https://sputnik.tj/20220214/sokin-tojikiston-barq-tojik-qarzdor-1045837130.html
"Барқи тоҷик" гуфт, бузургтарин қарздораш аҳолӣ аст: Ба ҳар кас 140 сомонӣ мерасад
"Барқи тоҷик" гуфт, бузургтарин қарздораш аҳолӣ аст: Ба ҳар кас 140 сомонӣ мерасад
Sputnik Тоҷикистон
“Барқи тоҷик” мегӯяд, ки бузургтарин қарздор дар назди ширкат аҳолии ҷуиҳурӣ аст
2022-02-14T18:31+0500
2022-02-14T18:31+0500
2022-02-14T19:52+0500
"барқи тоҷик"
дар тоҷикистон
қарзҳо
барқ
фурӯш
иқтисод
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/01/0f/1032630072_0:156:2952:1817_1920x0_80_0_0_1f254d007e55efe2dabd3b4b237c9cd6.jpg
ДУШАНБЕ, 14 фев — Sputnik. Ширкати "Барқи тоҷик" мегӯяд, давоми соли 2021 қарзи корхонаю ташкилотҳо бинобар пардохт нашудани маблағҳои нерӯи барқи истифодашуда аз тарафи онҳо 241 миллон сомонӣ афзудааст.Масъулини ин ниҳод зимни нишасти хабарияшон иттилоъ доданд, ки дар соли гузашта қарзи Агентии беҳдошти замин ва обёрии Тоҷикистон аз "Барқи тоҷик" зиёда аз 75 миллион, ҶСК “Ширкати Алюминийи Тоҷик” 69,3 миллион, ташкилоту муассисаҳои буҷавӣ зиёда аз 20,4 ва аз аҳолӣ 41 миллион сомонӣ афзудааст.Ин ниҳод мегӯяд, то 1 декабри соли 2021 қарзи истифодаи нерӯи барқ бо назардошти қарзҳои солҳои пешин, дар маҷмуъ 3 миллиарду 316 миллион сомониро ташкил медиҳад. Аз ин қарз 1 миллиарду 384 миллион сомонияш ба аҳолии кишвар рост меояд.Тибқи охирин омор, шумораи аҳолии Тоҷикистон то якуми январи соли 2021 9 миллиону 838 ҳазору 400 нафарро ташкил додааст.Агар қарзи аҳолӣ аз барқро ба сурати умум тақсим кунем, пас ба ҳисоби миёна барои ҳар нафар сокини кишвар ҳудуди 140 сомонӣ мерасад.КВД “Ширкати Алюминийи Тоҷик” 459,4 млн, корхонаю хоҷагиҳои кишоварзӣ 206,3, ҶСК НБО "Роғун” 36,2, Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ зиёда 373,1, ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ зиёда аз 112,4 миллион сомонӣ пули барқро барнагардонидаанд. Инчунин КВД “Обу корези ҷумҳурӣ” ба маблағи 53,5 ва КМ "Тоҷиккимиёсаноат" 34,2 миллион сомонӣ аз "Барқи тоҷик" қарздор будаанд.Ширкат мегӯяд, маблағи ҳисобишудаи нерӯи барқи умумӣ (бо назардошти ҶСК “Ширкати Алюминийи Тоҷик”) 3 млрд. 322 млн. сомонӣ ва аз ҳисоби аҳолӣ 1 млрд. 193 млн. сомониро ташкил дод.Маблағи ҷамъоваришуда аз корхонаҳо 3 млрд. 113 млн. ва аз ҳисоби аҳолӣ 1 млрд. 152 млн. сомониро ташкил намуд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 385,1 млн. сомонӣ ё 14,1% зиёд ва аз ҳисоби аҳолӣ бошад, 63,5 млн. сомонӣ ё 5,8% зиёд гардидааст.Дар ҳамин ҳол қарзи ширкати "Барқи тоҷик" дар назди дигар корхонаву идораҳо то аввали соли 2022 ба 32,3 миллиард сомонӣ ё тақрибан 2,9 миллиард доллар расидааст.
