https://sputnik.tj/20220130/darguzashti-leonid-kuravlev-hunarpeshai-ittihodi-shuravi-1045333288.html
Даргузашти Леонид Куравлев, ҳунарманди машҳури Иттиҳоди Шӯравӣ
Даргузашти Леонид Куравлев, ҳунарманди машҳури Иттиҳоди Шӯравӣ
Sputnik Тоҷикистон
Ҳунарпешаи маъруфи Русия ва Иттиҳоди Шӯравӣ дар синни 85-солагӣ даргузашт
2022-01-30T17:10+0500
2022-01-30T17:10+0500
2022-01-31T13:03+0500
даргузашт
иттиҳоди шӯравӣ
ҳунарпеша
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/0c/1044739820_0:7:2048:1159_1920x0_80_0_0_513d401547c88c9f40fb3cba8d7a2453.jpg
ДУШАНБЕ, 30 янв — Sputnik. Расонаҳои Русия аз марги ҳунарпешаи машҳури шӯравӣ Леонид Куравлев хабар додан.Леонид Куравлев, ҳунарманди синамои Иттиҳоди Шӯравӣ ва Русия, Ҳунарманди мардумии Ҷумҳурии Федеративии Сотсиалистии Русияи Шӯравӣ дар синни 86-солагӣ даргузашт.Дар бораи сабабҳои марг ӯ маълумот дода нашудааст.Хабари марги Леонид Куравлевро писараш низ тасдиқ кард.Қаблан хабар дода шуда буд, ки ҳунарпешаи машҳур бо нишонаҳои коронавирус дар беморхонаи Коммунарка бистарӣ шудааст. Наздикони ҳунарманди мардумӣ хабар доданд, ки гирифтории ӯ ба "Ковид" тасдиқи худро наёфтааст.Ҳунарманди 85-сола гирифтори вируси илтиҳоби шуш шудааст. Пас аз ҷарроҳии изтирорӣ дар бемористон барои барқароршавии саломатиаш бистарӣ буд.Леонид Куравлев 8 октябри соли 1936 дар Маскав таваллуд шудааст. Падараш ба ҳайси челонгар ва модараш ҳамчун сартарош кор мекарданд.Дар мактаб Куравлев баҳои чандон хуб надошт. Барои у махсусан фанҳои дақиқ: математика, химия ва физика душвор буданд. Тавре худи ӯ эътироф мекунад, ин ба интихоби касб таъсир расонд. Рӯзе яке аз наздиконаш ба ӯ маслизат дод, ки ба ВГИК дохил шавад.Соли 1953 Леонид Куравлёв бори аввал кӯшиш кард, ки ба ВГИК дохил шавад, вале ба донишгоҳ нарафт ва ба коргоҳи “Оптик”-и Москва ба кор даромад.Кушиши навбатй дар соли 1955 сурат гирифт: ин дафъа ӯ имтиҳонҳоро бомуваффақият супурда, донишҷӯи шуъбаи ҳунарпешагии ВГИК шуд ва дар курси Борис Владимирович Бибиков таҳсил мекард. Вай соли 1960 Донишгоҳро хатм кардааст, миёни ҳамсабақонаш Светлана Дружинина, Софико Чиаурелӣ низ буданд.Леонид Куравлев бо нақшҳои бозикардааш дар филми Василий Шукшин "Чунин ҷавоне зиндагӣ мекунад" маъруф шуд. Ҳамчунин ҳунарпешаи машҳур дар филмҳои “Иван Васильевич касбашро иваз кард”, “Афоня”, “Гӯсолаи тилоӣ” нақшҳои калидӣ бозӣ кардааст.Ҳунарпеша дар зиёда аз 200 филм ва сериалҳо нақш офаридааст.Танҳо як бор оиладор шуд. Ҳамсараш Нина Васильевна, муаллими забони англисӣ буд. Онҳо 52 сол якҷо зиндагӣ карданд.Ҳамсари Леонид Куравлев дар сини ҳафтоду дусолагӣ аз олам чашм пӯшид.
