https://sputnik.tj/20220215/kohish-qurbi-rubl-tojikiston-1045854641.html
БМТ: Қурби рубл дар Тоҷикистон башиддат поин рафт
БМТ: Қурби рубл дар Тоҷикистон башиддат поин рафт
Sputnik Тоҷикистон
Арзиши рубли русӣ дар як рӯз дар баробари асъори тоҷикӣ то се сомонӣ коҳиш ёфт
2022-02-15T09:30+0500
2022-02-15T09:30+0500
2022-02-15T10:59+0500
дар тоҷикистон
қурби асъор
бонки миллӣ
рубл
доллар
евро
сомонӣ
иқтисод
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/1b/1039100993_0:160:3073:1888_1920x0_80_0_0_1f01848beac926686cd6b8bff469dc53.jpg
ДУШАНБЕ, 15 фев — Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъори хориҷӣ эълон кард.Тибқи нишондоди Бонки миллии Тоҷикистон, арзиши рубли русӣ дар бозори арзи кишвар шадидан коҳиш ёфта ва ҳоло 1000 рубл 147 сомонӣ арзиш дорад.Ин дар ҳолест, ки як рӯз қабл дар кишвар 1000 рубл 150 сомонӣ арзиш дошт.Қурби рубл охирин бор ба ҳадди ниҳоияш тирамоҳи соли 2021 расида буд, ки он замон 1000 рубл 159 сомонӣ арзиш дошт. Дар соли ҷорӣ ин асъор дар ҳоли шинокунанда ва ноустувор қарор гирифтааст.Тибқи нишондоди БМТ, қурби як евро то 12.7905 сомонӣ арзиш дорад. Пули аврупоӣ давоми як рӯз дар баробари асъори тоҷикӣ то нуҳ сомонӣ арзон шудааст.Ин асъор ҳарчанд давоми ду ҳафтаи гузашта боло рафта буд, ҳамоно дар ҳоли шинокунандагӣ қарор дорад ва нишондиҳандаҳои чанд моҳи ахир бозгӯи онанд, ки он зуд-зуд мавқеашро тағйир медиҳад.Охирин нишондиҳандаи баланди пули аврупоӣ дар соли ҷорӣ рӯзи 14-уми январ сурат гирифт, ки 1 евро то 12.9577 сомонӣ боло рафта буд.Дар ин миён арзиши пули амрикоӣ дар бозори арзи Тоҷикистон устуворияшро нигоҳ медорад. Қурби 1 доллар ҳоло дар бозори арзи кишвар 11.3000 сомонӣ аст.
https://sputnik.tj/20220214/iqtisodch-asor-nomzad-ghayrichashmdosht-1045818027.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/1b/1039100993_170:0:2901:2048_1920x0_80_0_0_a5c60cb3850b3d1a24b79ac436dfc73c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
рубл евро доллар сомонӣ иқтисод
рубл евро доллар сомонӣ иқтисод
БМТ: Қурби рубл дар Тоҷикистон башиддат поин рафт
09:30 15.02.2022 (Навсозишуда: 10:59 15.02.2022) Арзиши рубли русӣ дар як рӯз дар баробари асъори тоҷикӣ то се сомонӣ коҳиш ёфт
ДУШАНБЕ, 15 фев — Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъори хориҷӣ эълон кард.
Тибқи нишондоди Бонки миллии Тоҷикистон, арзиши рубли русӣ дар бозори арзи кишвар шадидан коҳиш ёфта ва ҳоло 1000 рубл 147 сомонӣ арзиш дорад.
Ин дар ҳолест, ки як рӯз қабл дар кишвар 1000 рубл 150 сомонӣ арзиш дошт.
Қурби рубл охирин бор ба ҳадди ниҳоияш тирамоҳи соли 2021 расида буд, ки он замон 1000 рубл 159 сомонӣ арзиш дошт. Дар соли ҷорӣ ин асъор дар ҳоли шинокунанда ва ноустувор қарор гирифтааст.
Тибқи нишондоди БМТ, қурби як евро то 12.7905 сомонӣ арзиш дорад. Пули аврупоӣ давоми як рӯз дар баробари асъори тоҷикӣ то нуҳ сомонӣ арзон шудааст.
Ин асъор ҳарчанд давоми ду ҳафтаи гузашта боло рафта буд, ҳамоно дар ҳоли шинокунандагӣ қарор дорад ва нишондиҳандаҳои чанд моҳи ахир бозгӯи онанд, ки он зуд-зуд мавқеашро тағйир медиҳад.
Охирин нишондиҳандаи баланди пули аврупоӣ дар соли ҷорӣ рӯзи 14-уми январ сурат гирифт, ки 1 евро то 12.9577 сомонӣ боло рафта буд.
Дар ин миён арзиши пули амрикоӣ дар бозори арзи Тоҷикистон устуворияшро нигоҳ медорад. Қурби 1 доллар ҳоло дар бозори арзи кишвар 11.3000 сомонӣ аст.