https://sputnik.tj/20211228/tirparroni-marz-payom-rahmon-taghyirot-muhojirat-1044452046.html
Боз тирпаронӣ дар марз, паёми Раҳмон ва тағйирот дар қонуни муҳоҷират
Боз тирпаронӣ дар марз, паёми Раҳмон ва тағйирот дар қонуни муҳоҷират
Sputnik Тоҷикистон
Ҳафтаи рафтаро рухдодҳое, ба монанди паёми солонаи президенту изҳороти нави ӯ, маълум шудани тағйирот дар қонуни муҳоҷират ва хабари лағв гардидани раводиди Туркия барои тоҷикистониён хотирмон намуданд
2021-12-28T02:42+0500
2021-12-28T02:42+0500
2021-12-28T14:27+0500
дар тоҷикистон
таҳлил
ахбор
ҳафта
ҷамъбаст
туркия
қирғизистон
марз
муҳоҷир
раводид
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/17/1044339473_0:0:2049:1153_1920x0_80_0_0_bf4a22f966715810d08758133fd5a0a6.jpg
ДУШАНБЕ, 28 дек — Sputnik, Фарида Бобоҷонова. Охири декабр чун анъана раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон паёми солонаашро пешниҳод кард. Дар он кишвардор чанд нуқтаи муҳим, аз ҷумла зарурати ҷорӣ кардани 5-солаи рушди саноат дар ҷумҳуриро таъкид дошт.Дар Русия бошад, интизор мерасад бо оғози соли нав дар соҳаи муҳоҷират низ чанд тағйироти назаррас ҷорӣ карда шаванд, ки ба тоҷикистониён ҳам бетаъсир нахоҳанд монд.Дар моҳи равон, ҳафтаи севум аст, ки вазъ дар марзи Тоҷикистон бо Қирғизистон ором нест. Агар пеш аз ин сарҳадбонон тавониста бошанд, ки сари роҳи ташаннуҷро гиранд, ин ҳафта, вазъ тундтар гардид.Sputnik Тоҷикистон муҳимтарин рухдодҳои ҳафтаи рафта 20-26 декабрро ба ёд меорад.Паёми солонаи президентПаёме ки имсол Эмомалӣ Раҳмон хонд, даҳумин аст. Онро кишвардор 21 декабр ироа намуд.Раисиҷумҳур чун анъана дар паёми худ натоиҷи соли гузаштаро ҷамъбаст намуда, самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии кишварро барои соли оянда муайян намуд.Муҳимтарин нуқтаҳо, изҳороти раисҷумҳур дар бораи афзоиши Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ, эълони панҷсолаи рушди саноат, озод кардани кирмактпарварон аз андоз ба мӯҳлати 10 сол, эълони болоравии ҳаҷми нафақаю маош ва ғайраҳо мебошанд.Ҳамин тавр, ба қавли Раҳмон, давоми 20 соли охир рушди миёнаи солонаи иқтисодӣ 7,5 фоизро ташкил додааст.ММД аз 1,8 миллиард сомонӣ дар соли 2000-ум ба 95 миллиард сомонӣ дар соли 2021 расидааст. Дар идома кишвардор пешниҳод намуд, ки солҳои 2022-2026 панҷсолаи рушди саноат эълон карда шавад.Дастур дода шуд, ки дар ин муддат беш аз 500 ҳазор ҷойи корӣ фароҳам гарданд. Инчунин таъкид шуд, ки кирмакпарварон 10 сол аз пардохти андоз озод мешаванд ва маош аз 20 то 50 дарсад, нафақа (кӯдакони ятим) то 25 дарсад ва стипендия низ то 20 дарсад афзоиш меёбад. Баробари ин раисҷумҳур соҳаи маорифро интиқод намуда, гуфт, ки методҳои дарсдиҳӣ бояд бозбинӣ гарданд. Ҳамчунин, Раҳмон таъкид кард, ки дар оянда ба мақомҳои давлатӣ танҳо нафароне ба кор гирифта мешаванд, ки донандаи ду забони хориҷӣ мебошанд.Ба қавли раисҷумҳур минбаъд дар деҳоти кишвар низ манзилҳои бисёрошёна бунёд карда мешаванд. Зеро, аҳолӣ зиёд мешавад ва бояд заминҳои кишоварзиро ҳифз намуд.