https://sputnik.tj/20211221/mardum-mushkilot-ziyod-rahmon-1044292705.html
"Медонем мардум мушкилоти зиёд дорад": Раҳмон фаҳмонд, ки чӣ бояд кард
"Медонем мардум мушкилоти зиёд дорад": Раҳмон фаҳмонд, ки чӣ бояд кард
Sputnik Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон гуфт, медонад, ки зиндагии мардум дар кишвар мушкилоти зиёд дорад
2021-12-21T13:30+0500
2021-12-21T13:30+0500
2021-12-21T13:30+0500
дар тоҷикистон
иҷтимоъ
эмомалӣ раҳмон
мушкилот
тавсиф
сол
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102723/88/1027238880_0:148:2830:1740_1920x0_80_0_0_aacb667f49233aa54780d89328208067.jpg
ДУШАНБЕ, 21 дек — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон изҳор дошт, мушкилотро дар ҷумҳурӣ танҳо худамон, бо заҳмати содиқонаи мардум метавон бартараф кард. Ӯ дар паёми солонааш ба парлумон гуфт, танҳо азму иродаи қавӣ, эътимод ба фардои нек метавонад ҳадафҳои олиро амалӣ созад. Ба гуфтаи Эмомалӣ Раҳмон, барои расидан ба орзуҳои нек, аъзои ҳукумат, вакилони мардум ва ҳамаи хизматчиёни давлатӣ бояд ғайрату виҷдони пок дошта бошанд. Ӯ дар хитоб ба мардум афзуд, модоме ҳама якҷоя як кишвари дар дами ҳалокат қарор доштаро ба давлати амн табдил додем, ҳамаи мушкилоти дигарро низ бартараф мекунем. Эмомалӣ Раҳмон илова намуд, ки дар дунё кори намешуданӣ нест, ҳамаи мушкилотро метавон дар якҷоягӣ бо таҳаммул паси сар кард. Дар зимн аз фаъолии мардуми Тоҷикистон дар ободкориҳои солҳои охир тавсиф намуда, гуфт, барои халқи тоҷик ташббускор даркор аст.Раҳмон муҳим хонд, ки дар панҷ соли оянда, ободкориҳо то деҳоти дурдасттарин амалӣ шаванд, корхонаҳои саноатӣ бунёд гарданд, ҷойҳои корӣ фароҳам гарданду кадрҳои ҷавон тарбия шаванд.
https://sputnik.tj/20211221/pisaram-rahmon-vaziron-vakilon-1044288176.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102723/88/1027238880_157:0:2673:1887_1920x0_80_0_0_377853e355eb5951cc13c4da6ab958a1.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
раисҷумҳур, тоҷикистон, мушкилот, раҳмон
раисҷумҳур, тоҷикистон, мушкилот, раҳмон
"Медонем мардум мушкилоти зиёд дорад": Раҳмон фаҳмонд, ки чӣ бояд кард
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон гуфт, медонад, ки зиндагии мардум дар кишвар мушкилоти зиёд дорад
ДУШАНБЕ, 21 дек — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон изҳор дошт, мушкилотро дар ҷумҳурӣ танҳо худамон, бо заҳмати содиқонаи мардум метавон бартараф кард.
Ӯ дар паёми солонааш ба парлумон гуфт, танҳо азму иродаи қавӣ, эътимод ба фардои нек метавонад ҳадафҳои олиро амалӣ созад.
Ба гуфтаи Эмомалӣ Раҳмон, барои расидан ба орзуҳои нек, аъзои ҳукумат, вакилони мардум ва ҳамаи хизматчиёни давлатӣ бояд ғайрату виҷдони пок дошта бошанд.
"Вазифаи муқаддаси мо хизмати содиқона ба халқи азиз кардан аст. Дигар ягон вазифа надорем", - таъкид кард раисҷумҳур.
Ӯ дар хитоб ба мардум афзуд, модоме ҳама якҷоя як кишвари дар дами ҳалокат қарор доштаро ба давлати амн табдил додем, ҳамаи мушкилоти дигарро низ бартараф мекунем.
Эмомалӣ Раҳмон илова намуд, ки дар дунё кори намешуданӣ нест, ҳамаи мушкилотро метавон дар якҷоягӣ бо таҳаммул паси сар кард.
Дар зимн аз фаъолии мардуми Тоҷикистон дар ободкориҳои солҳои охир тавсиф намуда, гуфт, барои халқи тоҷик ташббускор даркор аст.
Раҳмон муҳим хонд, ки дар панҷ соли оянда, ободкориҳо то деҳоти дурдасттарин амалӣ шаванд, корхонаҳои саноатӣ бунёд гарданд, ҷойҳои корӣ фароҳам гарданду кадрҳои ҷавон тарбия шаванд.