https://sputnik.tj/20220205/tojikiston-qirghiziston-marz-1045521664.html
Тоҷикистон ва Қирғизистон 81 километр марзи дигарро мушаххас карданд
Тоҷикистон ва Қирғизистон 81 километр марзи дигарро мушаххас карданд
Sputnik Тоҷикистон
Дар оянда кор барои ҳалли ҳама масъалаҳои марбут ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳад идома хоҳад ёфт
2022-02-05T11:10+0500
2022-02-05T11:10+0500
2022-02-07T11:50+0500
вазъ дар марзи тоҷикистону қирғизистон
дар тоҷикистон
қирғизистон
баҳси марзӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/0a/1040135624_130:24:1000:513_1920x0_80_0_0_7ca157bb59ba1a744dd95308a43e6b25.jpg
ДУШАНБЕ, 5 фев — Sputnik. Тоҷикистон ва Қирғизистон баъд аз ҳашт ҷаласаи комиссияи топографӣ барои мушаххас кардани сарҳад 81 километри марзро мушаххас карданд. Дар ин бора Ориф Хоҷазода, раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Тоҷикистон хабар дод. "Аз 1 майи соли 2021 Тоҷикистон ва Қирғизистон 8 ҷаласаи комиссияи топографиро барои дақиқ кардани марз баргузор карда, 81 километри сарҳадро мушаххас кардаанд. Аз октябри соли 2021 кори комиссия бо баъзе сабабҳо мутаваққиф шуда буд, аммо ба зудӣ бояд кораш аз сар гирифта шавад",- гуфт ӯ. Ба гуфтаи Хоҷазода, аз 970 километри марз бо Қирғизистон 519 километраш мушаххас шудааст. "Дар оянда корҳо барои ҳалли тамоми масъалаҳои марбут ба делимитатсия ва аломатгузории марз пайваста сурат хоҳанд гирифт", - гуфт ӯ. Вай изҳор дошт, ки қитъаи роҳи 275 -метрӣ, ки дар атрофи он бо Қирғизистон баҳсҳо идома доранд, бешак, аз они Тоҷикистон аст. Дар ин қитъаи роҳ шаҳракҳои тоҷикони Хоҷаи Аъло ва Сомониён, инчунин деҳаҳои қирғизҳои Коктош ва Ортабоз ҷойгир шудаанд. Ҳангоми даргириҳои марзӣ ҷонибҳо аксари вақт ин қитъаи роҳро мебанданд. Қаблан Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд изҳор дошта буд, ки ин қаламрав "сарзамини аслии тоҷикон" аст. "Соли 2009 ин қитъаи роҳ ба Қирғизистон ба муҳлати 49 сол ба иҷора дода шуд. Тибқи асноди солҳои 1924-1929 ва маводи комиссияи паритетӣ аз соли 1989, ин қитъа, бешубҳа, қаламрави Тоҷикистон аст",- гуфт сардори Комитети давлатии замин.Маврид ба зикр аст, ки даргирии ахири миёни Тоҷикистону Қирғизистон 27 январ рух дод. Душанбею Бишкек ҳамдигарро дар ташаннуҷи вазъ ва оғози тирпаронӣ муттаҳам мекунанд.Расман мақомоти Тоҷикистон то 28 январ теъдоди кушташудагони даргирии ахирро 2 нафари мулкӣ гуфта, афзуданд, ки 10 нафар, аз ҷумла 6 низомию 4 мулкӣ маҷруҳ гардидаанд. Бархе манобеи маҳаллӣ теъдоди маҷруҳон аз ҷониби Тоҷикистонро беш аз 20 нафар мегӯянд.Ҷониби Қирғизистон шумори захмиёнашро 12 нафар гуфтааст, ки ҳамаашон низомӣ буда, талафоти ҷонӣ дар ин кишвар бар асари ин ҳаводис сабт нашудааст.Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 980 километр марзи муштарак доранд, ки феълан ҳудуди 519 километри он муайян шудааст. Номуайянии қисматҳои боқимондаи марз мунтазам боиси муноқиша дар сарҳад мешавад, ки баъзан ба хунрезӣ мепечад.
