https://sputnik.tj/20220215/rahmon-jabborov-muvofiqa-bahs-marz-hal-1045873720.html
Раҳмон ва Ҷабборов ба мувофиқа расиданд, ки баҳси марзиро бидуни ҷониби сеюм ҳал мекунанд
Раҳмон ва Ҷабборов ба мувофиқа расиданд, ки баҳси марзиро бидуни ҷониби сеюм ҳал мекунанд
Sputnik Тоҷикистон
Дар ҳоли ҳозир ҷонибҳо ройзаниҳоро оид ба аломатгузории қитъаи умумии марзро аз сар гирифтаанд
2022-02-15T14:18+0500
2022-02-15T14:18+0500
2022-02-15T20:04+0500
дар тоҷикистон
қирғизистон
баҳси марзӣ
ом
эмомалӣ раҳмон
содир ҷабборов
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/1d/1040510783_0:151:2835:1746_1920x0_80_0_0_c35e4e9ef1c0de24d6d2c22ac95dee87.jpg
ДУШАНБЕ, 15 фев — Sputnik. Тоҷикистон ва Қирғизистон қасд доранд, масъалаи марзро бидуни ширкати ҷониби сеюм ҳал кунанд. Дар ин бора Оқилбек Ҷабборов, раиси Девони Вазирони Қирғизистон дар нишасти матбуотияш хабар дод. Ба гуфтаи ӯ, ҷонибҳо ҳоло ройзаниҳо дар бораи аломатгузории қитъаи умумии марзиро аз сар гирифтаанд. Қаблан дабири кулли Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ Станислав Зас таъкид карда буд, ки Тоҷикистону Қирғизистон тавоноии баррасии зуди ҳаводис ва коҳиши таниш дар марзро нишон медиҳанд. Ҳамчунин Микоил Агасандян, намояндаи доимии Федератсияи Русия дар СПАД гуфтааст, ки ин созмон омодааст, ба Бишкек ва Душанбе ҳар вақт кумак кунад, то дар миёни онҳо ҳодисаҳои нав рух надиҳад. Охирин танишу созиши баҳси марзӣЁдовар мешавем, ки рӯзи 27 январ дар наздикии рустои Хоҷаи Аъло дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон даргирии навбатии мусаллаҳона рух дод. Бино ба иттилоъи Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, гурӯҳе аз шаҳрвандони Қирғизистон мошини як шаҳрванди Тоҷикистонро, ки ба сӯи рустои Сомониёни ноҳияи Исфара рег мебурд, боздоштанд. Баъди ин дар ду тарафи марз сокинони маҳаллӣ ҷамъ шуданд. Ҳамааш аз партоби санг оғоз шуда, баъдан муноқиша ба ҷанги мусаллаҳона табдил ёфт. Ба гуфтаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон, сабаби муноқиша баста шудани қитъаи шоҳроҳи Бодканд-Исфана будааст. Тибқи иттилои расмӣ, дар ҷараёни даргирӣ 10 шаҳрванди Тоҷикистон захмӣ шуда, 2 нафар низ кушта шудаанд. Мақомоти Қирғизистон бошанд, дар бораи 13 захмӣ хабар доданд. Баъдан Қирғизистон ва Тоҷикистон дар бораи оташбаси комил дар марз ва ҳамчунин дар бораи хуруҷи нерӯҳои изофӣ ва техникаи ба сарҳад ҷалбшуда ба ҷойҳои ҷойгиршавӣ ба мувофиқа расиданд.
https://sputnik.tj/20220209/tojikistonu-qirghiziston-marzir-mustaqilona-hal-1045674161.html
https://sputnik.tj/20220205/tojikiston-qirghiziston-marz-1045521664.html
қирғизистон
ом
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/1d/1040510783_154:0:2682:1896_1920x0_80_0_0_89b0f770866b544a73a1fce20767f662.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
раҳмон ҷабборов баҳс марзи ҳал
раҳмон ҷабборов баҳс марзи ҳал
Раҳмон ва Ҷабборов ба мувофиқа расиданд, ки баҳси марзиро бидуни ҷониби сеюм ҳал мекунанд
14:18 15.02.2022 (Навсозишуда: 20:04 15.02.2022) Дар ҳоли ҳозир ҷонибҳо ройзаниҳо дар бораи аломатгузории қитъаи умумии марзиро аз сар гирифтаанд
ДУШАНБЕ, 15 фев — Sputnik. Тоҷикистон ва Қирғизистон қасд доранд, масъалаи марзро бидуни ширкати ҷониби сеюм ҳал кунанд. Дар ин бора Оқилбек Ҷабборов, раиси Девони Вазирони Қирғизистон дар нишасти матбуотияш хабар дод.
“Сарҳад танҳо вақте эътироф мешавад, ки ҳар ду ҳамсоя розӣ бошанд. Дар ҷараёни сафар ба Пекин раисони ҷумҳурҳои кишварҳои мо дастур доданд, ки дар ин замина музокирот оғоз шавад. Ҳар ду президент ба мувофиқа расиданд, ки онҳо метавонанд дар бораи сарҳад бидуни ҷониби сеюм мувофиқат кунанд",- гуфт сарвазири Қирғизистон.
Ба гуфтаи ӯ, ҷонибҳо ҳоло ройзаниҳо дар бораи аломатгузории қитъаи умумии марзиро аз сар гирифтаанд.
Қаблан дабири кулли Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ Станислав Зас таъкид карда буд, ки Тоҷикистону Қирғизистон тавоноии баррасии зуди ҳаводис ва коҳиши таниш дар марзро нишон медиҳанд.
Ҳамчунин Микоил Агасандян, намояндаи доимии Федератсияи Русия дар СПАД гуфтааст, ки ин созмон омодааст, ба Бишкек ва Душанбе ҳар вақт кумак кунад, то дар миёни онҳо ҳодисаҳои нав рух надиҳад.
Охирин танишу созиши баҳси марзӣ
Ёдовар мешавем, ки рӯзи 27 январ дар наздикии рустои Хоҷаи Аъло дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон даргирии навбатии мусаллаҳона рух дод.
Бино ба иттилоъи Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, гурӯҳе аз шаҳрвандони Қирғизистон мошини як шаҳрванди Тоҷикистонро, ки ба сӯи рустои Сомониёни ноҳияи Исфара рег мебурд, боздоштанд.
Баъди ин дар ду тарафи марз сокинони маҳаллӣ ҷамъ шуданд. Ҳамааш аз партоби санг оғоз шуда, баъдан муноқиша ба ҷанги мусаллаҳона табдил ёфт.
Ба гуфтаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон, сабаби муноқиша баста шудани қитъаи шоҳроҳи Бодканд-Исфана будааст.
Тибқи иттилои расмӣ, дар ҷараёни даргирӣ 10 шаҳрванди Тоҷикистон захмӣ шуда, 2 нафар низ кушта шудаанд. Мақомоти Қирғизистон бошанд, дар бораи 13 захмӣ хабар доданд.
Баъдан Қирғизистон ва Тоҷикистон дар бораи оташбаси комил дар марз ва ҳамчунин дар бораи хуруҷи нерӯҳои изофӣ ва техникаи ба сарҳад ҷалбшуда ба ҷойҳои ҷойгиршавӣ ба мувофиқа расиданд.