Захарова: СПАД дар оянда як сохтори калидӣ дар ҷаҳон хоҳад шуд

© Пресс-служба МИД РФ / Гузариш ба медиабонкБрифинг официального представителя МИД России М. Захаровой
Брифинг официального представителя МИД России М. Захаровой - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.01.2022
Обуна шудан
Ба гуфтаи сухангӯи Вазорати хориҷаи Русия, талабот ба талошҳои СПАД афзоиш хоҳад ёфт
ДУШАНБЕ, 20 янв — Sputnik. Дар пасманзари бесуботии ҷаҳонӣ дар минтақа нақши Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) афзоиш хоҳад ёфт. Дар ин бора Мария Захарова, намояндаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Русия дар брифинги ҳафтаинааш изҳор дошт.
Вай қайд кард, ки СПАД ҳамчун сохтори калидии таъмини амнияту субот рӯз то рӯз қавитар мегардад.

"Албатта, дар шароити идомаи бесуботии ҷаҳонӣ, густариши низоъҳои минтақаӣ нақш ва талабот ба талошҳои СПАД афзоиш хоҳад ёфт", - таъкид кард Захарова.

Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ 6 кишварро шомил мешавад: Арманистон, Беларус, Қирғизистон, Русия, Қазоқистон ва Тоҷикистон.
Вазифаи аввалиндараҷаи СПАД "ҳифозати фазои ҳудудию иқтисодии кишварҳои ширкаткунандаи ин паймон бо талошҳои муштараки артишҳо" мебошад.
Қаблан Валентина Матвиенко, раиси Шӯрои Федератсия гуфта буд, ки дар сурати талош барои оғози "инқилоби ранга" дар яке аз кишварҳои узви СПАД созмон аз ин давлат ҳимоят хоҳад кард.
Встреча российских миротворцев ОДКБ на аэродроме Иваново-Северный - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.01.2022
Матвиенко: СПАД аъзояшро аз инқилобҳои ранга ҳимоят мекунад
Вай ҳамчунин қайд кард, ки СПАД ҷиддияти худро ҳамчун созмон собит кардааст ва кишварҳои дигар бояд бо қудрати иттиҳод қоил шаванд.
Ёдовар мешавем, дар Қазоқистон авоили моҳи январи соли 2022 дар пасманзари бетартибиҳои оммавӣ, ки баъдан бо ғорат ва ҳамла ба ниҳодҳои давлатӣ ба табдил ёфт, раисиҷумҳури ин кишвар Қосим-Ҷомарт Тоқаев хостори истиқрори нерӯҳои низомии СПАД ба қаламрави ин давлат шуд.
Бо талоши нерӯҳои ҳифзи ҳуқуқи миллӣ ва бо ёрии қувваҳои сулҳпарвар муяссар шуд, ки дар ин кишвар субот таъмин шавад.
Нерӯҳои сулҳбон дар ин кишвар муҳимтарин биноҳоро нигоҳбонӣ мекарданд. Хурӯҷи нерӯҳо аз ин кишвар 19 январ поён ёфт.
Лентаи хабарҳо
0