https://sputnik.tj/20220210/spad-jangjuyon-marz-tojikiston-afghoniston-1045717174.html
СПАД шумори ҷангҷӯён дар марзи Тоҷикистону Афғонистонро гуфтанд
СПАД шумори ҷангҷӯён дар марзи Тоҷикистону Афғонистонро гуфтанд
Sputnik Тоҷикистон
Дар Афғонистон дар наздикии марзи давлатӣ бо Тоҷикистон беш аз 40 пойгоҳ ва лагерҳои омӯзишии террористӣ фаъолият дорад
2022-02-10T15:50+0500
2022-02-10T15:50+0500
2022-02-10T19:45+0500
дар тоҷикистон
афғонистон
марз
спад
террористон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/12/1041711303_0:0:3073:1728_1920x0_80_0_0_fca9a2ab2862121135cb219d3cd0c1f4.jpg
ДУШАНБЕ, 10 фев — Sputnik. Беш аз 5000 ҷангҷӯ дар қаламрави Афғонистон, дар наздикии марз бо Тоҷикистон мутамаркиз шудаанд. Дар ин бора раиси Ситоди муштараки СПАД Анатолий Сидоров зимни як нишасти хабарӣ иттилоъ дод.Вай афзуд, дар айни замон толибон артиши муқаррарии иборат аз тақрибан 150 000 нафарро ташкил медиҳанд. Ба гуфтаи ӯ, созмонҳои байналмилалии ғайридавлатӣ мегӯянд, дар ин кишвар маводи ғизоӣ, колоҳои зарурӣ, камбуди доруворӣ ва нарасидани мутахассисони варзида дар ҳама бахшҳо низ мушоҳида мешавад. Номбурда гуфт, созмонҳои башардӯстона тахмин мезананд, ки беш аз 23 миллион шаҳрванди Афғонистон дар зимистони соли 2022 бо норасоии шадиди ғизо рӯ ба рӯ хоҳанд шуд ва беш аз 3 миллион кӯдак гуруснагӣ хоҳанд дошт.Қаблан раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ даъват карда буд, ки барои ҳифзи марз бо Афғонистон муттаҳид шаванд. Ба гуфтаи ӯ, ҳифзи марз бо Афғонистон ҳамкориҳои густурдаи кишварҳои тамоми минтақаро тақозо мекунад. Ӯ ҳамчунин хостори таъсиси "камарбанди амниятӣ" дар атрофи Афғонистон шуд, зеро дар ин кишвар амалиёти ҷангҷӯёни созмонҳои мухталифи террористӣ шиддат мегирад.Вазири дифои Русия Сергей Шойгу гуфт, бесуботии сиёсӣ дар Афғонистон хатари вуруди террористон ва афзоиши қочоқи маводи мухаддир дар кишварҳои Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъиро афзоиш медиҳад. Тӯли марзи Тоҷикистону Афғонистон 1344,15 километрро ташкил медиҳад.
https://sputnik.tj/20220110/hushdor-rahmon-marz-gila-qabul-1044677688.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/12/1041711303_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_98102a61a209152f283db0423b71ea81.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
спад ҷангҷӯён марз тоҷикистон афғонистон
спад ҷангҷӯён марз тоҷикистон афғонистон
СПАД шумори ҷангҷӯён дар марзи Тоҷикистону Афғонистонро гуфтанд
15:50 10.02.2022 (Навсозишуда: 19:45 10.02.2022) Дар Афғонистон, дар наздикии марзи давлатӣ бо Тоҷикистон беш аз 40 пойгоҳ ва лагерҳои омӯзишии террористӣ фаъолият мекунад
ДУШАНБЕ, 10 фев — Sputnik. Беш аз 5000 ҷангҷӯ дар қаламрави Афғонистон, дар наздикии марз бо Тоҷикистон мутамаркиз шудаанд.
Дар ин бора раиси Ситоди муштараки СПАД Анатолий Сидоров зимни як нишасти хабарӣ иттилоъ дод.
"Дар наздикии марзи давлатӣ бо Тоҷикистон беш аз 40 пойгоҳ ва лагерҳои омӯзишӣ мавҷуд аст, ки дар онҳо беш аз 5 ҳазор ҷангҷӯ, аъзои гурӯҳҳои мухталифи террористӣ таҷаммуъ кардаанд", — гуфт сардори ситоди СПАД.
Вай афзуд, дар айни замон толибон артиши муқаррарии иборат аз тақрибан 150 000 нафарро ташкил медиҳанд. Ба гуфтаи ӯ, созмонҳои байналмилалии ғайридавлатӣ мегӯянд, дар ин кишвар маводи ғизоӣ, колоҳои зарурӣ, камбуди доруворӣ ва нарасидани мутахассисони варзида дар ҳама бахшҳо низ мушоҳида мешавад.
Номбурда гуфт, созмонҳои башардӯстона тахмин мезананд, ки беш аз 23 миллион шаҳрванди Афғонистон дар зимистони соли 2022 бо норасоии шадиди ғизо рӯ ба рӯ хоҳанд шуд ва беш аз 3 миллион кӯдак гуруснагӣ хоҳанд дошт.
Қаблан раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ даъват карда буд, ки барои ҳифзи марз бо Афғонистон муттаҳид шаванд.
Ба гуфтаи ӯ, ҳифзи марз бо Афғонистон ҳамкориҳои густурдаи кишварҳои тамоми минтақаро тақозо мекунад.
Ӯ ҳамчунин хостори таъсиси "камарбанди амниятӣ" дар атрофи Афғонистон шуд, зеро дар ин кишвар амалиёти ҷангҷӯёни созмонҳои мухталифи террористӣ шиддат мегирад.
Вазири дифои Русия Сергей Шойгу гуфт, бесуботии сиёсӣ дар Афғонистон хатари вуруди террористон ва афзоиши қочоқи маводи мухаддир дар кишварҳои Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъиро афзоиш медиҳад.
Тӯли марзи Тоҷикистону Афғонистон 1344,15 километрро ташкил медиҳад.