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/0c/1044739820_0:0:2048:1537_1920x0_80_0_0_2971970db6bd39d8442dfd1ce853c1ec.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия, иттиҳоди шӯравӣ, леонид куравлев, даргузашт, ҳунарпеша
русия, иттиҳоди шӯравӣ, леонид куравлев, даргузашт, ҳунарпеша
Даргузашти Леонид Куравлев, ҳунарманди машҳури Иттиҳоди Шӯравӣ
17:10 30.01.2022 (Навсозишуда: 13:03 31.01.2022) Ҳунарманди маъруфи Русия ва Иттиҳоди Шӯравӣ дар синни 85-солагӣ даргузашт
ДУШАНБЕ, 30 янв — Sputnik. Расонаҳои Русия аз марги ҳунарпешаи машҳури шӯравӣ Леонид Куравлев хабар додан.
Леонид Куравлев, ҳунарманди синамои Иттиҳоди Шӯравӣ ва Русия, Ҳунарманди мардумии Ҷумҳурии Федеративии Сотсиалистии Русияи Шӯравӣ дар синни 86-солагӣ даргузашт.
Дар бораи сабабҳои марг ӯ маълумот дода нашудааст.
Хабари марги Леонид Куравлевро писараш низ тасдиқ кард.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки ҳунарпешаи машҳур бо нишонаҳои коронавирус дар беморхонаи Коммунарка бистарӣ шудааст. Наздикони ҳунарманди мардумӣ хабар доданд, ки гирифтории ӯ ба "Ковид" тасдиқи худро наёфтааст.
Ҳунарманди 85-сола гирифтори вируси илтиҳоби шуш шудааст. Пас аз ҷарроҳии изтирорӣ дар бемористон барои барқароршавии саломатиаш бистарӣ буд.
Леонид Куравлев 8 октябри соли 1936 дар Маскав таваллуд шудааст. Падараш ба ҳайси челонгар ва модараш ҳамчун сартарош кор мекарданд.
Дар мактаб Куравлев баҳои чандон хуб надошт. Барои у махсусан фанҳои дақиқ: математика, химия ва физика душвор буданд. Тавре худи ӯ эътироф мекунад, ин ба интихоби касб таъсир расонд. Рӯзе яке аз наздиконаш ба ӯ маслизат дод, ки ба ВГИК дохил шавад.
Соли 1953 Леонид Куравлёв бори аввал кӯшиш кард, ки ба ВГИК дохил шавад, вале ба донишгоҳ нарафт ва ба коргоҳи “Оптик”-и Москва ба кор даромад.
Кушиши навбатй дар соли 1955 сурат гирифт: ин дафъа ӯ имтиҳонҳоро бомуваффақият супурда, донишҷӯи шуъбаи ҳунарпешагии ВГИК шуд ва дар курси Борис Владимирович Бибиков таҳсил мекард. Вай соли 1960 Донишгоҳро хатм кардааст, миёни ҳамсабақонаш Светлана Дружинина, Софико Чиаурелӣ низ буданд.
Леонид Куравлев бо нақшҳои бозикардааш дар филми Василий Шукшин "Чунин ҷавоне зиндагӣ мекунад" маъруф шуд. Ҳамчунин ҳунарпешаи машҳур дар филмҳои “Иван Васильевич касбашро иваз кард”, “Афоня”, “Гӯсолаи тилоӣ” нақшҳои калидӣ бозӣ кардааст.
Ҳунарпеша дар зиёда аз 200 филм ва сериалҳо нақш офаридааст.
Танҳо як бор оиладор шуд. Ҳамсараш Нина Васильевна, муаллими забони англисӣ буд. Онҳо 52 сол якҷо зиндагӣ карданд.
Ҳамсари Леонид Куравлев дар сини ҳафтоду дусолагӣ аз олам чашм пӯшид.