https://sputnik.tj/20220204/munoqisha-marz-tojikiston-qirghiziston-alomatguzori-1045479239.html
https://sputnik.tj/20220201/rais-isfara-rohi-ush-isfana-tojikiston-1045382981.html
қирғизистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/0a/1040135624_357:35:1000:517_1920x0_80_0_0_d1d9391cad5126fac978b7cac7af26b5.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон қирғизистон марз
тоҷикистон қирғизистон марз
Тоҷикистон ва Қирғизистон 81 километр марзи дигарро мушаххас карданд
11:10 05.02.2022 (Навсозишуда: 11:50 07.02.2022) Дар оянда кор барои ҳалли ҳама масъалаҳои марбут ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳад идома хоҳад ёфт
ДУШАНБЕ, 5 фев — Sputnik. Тоҷикистон ва Қирғизистон баъд аз ҳашт ҷаласаи комиссияи топографӣ барои мушаххас кардани сарҳад 81 километри марзро мушаххас карданд.
Дар ин бора Ориф Хоҷазода, раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Тоҷикистон хабар дод.
"Аз 1 майи соли 2021 Тоҷикистон ва Қирғизистон 8 ҷаласаи комиссияи топографиро барои дақиқ кардани марз баргузор карда, 81 километри сарҳадро мушаххас кардаанд. Аз октябри соли 2021 кори комиссия бо баъзе сабабҳо мутаваққиф шуда буд, аммо ба зудӣ бояд кораш аз сар гирифта шавад",- гуфт ӯ.
Ба гуфтаи Хоҷазода, аз 970 километри марз бо Қирғизистон 519 километраш мушаххас шудааст.
"Дар оянда корҳо барои ҳалли тамоми масъалаҳои марбут ба делимитатсия ва аломатгузории марз пайваста сурат хоҳанд гирифт", - гуфт ӯ.
Вай изҳор дошт, ки қитъаи роҳи 275 -метрӣ, ки дар атрофи он бо Қирғизистон баҳсҳо идома доранд, бешак, аз они Тоҷикистон аст.
Дар ин қитъаи роҳ шаҳракҳои тоҷикони Хоҷаи Аъло ва Сомониён, инчунин деҳаҳои қирғизҳои Коктош ва Ортабоз ҷойгир шудаанд.
Ҳангоми даргириҳои марзӣ ҷонибҳо аксари вақт ин қитъаи роҳро мебанданд.
Қаблан Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд изҳор дошта буд, ки ин қаламрав "сарзамини аслии тоҷикон" аст.
"Соли 2009 ин қитъаи роҳ ба Қирғизистон ба муҳлати 49 сол ба иҷора дода шуд. Тибқи асноди солҳои 1924-1929 ва маводи комиссияи паритетӣ аз соли 1989, ин қитъа, бешубҳа, қаламрави Тоҷикистон аст",- гуфт сардори Комитети давлатии замин.
Маврид ба зикр аст, ки даргирии ахири миёни Тоҷикистону Қирғизистон 27 январ рух дод. Душанбею Бишкек ҳамдигарро дар ташаннуҷи вазъ ва оғози тирпаронӣ муттаҳам мекунанд.
Расман мақомоти Тоҷикистон то 28 январ теъдоди кушташудагони даргирии ахирро 2 нафари мулкӣ гуфта, афзуданд, ки 10 нафар, аз ҷумла 6 низомию 4 мулкӣ маҷруҳ гардидаанд. Бархе манобеи маҳаллӣ теъдоди маҷруҳон аз ҷониби Тоҷикистонро беш аз 20 нафар мегӯянд.
Ҷониби Қирғизистон шумори захмиёнашро 12 нафар гуфтааст, ки ҳамаашон низомӣ буда, талафоти ҷонӣ дар ин кишвар бар асари ин ҳаводис сабт нашудааст.
Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 980 километр марзи муштарак доранд, ки феълан ҳудуди 519 километри он муайян шудааст. Номуайянии қисматҳои боқимондаи марз мунтазам боиси муноқиша дар сарҳад мешавад, ки баъзан ба хунрезӣ мепечад.