Даргузашти ҳунарманди амрикоӣ ва устоди размҳои омехта Роберт Уолл

© KAABAАмериканский актер и мастер боевых искусств Роберт Уолл
Американский актер и мастер боевых искусств Роберт Уолл - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.02.2022
Обуна шудан
Ҳунарпешаи афсонавӣ Роберт Уолл, ки дар филмҳо ҳамроҳи Чак Норрис ва Брюс Ли нақш бозидааст, дар синни 82-солагӣ аз олам чашм пӯшид
ДУШАНБЕ, 1 фев — Sputnik. Актёр ва ҳунарманди маъруфи амрикоӣ Роберт Уолл дар синни 82-солагӣ дар Амрико даргузашт.
Дар ин бора хабаргузории TMZ бо такя ба наздикони ҳунарманд навиштааст, аммо дар бораи сабаби дақиқи марги ӯ хабар дода нашудааст.
Ҳунарманд ва қаҳрамони собиқи ҷаҳон дар риштаи каратэ бо нақшҳои худ дар филмҳо бо Брюс Ли - "Роҳи аждаҳо" ва бисёр филмҳои дигар бо Чак Норрис маъруф шуд.
Ӯ инчунин бо номи Боб Уолл маъруф буд.

"Ӯ зиндагии аҷибе дошт ва дар дили мо як холигоҳе ҳаст, ки ҳеҷ гоҳ пур нахоҳад шуд. Рӯҳ ва осори ӯ ҳамеша дар дили мо боқӣ хоҳад монд. Ӯ такягоҳи мо буд", - менависад манбаъ.

Гуфта мешавад, Роберт Уол ҳамеша шавҳар ва падари намунавӣ буд, рафтани ӯ барои наздикон ва мухлисон талафоти ҷуброннопазир аст.
Роберт Уолл соли 1939 дар Калифорния таваллуд шудааст. Аз овони ҷавонӣ санъати ҷангии окинаваро омӯхт ва дар соли 1966 ҳамроҳ бо қаҳрамони каратэ Ҷо Люис студияи каратэи худро боз кард.
Творческий вечер Гайдай всегда Гайдай! - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.01.2022
Даргузашти Леонид Куравлев, ҳунарманди машҳури Иттиҳоди Шӯравӣ
Уолл дорои камарбанди сиёҳи дараҷаи нуҳуми Танг Су До буд ва таҳти раҳбарии Чак Норрис тамрин кард. Ҳунармандон солҳои зиёд шарикони тиҷоратӣ буданд. Илова бар ин Роберт дар бисёре аз филмҳои Норрис нақшҳои муҳим бозидааст.
Соли 1972 филми машҳури Уолл ва Брюс Ли - "Роҳи аждаҳо" ба намоиш гузошта шуд ва дар соли 1973 ӯ дар нахустин филми "Ҳолливуд" бо санъати ҳарбӣ "Enter the Dragon" бозӣ кардааст.
Боб Уолл инчунин дар сериоли телевизионии "Уокери зӯр" дар чанд нақш баромад кард ва дар соли 2009 дар филми амалии "Хун ва устухон" нақш бозид. Дар маҷмуъ, ӯ беш аз 30 нақш офаридааст.
Лентаи хабарҳо
0