Ҳатто пашша намегузарад. Таҳкими марзи Тоҷикистон дар қиболи таҳдидҳо аз Афғонистон

© Sputnik / Павел Бедняков / Гузариш ба медиабонкУчения сил ОДКБ в Таджикистане
Учения сил ОДКБ в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.02.2022
Обуна шудан
Тирандозии пай дар пайи тӯпҳо дар тамрингоҳи низомии Тоҷикистон ба ҷангҷӯёни афғон хотиррасон мекунанд, ки онҳо кафолати несту нобуд кардани шимоли Панҷ хоҳанд буд
Дар тамрингоҳи кӯҳии Самбули Тоҷикистон машқҳои тактикӣ бо тирандозии мустақими нерӯҳо ва воситаҳои пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Душанбе ва Бохтар идома доранд.
Тибқи нақшаи ягона воҳидҳои хумпораандоз, экипажҳои чархболҳои ҳамлавари Ми-24 ва чархболҳои чандманзураи Ми-8МТВ5-1, экипажҳои системаҳои мушакии дурпарвози С-300ПС амал мекунанд.
Ин комплекс метавонад дар ҳавопаймоҳо, чархболҳо ва дронҳои ба андозаи кабӯтар - дар баландии ҳадди аққал то 25 метр кор кунад. Як маҷмуаи зиддиҳавоии С-300 қодир аст, 36 ҳадафи аэродинамикиро бо 72 мушак нобуд созад.
Ба гузарондани амалиёти истихборотӣ дар навоҳии кӯҳсор ба муайян намудани максадҳои афзалиятнок диққати махсус дода мешавад. Рӯзи 15 феврал гранатомётчиён як корвони техникаи низомии "душман"-ро дар дараи кӯҳӣ бо истифода аз тири 40-миллиметрии силоҳҳои дастии зиддитанкӣ ва гранатомётҳои вазнини автоматии РПГ-7 ва АГС-17 нобуд карданд.
Боевики Талибана патрулируют район Вазир Акбар Хан в городе Кабул, Афганистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.02.2022
СПАД шумори ҷангҷӯён дар марзи Тоҷикистону Афғонистонро гуфтанд
Барои дастгирии тирандозони савора гурӯҳи ҳавоии 201 ҳадафҳои заминӣ дар баландиҳо зарбаҳои мушакӣ зад.
Ҳайати мушакҳои зиддиҳавоии С-300ПС асиргирӣ ва пайгирии ҳадафҳоро таҷриба карда, зарбаи ҳавоии душмани сохтаро дафъ мекунанд. Дар эпизодҳои машқ қисмҳои артиллерӣ ва танкӣ, мута-хассисони муҳофизат ва алоқаи Эн-Би-Си амал мекунанд.
Аз аввали сол машқҳои ҳарбӣ аз ҷониби пойгоҳи 201 ва воҳидҳои вобаста ба он тақрибан пайваста идома доранд. Ҳамин тариқ дар моҳи январ дар қаторкӯҳҳои Лоҳур ва Самбули машқҳои тактикӣ бо иштироки 1000 нафар низомӣ баргузор шуданд.
Қисмҳои савораи тирандоз бо дастгирии артиллерия ва ҷузъу томҳои ҳавоӣ бо истифода аз системаҳои истихборотии зарбазан амалиёти мудофиавӣ ва хуҷумро машк мекарданд.
Дар пасманзари нооромиҳои Афғонистон фаъолияти низомии Русия дар наздикии марзҳои ҷанубии минтақаи амниятии СПАД ва таҳкими пойгоҳи 201 комилан асоснок, зарурӣ ва кофӣ аст.
Пас аз интиқоли қудрат дар Афғонистон ба дасти толибон дар моҳи августи соли 2021 пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон бо силоҳ ва имконоти иловагӣ пурра карда шуд: 30 танки муосири Т-72Б3М, БМП-2М ва БТР-82А ва “Корнет”, системаҳои мушакии идорашавандаи танкӣ, комплексҳои зиддиҳавоии "Верба", тактирандозҳои АСВК-М "Корд", туфанги таҳоҷумии АК-12, шуълаафканҳои вокунишии пиёданизом бо бурд ва қудрати афзоишёфта, таҷҳизоти логистикӣ ва пуштибонии фаннӣ.

