https://sputnik.tj/20220215/barq-tojik-duzdi-kishvar-1045854406.html
"Барқи тоҷик" аз ошкорсозии 26 ҳазор ҳолати "дуздӣ"-и барқ дар кишвар гуфт
"Барқи тоҷик" аз ошкорсозии 26 ҳазор ҳолати "дуздӣ"-и барқ дар кишвар гуфт
Sputnik Тоҷикистон
Холдинги энержии Тоҷикистон аз ҳазорон мавриди "дуздӣ"-и нерӯи барқ дар кишвар гузориш дод
2022-02-15T09:00+0500
2022-02-15T09:00+0500
2022-02-15T11:12+0500
"барқи тоҷик"
дар тоҷикистон
энергетика
иқтисод
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101397/52/1013975272_0:0:4288:2412_1920x0_80_0_0_8596f8c0c825d490b71a0bb00913e61f.jpg
ДУШАНБЕ, 15 фев – Sputnik. Ширкати "Барқи тоҷик" мегӯяд, давоми 12 моҳи соли 2021 дар кишвар зиёда аз 26181 ҳолати аз тарафи истифодабарандагон ғайриқонунӣ истифода кардани нерӯи барқ ошкор шудааст.Дар ин бора масъулини ин ниҳод зимни нишасти матбуотияшон ба хабарнигорон иттилоъ доданд.Ба иттилои манбаъ, ҳаҷми барқи ғайриқонунӣ истифодашуда дар ин давра зиёда аз 148,9 млн. кВт-соатро ташкил додааст.Гуфта мешавад, вобаста ба ҳолатҳои мазкур санадҳои дахлдор ба маблағи 54,3 миллион сомонӣ тартиб дода шуда, аз ин ҳисоб зиёда аз 32,2 миллион сомонӣ ба буҷа ворид шудааст.Дар соли 2021 аз ҷониби шуъбаи ҳуқуқи ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ” ва шуъбаҳои ҳуқуқи филиалҳо ба 2931 муштарии қарздор ба маблағи зиёда аз 316,9 миллион сомонӣ иддао пешниҳод карда шуда, аз ин ҳисоб 81,7 миллион сомонӣ маблағи қарз рӯёнида шудааст, афзудааст ин ниҳод.Дар маҷмуъ дар соли 2021 талафоти энергияи барқ дар инфрасохторҳои барқии шиддати баланд (дар зеристгоҳҳои барқӣ ва хатҳои интиқоли барқ) 746 миллиону 730 ҳазору 638 кВт-соат ё 3,58%-ро ташкил дод, ки ин нишондодҳо дар муқоиса бо соли 2020 ба миқдори 306 миллиону 542 ҳазору 482 кВт.соат ва ё 1,77% кам мебошанд.Ин ниҳод мегӯяд, дар соли 2021 дар нерӯгоҳҳои барқи обӣ ва марказҳои барқу гармидиҳии ШСХК “Барқи тоҷик” ҳаҷми истеҳсоли нерӯи барқ 15 миллиарду 925,2 миллион кВт-соатро ташкил дод, ки ин нисбат ба соли 2020 676,9 миллион кВт-соат зиёд буда, суръати афзоиш ба 104,4% баробар шуд.Маблағи ҷамъоваришуда дар “Барқи тоҷик” дар ин давра 3 миллиарду 113 миллион сомонӣ ва аз ҳисоби аҳолӣ 1 миллиарду 152 миллион сомониро ташкил намудааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 385,1 миллион сомонӣ ё 14,1% зиёд ва аз ҳисоби аҳолӣ бошад 63,5 миллион сомонӣ ё 5,8% зиёд аст.Нақшаи ҷамъоварии маблағи нерӯи барқ 93,5% ва аз ҳисоби аҳолӣ 96,5% иҷро гардидааст.Сабабҳои асосии зиёд гардидани нишондиҳандаҳои ҷамъоварии маблағҳо ва тарифи миёна ин дуруст ба роҳ мондани ҷобаҷогузории кадрҳо, дар асоси озмун ба кор ҷалб намудани мутахассисони ботаҷриба, шаффоф ва дуруст муайян намудани сатҳи талафот ва мутаносибан дуруст тарифбандӣ шудани гурӯҳҳои истифодабарандагон мебошад, афзуд манбаъ.