Эмомалӣ Раҳмон дар ин баромадаш ба мавзӯи Афғонистон низ дахл кард. Ӯ роҳи ягонаи ҳалли мушкилии ин кишварро ташкили ҳукумати фарогир номида, таъкид намуд, ки вазъ дар ин давлат ба ҳамсояҳо низ бетаъсир нахоҳад монд.Ҳафтаи рафта, президенти Тоҷикистон чандин қонунро низ имзо кард. Ҳамин тавр аз ҷониби сарвари давлат дар маҷмӯъ 45 қонун, аз ҷумла қонунҳо “Дар бораи муқовимат бо терроризм”, “Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш”, “Дар бораи парандапарварӣ”, “Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон” имзо шудаанд.Русия ва муҳоҷиратАвали ҳафта маълум шуд, ки вуруди бархе аз муҳоҷирон ба Русия манъ мешавад. Вазорати умури дохилии кишвар тарҳи нави қонун дар бораи вуруди шаҳрвандони хориҷиро омода кардаастМувофиқи он, муҳлати будубоши муваққатии муҳоҷирон дар сурати саркашӣ аз муоинаи ҳатмии тиббӣ, тибқи фармони расмии вазири умури дохили Русия, метавонад кам карда шавад.Инчунин дар сурати ошкор шудани бемориҳои сироятии барои атрофиён хатарнок, аз ҷумла ВНМО муҳлати будубош кӯтоҳ карда мешавад.Дар баробари ин 24 декабр Додситони кулли Русия феҳрасти 13 нафареро нашр намуд, ки ба Тоҷикистон истирдод шудаанд. Дар ин миён аз ҷумла ду зан мавриди таҳқиби ҷиноӣ қарор доштаанд.Миёни истирдодшудаҳо инчунин прапоршики нерӯҳои марзбонӣ низ қарор дорад, ки моҳи декабри соли 2019 ба ҷои хидматаш ҳозир нашуда, хидматгурезӣ кардааст.Додситонии кулл таъкид намудааст, ки қарори истирдоди 13 нафар муттаҳам ҳукми қонунӣ гирифта, Хадамоти иҷро бо риояи меъёрҳои амниятӣ муттаҳамонро ба Тоҷикистон супурдааст.Инчунин авали ҳафта хабар дода шуд, ки Туркия маҳдудиятҳои раводид барои шаҳрвандони Тоҷикистонро лағв мекунад. Дар ин бора Мустафо Варанк, вазири саноат ва технологияи Туркия дар ҳамоиши дуҷонибаи доираҳои тиҷоратӣ дар шаҳри Қуния хабар дод.Ба гуфтаи Варанк, маҳдудиятҳо дар моҳи январи соли 2022 лағв хоҳанд шуд.Дар ҳоли ҳозир бо шиносномаи хориҷӣ ва бидуни раводид метавон дар Туркия то 30 рӯз, бо шиносномаи хидматӣ то 60 рӯз ва бо шиносномаи дипломатӣ то 90 рӯз монд.Боз таниш дар сарҳад бо ҚирғизистонШаби 22-юми декабри соли равон, тахминан соатҳои 22:00 хонаи сокини деҳаи Сомониёни Ҷамоати деҳоти Чоркӯҳи шаҳри Исфара Муҳаммадҷон Довудов мавриди тирпаронӣ қарор гирифт.Мақомоти шаҳри Исфара хабар дод, ки дар натиҷаи тирпаронӣ оинаҳои хонаи Муҳаммадҷон Довудов шикаста, тирҳо то ба ҷойи хоб ва деворҳои хона бархӯрдаанд.Дар ҳамин ҳол КДАМ Қирғизистон марзбонони тоҷикро дар захмӣ кардани ронандаи "КамАЗ" айбдор мекунанд. КДАМ Тоҷикистон то ҳол тафсилоти ин ҳодисаро ироа накардааст. Рӯзи 26 декабр бошад, аз қазияи нав дар марз бо Тоҷикистон хабар дода шуд. Ҷониби Қирғизистон аз таҷаммӯи низомиёни тоҷик дар марз ва роҳандозии реҷаи пурзӯри хидмат дар бархе аз қисматҳои сарҳад изҳорот дод. Тарафи Тоҷикистон феълан ин қазияҳоро шарҳ надодааст, аммо дар зимни тавзеҳи қазияҳои қаблӣ изҳор дошт, ки шаҳрвандону марзбонҳои қирғиз ба иғвоангезӣ роҳ медиҳанд, ки боиси ташаннуҷи вазъ дар марз мегардад. Ин ҳафтаи севум аст, ки пай дар пай дар марз ҷанҷол сар мезанад.
