Дабири кулли СПАД аз зарурати кумак ба Тоҷикистон гуфт

© Пресс-служба Президента ТаджикистанаГенеральный секретарь Организации Договора о коллективной безопасности Станислав Зась
Генеральный секретарь Организации Договора о коллективной безопасности Станислав Зась - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.01.2022
Обуна шудан
Бо таваҷҷуҳ ба вазъи ноустувор дар минтақа ва таҳдидҳое, ки аз Афғонистон бармеояд, СПАД гуфтааст, ки ба Тоҷикистон кумак хоҳанд кард
ДУШАНБЕ, 20 янв — Sputnik. Зарурати кумак ба Тоҷикистон дар ҷилавгирӣ аз таҳдидҳои эҳтимолиро дабири кулли Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) Станислав Зас изҳор дошт. Дар ин бора дар ҷаласаи Кумитаи Думаи давлатии Русия дар умури ИДМ, ҳамгироии Авруосиё ва равобит бо ҳамватанон сухан рафт.
Зас зимни суханронӣ дар Думаи давлатӣ ба вакилон аз вазъи минтақаҳои Аврупои Шарқӣ, Қафқоз ва Осиёи Марказӣ амнияти коллективии СПАД иттилоъ дод.

"Станислав Зас таҳдидҳоеро, ки аз қаламрави Афғонистон бармеоянд, шарҳ дода, ҳамчунин бар зарурати кумак ба Тоҷикистон дар ҷилавгирӣ аз таҳдидҳои эҳтимолӣ таъкид кардааст", - омадааст дар иттлоия.

Дабири кулли СПАД бо таваҷҷуҳ ба кори нерӯҳои посдори сулҳи СПАД дар Қазоқистон дахл карда, ҳузури онҳоро барои ба эътидол овардани вазъ дар ин кишвар ҳалкунанда арзёбӣ кард.
Вай таъкид кард, ки дар натиҷаи ин амалиёт дар миёни ҳайати шахсӣ, аслиҳа ва техникаи низомӣ талафот ба мушоҳида нарасидааст.
Брифинг официального представителя МИД России М. Захаровой - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.01.2022
Захарова: СПАД дар оянда як сохтори калидӣ дар ҷаҳон хоҳад шуд
Қаблан Мария Захарова, намояндаи Вазорати хориҷаи Русия изҳор дошта буд, ки дар пасманзари бесуботии ҷаҳонӣ дар минтақа нақши СПАД афзоиш хоҳад ёфт.
Ба гуфтаи вай, СПАД ҳамчун сохтори калидии таъмини амнияту субот рӯз то рӯз қавитар мешавад.
Ёдовар мешавем, пас аз эътирозҳои оммавӣ, ки дар Қазоқистон дар авоили моҳи январ оғоз шуданд, дар ин кишвар ғоратгарӣ сурат гирифт, муътаризон ба ниҳодҳои давлатӣ ҳамла карда, силоҳҳои низомиёнро гирифтанд.
Президенти Қазоқистон барои рафъи хатари террористӣ ба СПАД муроҷиат кард. Шӯрои амнияти дастаҷамъии СПАД тасмим гирифт, ки то ба эътидол омадани вазъ нерӯҳои дастаҷамъии посдори сулҳи ин созмонро ба Қазоқистон фиристад.
Встреча российских миротворцев ОДКБ на аэродроме Иваново-Северный - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.01.2022
Матвиенко: СПАД аъзояшро аз инқилобҳои ранга ҳимоят мекунад
Дар маҷмуъ ба қаламрави Қазоқистон наздик ба 4000 сарбоз ворид шуд, ки се ҳазор аз нерӯҳои низомии Русия, 500 тан аз Белорусия ва мутаносибан 150 ва 100 нафар низомӣ аз Қирғизистону Арманистон буданд.
Дар навбати худ Тоҷикистон 200 нафар нерӯи посдори сулҳро ба ин кишвар фиристод.
Вазифаи асосии сулҳбонон дар Қазоқистон ҳимояти объектҳои муҳимти стратегӣ ва расондани ёрӣ ба нерӯҳои қазоқ дар ҷиҳати ҳифзи тартибот дар кӯчаҳо буд.
Лентаи хабарҳо
0