https://sputnik.tj/20220214/qarz-barq-tojik-milliard-dollar-1045822149.html
Маблағ ба андозаи сеяки ММД: "Барқи тоҷик" чӣ қадар қарздор аст?
Маблағ ба андозаи сеяки ММД: "Барқи тоҷик" чӣ қадар қарздор аст?
Sputnik Тоҷикистон
Ширкати "Барқи тоҷик" дар соли 2021 натавонист пеши роҳи афзоиши қарзҳояшро бигирад
2022-02-14T11:15+0500
2022-02-14T11:15+0500
2022-02-14T22:02+0500
"барқи тоҷик"
қарзҳо
барқ
содирот
фурӯш
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101397/52/1013975272_0:0:4288:2412_1920x0_80_0_0_8596f8c0c825d490b71a0bb00913e61f.jpg
ДУШАНБЕ, 14 фев – Sputnik. Қарзи ширкати "Барқи тоҷик" ба ҳолати аввали соли 2022 ба 32,3 миллиард сомонӣ ё тақрибан 2,9 миллиард доллар расидаастДар ин бора намояндагони ширкат дар рафти нишасти матбуотияшон изҳор доштанд.Ба иттилои масъулин, қарзи ширкат танҳо давоми соли 2021 3,3 миллиард сомонӣ афзудааст.Қарзи умумии ширкати "Барқи тоҷик" 33 дарсади ММД-и Тоҷикистон барои соли 2021 – ҳудуди 100 миллиард сомонӣ (қариб 8,8 миллиард доллар)-ро ташкил медиҳад.Ҳамин тавр ширкати мазкур аз ҳама бештар аз Вазорати молияи Тоҷикистон қарздор будааст, ки он ҳудуди 24,1 миллиард сомониро ташкил медиҳад. Маълум аст, ки ширкат барои татбиқи лоиҳаҳои нерӯи барқ қарз гирифтааст.Ҳамчунин ин ширкат аз нерӯгоҳҳои "Сангтӯда-1" ва "Сангтӯда-2" 4,3 миллиард, ҶСК "НБО Роғун" 630 миллион, ҶСК "Тоҷиктрансгаз" 362 миллионӣ ва аз ширкатҳои воридкунандаи ангишт ба нерӯгоҳи ҳароратии дар пойтахт мавҷудбуда 215 миллион сомонӣ қарздор аст.Тибқи иттилои ин ниҳод, давоми як соли ахир кишвар ба хориҷ наздик ба 900 миллион сомонӣ барқ фурӯхтааст.Барқи Тоҷикистонро давоми як сол Афғонистон ба маблағи 635,9 миллион сомонӣ (56,3 доллар) ва Ӯзбекистон 260,2 миллион сомонӣ (23 миллион доллар) харидаанд.“Барқи тоҷик” мегӯяд, соли 2021 дар кишвар қариб 16 миллиард киловатт-соат нерӯи барқ тавлид шуд, ки бештари он ба нерӯгоҳи "Норак" рост меояд.Мавриди зикр аст, ки ахиран раисҷумҳури кишрвар Мирзо Исмоилзодаро аз мақоми раҳбарии ин ширкат барканор ва Маҳаммадумар Асозодаро ба ҷойи ӯ таъйин кард.Ҳамакнун раҳбарияти нав барои пардохти ин қарз чӣ тасмим дорад ва дар ин амр то куҷо муваффақ мешавад, суолест матраҳ.
https://sputnik.tj/20220127/rahmon-rais-barqi-tojik-barkanor-1045208254.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101397/52/1013975272_0:0:3797:2848_1920x0_80_0_0_2bff13b9389cd5376f39ef6f672c13f3.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
қарз "барқи тоҷик" афзоиш иқтисод
қарз "барқи тоҷик" афзоиш иқтисод
Маблағ ба андозаи сеяки ММД: "Барқи тоҷик" чӣ қадар қарздор аст?
11:15 14.02.2022 (Навсозишуда: 22:02 14.02.2022) Холдинги энержӣ аз қарзҳои ҳангуфт аз бонк, нерӯгоҳи барқи обӣ ва дигар ширкатҳои Тоҷикистон гузориш дод
ДУШАНБЕ, 14 фев – Sputnik. Қарзи ширкати "Барқи тоҷик" ба ҳолати аввали соли 2022 ба 32,3 миллиард сомонӣ ё тақрибан 2,9 миллиард доллар расидааст
Дар ин бора намояндагони ширкат дар рафти нишасти матбуотияшон изҳор доштанд.
Ба иттилои масъулин, қарзи ширкат танҳо давоми соли 2021 3,3 миллиард сомонӣ афзудааст.
Қарзи умумии ширкати "Барқи тоҷик" 33 дарсади ММД-и Тоҷикистон барои соли 2021 – ҳудуди 100 миллиард сомонӣ (қариб 8,8 миллиард доллар)-ро ташкил медиҳад.
Ҳамин тавр ширкати мазкур аз ҳама бештар аз Вазорати молияи Тоҷикистон қарздор будааст, ки он ҳудуди 24,1 миллиард сомониро ташкил медиҳад. Маълум аст, ки ширкат барои татбиқи лоиҳаҳои нерӯи барқ қарз гирифтааст.
Ҳамчунин ин ширкат аз нерӯгоҳҳои "Сангтӯда-1" ва "Сангтӯда-2" 4,3 миллиард, ҶСК "НБО Роғун" 630 миллион, ҶСК "Тоҷиктрансгаз" 362 миллионӣ ва аз ширкатҳои воридкунандаи ангишт ба нерӯгоҳи ҳароратии дар пойтахт мавҷудбуда 215 миллион сомонӣ қарздор аст.
Тибқи иттилои ин ниҳод, давоми як соли ахир кишвар ба хориҷ наздик ба 900 миллион сомонӣ барқ фурӯхтааст.
Барқи Тоҷикистонро давоми як сол Афғонистон ба маблағи 635,9 миллион сомонӣ (56,3 доллар) ва Ӯзбекистон 260,2 миллион сомонӣ (23 миллион доллар) харидаанд.
“Барқи тоҷик” мегӯяд, соли 2021 дар кишвар қариб 16 миллиард киловатт-соат нерӯи барқ тавлид шуд, ки бештари он ба нерӯгоҳи "Норак" рост меояд.
Мавриди зикр аст, ки ахиран раисҷумҳури кишрвар Мирзо Исмоилзодаро аз мақоми раҳбарии ин ширкат барканор ва Маҳаммадумар Асозодаро ба ҷойи ӯ таъйин кард.
Ҳамакнун раҳбарияти нав барои пардохти ин қарз чӣ тасмим дорад ва дар ин амр то куҷо муваффақ мешавад, суолест матраҳ.