https://sputnik.tj/20220209/tojikistonu-qirghiziston-marzir-mustaqilona-hal-1045674161.html
Зас: Тоҷикистону Қирғизистон қодиранд, масъалаи марзиро мустақилона ҳал кунанд
Зас: Тоҷикистону Қирғизистон қодиранд, масъалаи марзиро мустақилона ҳал кунанд
Sputnik Тоҷикистон
Станислав Зас қайд кард, ки ҳарду давлат тавоноии худро дар музокирот дар мавриди баҳсҳои марзӣ собит мекунанд
2022-02-09T15:10+0500
2022-02-09T15:10+0500
2022-02-09T16:59+0500
вазъ дар марзи тоҷикистону қирғизистон
дар тоҷикистон
қирғизистон
марз
даргирӣ
станислав зас
спад
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/10/1042306328_0:106:2048:1258_1920x0_80_0_0_e1e571ef3011ec04f4cbe91ba814af12.jpg
ДУШАНБЕ, 9 фев — Sputnik. Тоҷикистон ва Қирғизистон тавоноии коҳиши таниш дар марзро нишон доданд. Ин изҳороти дабири кулли Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ Станислав Зас дар ҳамоиши СПАД садо дод. Дабири кулли СПАД дар бораи ҳодисаҳои марзӣ, ки пайваста дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон рух медиҳанд, изҳори назар кард.Ба гуфтаи Зас, СПАД аз эҳёи кори комиссияи муштарак барои аломатгузории марзи байни давлатҳо ва дигар иқдомҳои муҳиме, ки имкони ҷилавгирӣ аз "даргириҳо" -и навро фароҳам мекунанд, истиқбол мекунад. Вай таъкид кард, ки тасмими посбонӣ дар манотиқи баҳсбарангез имкон медиҳад, ки аз даргирие дар миёни мардуми осоишта ва истифодаи силоҳ ҷилавгирӣ шавад. "Мо итминони комил дорем, ки ҳамаи ин масъалаҳо бояд бо роҳи осоишта ҳал мешаванд", - афзуд Зас.Муноқишаи январӣ дар марзи Тоҷикистону ҚирғизистонДаргирии ахири миёни Тоҷикистону Қирғизистон 27 январ рух дод. Душанбею Бишкек ҳамдигарро дар ташаннуҷи вазъ ва оғози тирпаронӣ муттаҳам мекунанд.Расман мақомоти Тоҷикистон то 28 январ теъдоди кушташудагони даргирии ахирро 2 нафари мулкӣ гуфта, афзуданд, ки 10 нафар, аз ҷумла 6 низомию 4 мулкӣ маҷруҳ гардидаанд. Бархе манобеи Sputnik Тоҷикистон теъдоди маҷруҳон аз ҷониби Тоҷикистонро 13 нафар мегӯянд.Тоҷикистон ва Қирғизистон 81 километр марзи дигарро мушаххас кардандҶониби Қирғизистон шумори захмиёнашро 12 нафар гуфтааст, ки ҳамаашон низомӣ буда, талафоти ҷонӣ дар ин кишвар бар асари ин ҳаводис сабт нашудааст.Баъдан Қирғизистон ва Тоҷикистон дар бораи оташбаси комил дар марз ва ҳамчунин дар бораи хуруҷи нерӯҳои изофӣ ва техника ба ҷойҳои қаблиашон ба мувофиқа расиданд. Рӯзи 7 феврал Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон дар умури аломатгузории марз ба кори худ шуруъ кард. Аз 10 то 15 феврал дар хоки Қирғизистон гуфтушуниди навбатии намояндагони мақомоти ду кишвар барпо мегардад. Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 980 километр марзи муштарак доранд, ки феълан ҳудуди 519 километри он муайян шудааст. Номуайянии қисматҳои боқимондаи марз мунтазам боиси муноқиша дар сарҳад мешавад, ки баъзан ба хунрезӣ мепечад.Ёдовар мешавем, ки дар ҳамоиши "Амнияти дастаҷамъӣ дар давраи нав: таҷриба ва дурнамои фаъолияти СПАД" дабири кулли СПАД Станислав Зас, муовинони вазирони корҳои хориҷии Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон ширкат доранд. Ин чорабинӣ дар Клуби мубоҳисавии байналмилалии "Валдай" баргузор мешавад.