Артиши нави толибон

14 феврал сардори Ситоди кулли артиши Иморати Исломии Афғонистон Қорӣ Фасеҳуддин Фитрат эълом дошт, ки 10 ҳазор ҷангҷӯи муҷаҳҳаз бо аслиҳа ва таҷҳизоти замонавии истеҳсоли ИМА ва НАТО ба вилоятҳои шимолии Афғонистон, наздики Тоҷикистону Ӯзбекистон фиристода шудаанд. Ва ӯ таъкид кард:
"Дар кӯтоҳтарин фурсат ҳавопаймоҳои ҷангӣ омода мешаванд ва аз ин нерӯи тавоно пуштибонӣ хоҳанд кард".
Барои саркӯби муқовимати ҳизбӣ ё гурӯҳҳои террористии бо ҳам рақобаткунанда дар вилоятҳои шимолӣ ба вуҷуд овардани мувозинати ҳарбӣ бо кишварҳои ҳамсояи Осиёи Марказӣ ин нерӯҳо кофӣ нестанд.
Аммо худи ҳамон рӯз намояндаи расмии Вазорати дифои Толибон Иноятуллоҳ Хоразмӣ дар бораи таъсиси артиши нави миллии иборат аз 150 000 ҷангҷӯ хабар дод.
Пас аз расидан ба ҳадаф гурӯҳҳои мусаллаҳи толибон аз ҷиҳати шумора аз артиши муттаҳидаи Тоҷикистон (9500 нафар), Узбекистон (55000), Қазоқистон (45000) ва Қирғизистон (12000) пеш хоҳанд рафт. Иёлоти Муттаҳида ва НАТО дар Афғонистон беш аз ҳадди кофии силоҳ гузоштанд: то моҳи августи соли 2021 шумораи умумии нерӯ дар сохторҳои қудратии ҶИА ба 352 ҳазор нафар расид, ки артиш 190 ҳазори онҳоро шомил мешавад.
Генеральный секретарь Организации Договора о коллективной безопасности Станислав Зась - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.01.2022
Дабири кулли СПАД аз зарурати кумак ба Тоҷикистон гуфт
Дурнамои таъсиси артиши нави толибон дар Осиёи Марказӣ нигаронкунанда аст. Намояндагони ҳукумати нави Кобул, ки онро касе дар ҷаҳон эътироф накардааст, одату маҳорати чандинсола доранд, ки ҳамаи проблемаҳоро бо қувваи яроқ ҳал кунанд.
Дар марказҳои низомӣ аллакай 90 000 номзад сабти ном шудаанд, аммо толибон ба кадрҳои омӯзонидашуда ниёз доранд. Вазорати дифои "иморат" ба мутахассисони ҳарбӣ пешниҳод мекунад, ки ба ҷойҳои кории худ баргарданд.
Дар нақшаи ҷудогона бозгашти ҳавопаймоҳои низомӣ аз хориҷи кишвар пешбинӣ шудааст, ки дар моҳи августи соли 2021 халабонони нерӯҳои ҳавоии ҳукумати амрикоии Ашраф Ғанӣ фирор карда буданд.
То имрӯз Душанбеву Тошканд дархостҳои "ҳамсояҳо"-ро нодида гирифта, намехоҳанд ба он ҳавопаймову чархбол бидиҳад. Мушаххас нест, вале комилан имконпазир аст, ки артиши 150-ҳазорнафарии толибон дари Осиёи Марказиро кӯбад.
Хезишҳои ахир ва кӯшиши табаддулоти давлатӣ дар Қазоқистон бо ширкати ҷангҷӯёни Афғонистон СПАД-ро маҷбур кард, ки қатъиян ва сахтгирона амал кунад. Буҳрон дар Қазоқистон аввалин санҷиши пурраи самаранокии мубориза ва механизми амнияти дастаҷамъӣ буд.
Брифинг официального представителя МИД России М. Захаровой - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.01.2022
Захарова: СПАД дар оянда як сохтори калидӣ дар ҷаҳон хоҳад шуд
Шӯрои Федератсияи Русия (палатаи болоии парлумон) барои оянда ва самаранокии бештари нерӯҳои вокуниши сареи СПАД пешниҳод кардааст, ки тасмим дар бораи истифодаи нерӯҳои ин созмонро бидуни талафи вақт барои ҳамоҳангсозӣ дар парлумонҳои миллӣ ба ихтиёри президентҳо вогузорад.