https://sputnik.tj/20220214/qarz-barq-tojik-milliard-dollar-1045822149.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/01/0f/1032630072_162:0:2790:1971_1920x0_80_0_0_f218e15ca5d58c606d9bd61e1e5c40c5.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
сокин тоҷикистон "барқи тоҷик" қарздор
сокин тоҷикистон "барқи тоҷик" қарздор
"Барқи тоҷик" гуфт, бузургтарин қарздораш аҳолӣ аст: Ба ҳар кас 140 сомонӣ мерасад
18:31 14.02.2022 (Навсозишуда: 19:52 14.02.2022) “Барқи тоҷик” мегӯяд, ки бузургтарин қарздор дар назди ширкат аҳолии ҷумҳурӣ аст
ДУШАНБЕ, 14 фев — Sputnik. Ширкати "Барқи тоҷик" мегӯяд, давоми соли 2021 қарзи корхонаю ташкилотҳо бинобар пардохт нашудани маблағҳои нерӯи барқи истифодашуда аз тарафи онҳо 241 миллон сомонӣ афзудааст.
Масъулини ин ниҳод зимни нишасти хабарияшон иттилоъ доданд, ки дар соли гузашта қарзи Агентии беҳдошти замин ва обёрии Тоҷикистон аз "Барқи тоҷик" зиёда аз 75 миллион, ҶСК “Ширкати Алюминийи Тоҷик” 69,3 миллион, ташкилоту муассисаҳои буҷавӣ зиёда аз 20,4 ва аз аҳолӣ 41 миллион сомонӣ афзудааст.
Ин ниҳод мегӯяд, то 1 декабри соли 2021 қарзи истифодаи нерӯи барқ бо назардошти қарзҳои солҳои пешин, дар маҷмуъ 3 миллиарду 316 миллион сомониро ташкил медиҳад.
Аз ин қарз 1 миллиарду 384 миллион сомонияш ба аҳолии кишвар рост меояд.
Тибқи охирин омор, шумораи аҳолии Тоҷикистон то якуми январи соли 2021 9 миллиону 838 ҳазору 400 нафарро ташкил додааст.
Агар қарзи аҳолӣ аз барқро ба сурати умум тақсим кунем, пас ба ҳисоби миёна барои ҳар нафар сокини кишвар ҳудуди 140 сомонӣ мерасад.
КВД “Ширкати Алюминийи Тоҷик” 459,4 млн, корхонаю хоҷагиҳои кишоварзӣ 206,3, ҶСК НБО "Роғун” 36,2, Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ зиёда 373,1, ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ зиёда аз 112,4 миллион сомонӣ пули барқро барнагардонидаанд.
Инчунин КВД “Обу корези ҷумҳурӣ” ба маблағи 53,5 ва КМ "Тоҷиккимиёсаноат" 34,2 миллион сомонӣ аз "Барқи тоҷик" қарздор будаанд.
Ширкат мегӯяд, маблағи ҳисобишудаи нерӯи барқи умумӣ (бо назардошти ҶСК “Ширкати Алюминийи Тоҷик”) 3 млрд. 322 млн. сомонӣ ва аз ҳисоби аҳолӣ 1 млрд. 193 млн. сомониро ташкил дод.
Маблағи ҷамъоваришуда аз корхонаҳо 3 млрд. 113 млн. ва аз ҳисоби аҳолӣ 1 млрд. 152 млн. сомониро ташкил намуд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 385,1 млн. сомонӣ ё 14,1% зиёд ва аз ҳисоби аҳолӣ бошад, 63,5 млн. сомонӣ ё 5,8% зиёд гардидааст.
Дар ҳамин ҳол қарзи ширкати "Барқи тоҷик" дар назди дигар корхонаву идораҳо то аввали соли 2022 ба 32,3 миллиард сомонӣ ё тақрибан 2,9 миллиард доллар расидааст.