https://sputnik.tj/20220214/sokin-tojikiston-barq-tojik-qarzdor-1045837130.html
https://sputnik.tj/20220214/qarz-barq-tojik-milliard-dollar-1045822149.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101397/52/1013975272_0:0:3797:2848_1920x0_80_0_0_2bff13b9389cd5376f39ef6f672c13f3.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
"барқи тоҷик" ошкорсозӣ "дуздӣ" барқ
"барқи тоҷик" ошкорсозӣ "дуздӣ" барқ
"Барқи тоҷик" аз ошкорсозии 26 ҳазор ҳолати "дуздӣ"-и барқ дар кишвар гуфт
09:00 15.02.2022 (Навсозишуда: 11:12 15.02.2022) Холдинги энержии Тоҷикистон аз ҳазорон мавриди "дуздӣ"-и нерӯи барқ дар кишвар гузориш дод
ДУШАНБЕ, 15 фев – Sputnik. Ширкати "Барқи тоҷик" мегӯяд, давоми 12 моҳи соли 2021 дар кишвар зиёда аз 26181 ҳолати аз тарафи истифодабарандагон ғайриқонунӣ истифода кардани нерӯи барқ ошкор шудааст.
Дар ин бора масъулини ин ниҳод зимни нишасти матбуотияшон ба хабарнигорон иттилоъ доданд.
Ба иттилои манбаъ, ҳаҷми барқи ғайриқонунӣ истифодашуда дар ин давра зиёда аз 148,9 млн. кВт-соатро ташкил додааст.
Гуфта мешавад, вобаста ба ҳолатҳои мазкур санадҳои дахлдор ба маблағи 54,3 миллион сомонӣ тартиб дода шуда, аз ин ҳисоб зиёда аз 32,2 миллион сомонӣ ба буҷа ворид шудааст.
Дар соли 2021 аз ҷониби шуъбаи ҳуқуқи ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ” ва шуъбаҳои ҳуқуқи филиалҳо ба 2931 муштарии қарздор ба маблағи зиёда аз 316,9 миллион сомонӣ иддао пешниҳод карда шуда, аз ин ҳисоб 81,7 миллион сомонӣ маблағи қарз рӯёнида шудааст, афзудааст ин ниҳод.
Дар маҷмуъ дар соли 2021 талафоти энергияи барқ дар инфрасохторҳои барқии шиддати баланд (дар зеристгоҳҳои барқӣ ва хатҳои интиқоли барқ) 746 миллиону 730 ҳазору 638 кВт-соат ё 3,58%-ро ташкил дод, ки ин нишондодҳо дар муқоиса бо соли 2020 ба миқдори 306 миллиону 542 ҳазору 482 кВт.соат ва ё 1,77% кам мебошанд.
Ин ниҳод мегӯяд, дар соли 2021 дар нерӯгоҳҳои барқи обӣ ва марказҳои барқу гармидиҳии ШСХК “Барқи тоҷик” ҳаҷми истеҳсоли нерӯи барқ 15 миллиарду 925,2 миллион кВт-соатро ташкил дод, ки ин нисбат ба соли 2020 676,9 миллион кВт-соат зиёд буда, суръати афзоиш ба 104,4% баробар шуд.
Маблағи ҷамъоваришуда дар “Барқи тоҷик” дар ин давра 3 миллиарду 113 миллион сомонӣ ва аз ҳисоби аҳолӣ 1 миллиарду 152 миллион сомониро ташкил намудааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 385,1 миллион сомонӣ ё 14,1% зиёд ва аз ҳисоби аҳолӣ бошад 63,5 миллион сомонӣ ё 5,8% зиёд аст.
Нақшаи ҷамъоварии маблағи нерӯи барқ 93,5% ва аз ҳисоби аҳолӣ 96,5% иҷро гардидааст.
Сабабҳои асосии зиёд гардидани нишондиҳандаҳои ҷамъоварии маблағҳо ва тарифи миёна ин дуруст ба роҳ мондани ҷобаҷогузории кадрҳо, дар асоси озмун ба кор ҷалб намудани мутахассисони ботаҷриба, шаффоф ва дуруст муайян намудани сатҳи талафот ва мутаносибан дуруст тарифбандӣ шудани гурӯҳҳои истифодабарандагон мебошад, афзуд манбаъ.