гурӯҳҳои кории топографии ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон
09:50 16.02.2022 (Навсозишуда: 13:21 16.02.2022) Дар Бодканд ҷаласаи гурӯҳҳои кории топографии ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 16фев — Sputnik. Тибқи мувофиқаи тарафҳо, аз 10 то 15 феврали соли 2022 дар шаҳри Бодканди вилояти Бодканди Қирғизистон ҷаласаи навбатии гурӯҳҳои кории топографии ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон дар мавриди делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон баргузор гардид.
Дар ин бора Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон хабар додааст.
Тибқи иттилои манбаъ, тарафҳо роҷеъ ба гузариши хатти сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон дар қитъаҳои боқимонда табодули афкор намуда, ба мувофиқа расиданд, то муҳокимаро дар мулоқоти навбатӣ, ки дар қаламрави Тоҷикистон баргузор мешавад, идома диҳанд.
Гуфта шудааст, ки вохӯрӣ дар фазои дӯстона ва рӯҳияи ҳамдигарфаҳмӣ гузашт.
Ёдовар мешавем, чанде пеш мақомоти Қирғизистон хабар доданд, ки мақомоти Тоҷикистон ва Қирғизистон қасд доранд, масъалаи марзро бидуни ширкати ҷониби сеюм ҳал кунанд.
“Сарҳад танҳо вақте эътироф мешавад, ки ҳар ду ҳамсоя розӣ бошанд. Дар ҷараёни сафар ба Пекин раисони ҷумҳуриҳои кишварҳои мо дастур доданд, ки дар ин замина музокирот оғоз шавад. Ҳар ду президент ба мувофиқа расиданд, ки онҳо метавонанд дар бораи сарҳад бидуни ҷониби сеюм мувофиқат кунанд",- гуфт сарвазири Қирғизистон.
Ба гуфтаи ӯ, ҷонибҳо ҳоло ройзаниҳо дар бораи аломатгузории қитъаи умумии марзиро аз сар гирифтаанд.
Қаблан дабири кулли Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ Станислав Зас таъкид карда буд, ки Тоҷикистону Қирғизистон тавоноии баррасии зуди ҳаводис ва коҳиши таниш дар марзро нишон медиҳанд.
Ҳамчунин Микоил Агасандян, намояндаи доимии Федератсияи Русия дар СПАД гуфтааст, ки ин созмон омодааст, ба Бишкек ва Душанбе ҳар вақт кумак кунад, то дар миёни онҳо ҳодисаҳои нав рух надиҳад.
Охирин танишу созиши баҳси марзӣ
Ёдовар мешавем, ки рӯзи 27 январ дар наздикии рустои Хоҷаи Аъло дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон даргирии навбатии мусаллаҳона рух дод.
Бино ба иттилоъи Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, гурӯҳе аз шаҳрвандони Қирғизистон мошини як шаҳрванди Тоҷикистонро, ки ба сӯи рустои Сомониёни ноҳияи Исфара рег мебурд, боздоштанд.
Баъди ин дар ду тарафи марз сокинони маҳаллӣ ҷамъ шуданд. Ҳамааш аз партоби санг оғоз шуда, баъдан муноқиша ба ҷанги мусаллаҳона табдил ёфт.
Ба гуфтаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон, сабаби муноқиша баста шудани қитъаи шоҳроҳи Бодканд-Исфана будааст.
Тибқи иттилои расмӣ, дар ҷараёни даргирӣ 10 шаҳрванди Тоҷикистон захмӣ шуда, 2 нафар низ кушта шудаанд. Мақомоти Қирғизистон бошанд, дар бораи 13 захмӣ хабар доданд.
Баъдан Қирғизистон ва Тоҷикистон дар бораи оташбаси комил дар марз ва ҳамчунин дар бораи хуруҷи нерӯҳои изофӣ ва техникаи ба сарҳад ҷалбшуда ба ҷойҳои ҷойгиршавӣ ба мувофиқа расиданд.