https://sputnik.tj/20220207/qirghiziston-tojikiston-ighvoangezi-1045552791.html
https://sputnik.tj/20220207/qyrgyzstan-zamon-makon-muzokiroti-tajikistan-1045570943.html
қирғизистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/10/1042306328_116:0:1933:1363_1920x0_80_0_0_d7609f73e26bee825c754738570c66af.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
даргирӣ, марзӣ, қирғизистон, тоҷикистон
даргирӣ, марзӣ, қирғизистон, тоҷикистон
Зас: Тоҷикистону Қирғизистон қодиранд, масъалаи марзиро мустақилона ҳал кунанд
15:10 09.02.2022 (Навсозишуда: 16:59 09.02.2022) Станислав Зас қайд кард, ки ҳар ду давлат тавоноии худро ҳатто дар музокирот барои баҳсҳои марзӣ собит карданд
ДУШАНБЕ, 9 фев — Sputnik. Тоҷикистон ва Қирғизистон тавоноии коҳиши таниш дар марзро нишон доданд.
Ин изҳороти дабири кулли Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ Станислав Зас дар ҳамоиши СПАД садо дод.
Дабири кулли СПАД дар бораи ҳодисаҳои марзӣ, ки пайваста дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон рух медиҳанд, изҳори назар кард.
"Ҳоло ду давлати мо, Тоҷикистон ва Қирғизистон хоҳиши худро барои зуд ва мустақилона ҳал кардани ин ҳодисаҳо ва коҳиши ташаннуҷ изҳор мекунанд. Ин хуб аст... Албатта, сабабаш демаркатсия ва делимитатсияи нопурраи марзҳост", - гуфт ӯ.
Ба гуфтаи Зас, СПАД аз эҳёи кори комиссияи муштарак барои аломатгузории марзи байни давлатҳо ва дигар иқдомҳои муҳиме, ки имкони ҷилавгирӣ аз "даргириҳо" -и навро фароҳам мекунанд, истиқбол мекунад.
Вай таъкид кард, ки тасмими посбонӣ дар манотиқи баҳсбарангез имкон медиҳад, ки аз даргирие дар миёни мардуми осоишта ва истифодаи силоҳ ҷилавгирӣ шавад.
"Мо итминони комил дорем, ки ҳамаи ин масъалаҳо бояд бо роҳи осоишта ҳал мешаванд", - афзуд Зас.
Муноқишаи январӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Даргирии ахири миёни Тоҷикистону Қирғизистон 27 январ рух дод. Душанбею Бишкек ҳамдигарро дар ташаннуҷи вазъ ва оғози тирпаронӣ муттаҳам мекунанд.
Расман мақомоти Тоҷикистон то 28 январ теъдоди кушташудагони даргирии ахирро 2 нафари мулкӣ гуфта, афзуданд, ки 10 нафар, аз ҷумла 6 низомию 4 мулкӣ маҷруҳ гардидаанд. Бархе манобеи Sputnik Тоҷикистон теъдоди маҷруҳон аз ҷониби Тоҷикистонро 13 нафар мегӯянд.
Ҷониби Қирғизистон шумори захмиёнашро 12 нафар гуфтааст, ки ҳамаашон низомӣ буда, талафоти ҷонӣ дар ин кишвар бар асари ин ҳаводис сабт нашудааст.
Баъдан Қирғизистон ва Тоҷикистон дар бораи оташбаси комил дар марз ва ҳамчунин дар бораи хуруҷи нерӯҳои изофӣ ва техника ба ҷойҳои қаблиашон ба мувофиқа расиданд.
Рӯзи 7 феврал Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон дар умури аломатгузории марз ба кори худ шуруъ кард.
Аз 10 то 15 феврал дар хоки Қирғизистон гуфтушуниди навбатии намояндагони мақомоти ду кишвар барпо мегардад.
Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 980 километр марзи муштарак доранд, ки феълан ҳудуди 519 километри он муайян шудааст. Номуайянии қисматҳои боқимондаи марз мунтазам боиси муноқиша дар сарҳад мешавад, ки баъзан ба хунрезӣ мепечад.
Ёдовар мешавем, ки дар ҳамоиши "Амнияти дастаҷамъӣ дар давраи нав: таҷриба ва дурнамои фаъолияти СПАД" дабири кулли СПАД Станислав Зас, муовинони вазирони корҳои хориҷии Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон ширкат доранд.
Ин чорабинӣ дар Клуби мубоҳисавии байналмилалии "Валдай" баргузор мешавад.