https://sputnik.tj/20220214/iqtisodch-asor-nomzad-ghayrichashmdosht-1045818027.html
Ду умедворкунандатарин арз дар ҷаҳон гуфта шуд
Ду умедворкунандатарин арз дар ҷаҳон гуфта шуд
Sputnik Тоҷикистон
Коршиноси рус афзоиш ё поинравии ояндаи пулҳои маъруфи ҷаҳониро пешгӯӣ кард
2022-02-14T03:00+0500
2022-02-14T03:00+0500
2022-02-14T21:08+0500
қурби асъор
рубл
доллар
евро
сомонӣ
иқтисод
дар ҷаҳон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/09/08/1031863597_0:320:3073:2048_1920x0_80_0_0_5a71155b93c606ec4bc294de43abc990.jpg
ДУШАНБЕ, 14 фев — Sputnik. Дотсенти Институти иқтисод ва тиҷорати ҷаҳонии Донишгоҳи дӯстии халқҳо Владимир Григорев дар суҳбат бо агентии "Прайм" гуфт, ки ба кадом асъор бояд таваҷҷуҳ кард. Коршинос қайд мекунад, ки дар байни асъорҳо мавқеи устувортаринро ҳоло доллар ва франки Швейтсария ишғол мекунанд. Мавқеи пешқадами "амрикоӣ"-ро иқтисоди ИМА, ки яке аз калонтаринҳо дар ҷаҳон аст, таъмин мекунад ва болоравии пешбинишудаи қурби асосии низоми федералии захиравӣ ба устувории қурби асъор таъсири мусбӣ мерасонад, шарҳ дод Григорев.Ба гуфтаи ӯ, ҷолибияти франки швейтсариро бояд ба далели нақши беназири Швейтсария дар молияи ҷаҳонӣ ва суботи беназири иҷтимоиву иқтисодӣ интизор шуд.Дар робита ба евроГригорев гуфт, ин асъор он қадар ҷолиб нест, ки маъмулан бовар доранд, зеро он ҳамзамон пули чанд кишвар аст. Иқтисодчӣ вазъи йени Ҷопон ва фунти бритониёиро низ пешгӯӣ кард, ки тибқи он, набояд аз пастӣ боло рафтани онҳоро мунтазир шуд.Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи коршинос, юани чинӣ метавонад афзоиши қурбро нишон диҳад, аммо танҳо дар сурати боло рафтани худи иқтисоди Чин.
https://sputnik.tj/20220113/peshbini-iqtisoddon-dollar-1044767437.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/09/08/1031863597_96:0:2827:2048_1920x0_80_0_0_950c55439e0372694df79342226d60ad.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
иқтисоддон асъор доллар евро франк иқтисод
иқтисоддон асъор доллар евро франк иқтисод
Ду умедворкунандатарин арз дар ҷаҳон гуфта шуд
03:00 14.02.2022 (Навсозишуда: 21:08 14.02.2022) Коршиноси рус афзоиш ё поинравии ояндаи пулҳои маъруфи ҷаҳониро пешгӯӣ кард
ДУШАНБЕ, 14 фев — Sputnik. Дотсенти Институти иқтисод ва тиҷорати ҷаҳонии Донишгоҳи дӯстии халқҳо Владимир Григорев дар суҳбат бо агентии "Прайм" гуфт, ки ба кадом асъор бояд таваҷҷуҳ кард.
Коршинос қайд мекунад, ки дар байни асъорҳо мавқеи устувортаринро ҳоло доллар ва франки Швейтсария ишғол мекунанд.
Мавқеи пешқадами "амрикоӣ"-ро иқтисоди ИМА, ки яке аз калонтаринҳо дар ҷаҳон аст, таъмин мекунад ва болоравии пешбинишудаи қурби асосии низоми федералии захиравӣ ба устувории қурби асъор таъсири мусбӣ мерасонад, шарҳ дод Григорев.
"Бисёр чиз аз амалкарди Бонки федеролии ИМА вобаста аст: агар нияти қаблан эълоншуда дар бораи гузаштан ба болоравии қурби асосӣ дар моҳи марти соли ҷорӣ амалӣ шавад, мо афзоиши долларро мушоҳида хоҳем кард", - шарҳ дод мутахассис.
Ба гуфтаи ӯ, ҷолибияти франки швейтсариро бояд ба далели нақши беназири Швейтсария дар молияи ҷаҳонӣ ва суботи беназири иҷтимоиву иқтисодӣ интизор шуд.
Дар робита ба евроГригорев гуфт, ин асъор он қадар ҷолиб нест, ки маъмулан бовар доранд, зеро он ҳамзамон пули чанд кишвар аст.
Иқтисодчӣ вазъи йени Ҷопон ва фунти бритониёиро низ пешгӯӣ кард, ки тибқи он, набояд аз пастӣ боло рафтани онҳоро мунтазир шуд.
Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи коршинос, юани чинӣ метавонад афзоиши қурбро нишон диҳад, аммо танҳо дар сурати боло рафтани худи иқтисоди Чин.