https://sputnik.tj/20211221/mardum-mushkilot-ziyod-rahmon-1044292705.html
https://sputnik.tj/20211221/afzoish-sadbarobar-pasandoz-bonkho-tojikiston-1044297911.html
https://sputnik.tj/20211227/khusnullin-muhojiron-rusiya-1044422074.html
https://sputnik.tj/20211227/ayodat-khonavoda-qurboniyon-munoqisha-tojikistonu-qirghiziston-1044447424.html
қирғизистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/17/1044339473_40:0:1857:1363_1920x0_80_0_0_4ec3559c254c4e51e5ce4638e1f2fac6.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳафта, ҷамъбаст, хотирмон, рухдодҳо, марз, раводид, муҳоҷир
ҳафта, ҷамъбаст, хотирмон, рухдодҳо, марз, раводид, муҳоҷир
Боз тирпаронӣ дар марз, паёми Раҳмон ва тағйирот дар қонуни муҳоҷират
02:42 28.12.2021 (Навсозишуда: 14:27 28.12.2021) Ҳафтаи рафтаро рухдодҳое ба монанди паёми солонаи президенту изҳороти нави ӯ, маълум шудани тағйирот дар Қонуни муҳоҷират ва хабари лағви раводиди Туркия барои тоҷикистониён хотирмон намуданд
ДУШАНБЕ, 28 дек — Sputnik, Фарида Бобоҷонова. Охири декабр чун анъана раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон паёми солонаашро пешниҳод кард. Дар он кишвардор чанд нуқтаи муҳим, аз ҷумла зарурати ҷорӣ кардани 5-солаи рушди саноат дар ҷумҳуриро таъкид дошт.
Дар Русия бошад, интизор мерасад бо оғози соли нав дар соҳаи муҳоҷират низ чанд тағйироти назаррас ҷорӣ карда шаванд, ки ба тоҷикистониён ҳам бетаъсир нахоҳанд монд.
Дар моҳи равон, ҳафтаи севум аст, ки вазъ дар марзи Тоҷикистон бо Қирғизистон ором нест. Агар пеш аз ин сарҳадбонон тавониста бошанд, ки сари роҳи ташаннуҷро гиранд, ин ҳафта, вазъ тундтар гардид.
Sputnik Тоҷикистон муҳимтарин рухдодҳои ҳафтаи рафта 20-26 декабрро ба ёд меорад.
Паёме ки имсол Эмомалӣ Раҳмон хонд, даҳумин аст. Онро кишвардор 21 декабр ироа намуд.
Раисиҷумҳур чун анъана дар паёми худ натоиҷи соли гузаштаро ҷамъбаст намуда, самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии кишварро барои соли оянда муайян намуд.
Муҳимтарин нуқтаҳо, изҳороти раисҷумҳур дар бораи афзоиши Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ, эълони панҷсолаи рушди саноат, озод кардани кирмактпарварон аз андоз ба мӯҳлати 10 сол, эълони болоравии ҳаҷми нафақаю маош ва ғайраҳо мебошанд.
Ҳамин тавр, ба қавли Раҳмон, давоми 20 соли охир рушди миёнаи солонаи иқтисодӣ 7,5 фоизро ташкил додааст.
ММД аз 1,8 миллиард сомонӣ дар соли 2000-ум ба 95 миллиард сомонӣ дар соли 2021 расидааст. Дар идома кишвардор пешниҳод намуд, ки солҳои 2022-2026 панҷсолаи рушди саноат эълон карда шавад.
Дастур дода шуд, ки дар ин муддат беш аз 500 ҳазор ҷойи корӣ фароҳам гарданд. Инчунин таъкид шуд, ки кирмакпарварон 10 сол аз пардохти андоз озод мешаванд ва маош аз 20 то 50 дарсад, нафақа (кӯдакони ятим) то 25 дарсад ва стипендия низ то 20 дарсад афзоиш меёбад.
Баробари ин раисҷумҳур соҳаи маорифро интиқод намуда, гуфт, ки методҳои дарсдиҳӣ бояд бозбинӣ гарданд. Ҳамчунин, Раҳмон таъкид кард, ки дар оянда ба мақомҳои давлатӣ танҳо нафароне ба кор гирифта мешаванд, ки донандаи ду забони хориҷӣ мебошанд.
Ба қавли раисҷумҳур минбаъд дар деҳоти кишвар низ манзилҳои бисёрошёна бунёд карда мешаванд. Зеро, аҳолӣ зиёд мешавад ва бояд заминҳои кишоварзиро ҳифз намуд.