Ҳамсояи номеҳрубон

Бешубҳа, Афғонистон дар муддати тӯлонӣ омили нооромкунандаи субот барои кишварҳои ҳамсояаш боқӣ мемонад. Кишварҳои нисбат ба СПАД бетараф, Ӯзбекистон ва Туркманистон нисбат ба дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ бештар ба хатарҳо дучор мешаванд.
Барои мисол, кормандони гумруки Узбакистон дар дидбонгоҳи марзии Ойбек, дар вилояти Тошканд рӯзи 15 феврал як бастаи бузурги ҳероин - ҳудуди 230 килоро кашфу мусодира карданд. Мошини борбари маводи мухаддир аз Тоҷикистон ба Русия транзитӣ будааст.
Встреча российских миротворцев ОДКБ на аэродроме Иваново-Северный - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.01.2022
Матвиенко: СПАД аъзояшро аз инқилобҳои ранга ҳимоят мекунад
Барои интиқоли маводи мухаддир ба Аврупои Ғарбӣ, ки арзиши 250 кг ҳероин ҳудуди 14 миллион долларро ташкил медиҳад, “масири шимолӣ” аз қаламрави Узбакистон мегузарад.
Аз ин бармеояд, ки толибон дар Кобул қочоқи маводи мухаддири Афғонистонро назорат намекунанд ва ё мисли пештара аз “иқтисоди ҳероин” пул ба даст оварда, ба киштзорҳои хашхош ва яклухтфурӯшони маводи мухаддир “андоз” таъйин менамоянд.
Чунин ба назар мерасад, ки барои толибон даргир шудан бо СПАД фоидаовар нест.
Схема ва масири қочоқчиёни байналмилалии маводи мухаддир барои паҳншавии ҳуҷайраҳои ифротӣ аз Афғонистон ба кишварҳои ИДМ замина фароҳам меорад.
Хоҳиши толибон барои ба роҳ мондани назорати мутлақи Панҷшер ҳатман боиси афзоиши ҷараёни гурезаҳо (тоҷикони қавмӣ) мегардад, ки зери ниқоби онҳо ҷангҷӯёни мусаллаҳ метавонанд ба Осиёи Марказӣ ворид шаванд.
Солдат вооруженных сил Таджикистана на границе с Афганистаном, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.02.2022
Тоҷикистон омодааст, ба ҳама таҳдидҳои ношӣ аз вазъи Афғонистон посух диҳад
Дабири кулли СПАД Станислав Зас қаблан аз афзоиши таҳдидҳои террористӣ дар заминаи буҳрони иҷтимоиву иқтисодӣ ва фалокати башардӯстона дар Афғонистон хабар дода буд: “Гурӯҳҳо, созмонҳои террористӣ ва қочоқи маводи мухаддир ҳамчун яке аз манобеи зинда мондани мардум фаъолтар мешаванд. Мо ин ҳолатро ба инобат гирифта, ният дорем, ки минбаъд низ ба таҳкими сарҳади Тоҷикистону Афғонистон таваҷҷуҳи бештар зоҳир кунем".
Дар қаламрави Тоҷикистон ба зудӣ машқҳои густурдаи нерӯҳои СПАД - "Сарҳад-2022" ва дар минтақа тамринҳои муштараки "Ҷустуҷӯ", "Эшелон", "Таъсири мутақобила", "Бародарии фанонопазир-2022" баргузор мешаванд.
Новобаста аз он ки вазъи низомию сиёсӣ дар Афғонистон чӣ гуна мешавад, Русия ва дигар кишварҳои СПАД ба унвони кафили сулҳу субот дар Осиёи Марказӣ боқӣ мемонанд.
Ба канали шореҳи низомӣ Александр Хроленко дар "Telegram" пайвандед.
Лентаи хабарҳо
0