Эмомалӣ Раҳмон дар ин баромадаш ба мавзӯи Афғонистон низ дахл кард. Ӯ роҳи ягонаи ҳалли мушкилии ин кишварро ташкили ҳукумати фарогир номида, таъкид намуд, ки вазъ дар ин давлат ба ҳамсояҳо низ бетаъсир нахоҳад монд.
Ҳафтаи рафта, президенти Тоҷикистон чандин қонунро низ имзо кард. Ҳамин тавр аз ҷониби сарвари давлат дар маҷмӯъ 45 қонун, аз ҷумла қонунҳо “Дар бораи муқовимат бо терроризм”, “Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш”, “Дар бораи парандапарварӣ”, “Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон” имзо шудаанд.
Авали ҳафта маълум шуд, ки вуруди бархе аз муҳоҷирон ба Русия манъ мешавад. Вазорати умури дохилии кишвар тарҳи нави қонун дар бораи вуруди шаҳрвандони хориҷиро омода кардааст
Мувофиқи он, муҳлати будубоши муваққатии муҳоҷирон дар сурати саркашӣ аз муоинаи ҳатмии тиббӣ, тибқи фармони расмии вазири умури дохили Русия, метавонад кам карда шавад.
Инчунин дар сурати ошкор шудани бемориҳои сироятии барои атрофиён хатарнок, аз ҷумла ВНМО муҳлати будубош кӯтоҳ карда мешавад.
Дар баробари ин 24 декабр Додситони кулли Русия феҳрасти 13 нафареро нашр намуд, ки ба Тоҷикистон истирдод шудаанд. Дар ин миён аз ҷумла ду зан мавриди таҳқиби ҷиноӣ қарор доштаанд.
Миёни истирдодшудаҳо инчунин прапоршики нерӯҳои марзбонӣ низ қарор дорад, ки моҳи декабри соли 2019 ба ҷои хидматаш ҳозир нашуда, хидматгурезӣ кардааст.
Додситонии кулл таъкид намудааст, ки қарори истирдоди 13 нафар муттаҳам ҳукми қонунӣ гирифта, Хадамоти иҷро бо риояи меъёрҳои амниятӣ муттаҳамонро ба Тоҷикистон супурдааст.
Инчунин авали ҳафта хабар дода шуд, ки Туркия маҳдудиятҳои раводид барои шаҳрвандони Тоҷикистонро лағв мекунад. Дар ин бора Мустафо Варанк, вазири саноат ва технологияи Туркия дар ҳамоиши дуҷонибаи доираҳои тиҷоратӣ дар шаҳри Қуния хабар дод.
Ба гуфтаи Варанк, маҳдудиятҳо дар моҳи январи соли 2022 лағв хоҳанд шуд.
Дар ҳоли ҳозир бо шиносномаи хориҷӣ ва бидуни раводид метавон дар Туркия то 30 рӯз, бо шиносномаи хидматӣ то 60 рӯз ва бо шиносномаи дипломатӣ то 90 рӯз монд.
Боз таниш дар сарҳад бо Қирғизистон
Шаби 22-юми декабри соли равон, тахминан соатҳои 22:00 хонаи сокини деҳаи Сомониёни Ҷамоати деҳоти Чоркӯҳи шаҳри Исфара Муҳаммадҷон Довудов мавриди тирпаронӣ қарор гирифт.
Мақомоти шаҳри Исфара хабар дод, ки дар натиҷаи тирпаронӣ оинаҳои хонаи Муҳаммадҷон Довудов шикаста, тирҳо то ба ҷойи хоб ва деворҳои хона бархӯрдаанд.
Дар ҳамин ҳол КДАМ Қирғизистон марзбонони тоҷикро дар захмӣ кардани ронандаи "КамАЗ" айбдор мекунанд. КДАМ Тоҷикистон то ҳол тафсилоти ин ҳодисаро ироа накардааст.
Рӯзи 26 декабр бошад, аз қазияи нав дар марз бо Тоҷикистон хабар дода шуд. Ҷониби Қирғизистон аз таҷаммӯи низомиёни тоҷик дар марз ва роҳандозии реҷаи пурзӯри хидмат дар бархе аз қисматҳои сарҳад изҳорот дод.
Тарафи Тоҷикистон феълан ин қазияҳоро шарҳ надодааст, аммо дар зимни тавзеҳи қазияҳои қаблӣ изҳор дошт, ки шаҳрвандону марзбонҳои қирғиз ба иғвоангезӣ роҳ медиҳанд, ки боиси ташаннуҷи вазъ дар марз мегардад. Ин ҳафтаи севум аст, ки пай дар пай дар марз ҷанҷол сар мезанад.