https://sputnik.tj/20211227/ayodat-khonavoda-qurboniyon-munoqisha-tojikistonu-qirghiziston-1044447424.html
Хабаргирӣ аз хонаводаҳои қурбониёни муноқишаи марзии миёни Тоҷикистону Қирғизистон
Хабаргирӣ аз хонаводаҳои қурбониёни муноқишаи марзии миёни Тоҷикистону Қирғизистон
Sputnik Тоҷикистон
Баҳоваддин Баҳодурзода, раиси шаҳри Исфара дар арафаи Соли Нави милодӣ аз оилаҳое, ки дар муноқишаҳои мусаллаҳонаи наздисарҳадӣ бо Қирғизистон қурбонӣ доданд... 27.12.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-12-27T21:00+0500
2021-12-27T21:00+0500
2021-12-28T13:53+0500
дар тоҷикистон
иҷтимоъ
қирғизистон
ёрӣ
исфара
марз
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/1b/1044446993_0:1:641:361_1920x0_80_0_0_d458864355356b04f846d1829a396363.jpg
ДУШАНБЕ, 27 дек — Sputnik. Шаҳрдори Исфара ба ҳолпурсии оилаҳои даҳ шаҳиди муноқишаҳои наздисарҳадии моҳи апрел дар ҷамоатҳои деҳоти Чоркӯҳ ва Сурх рафта, аз аҳволи оилаи шодравон Ҳусейн Ҳакимов дар деҳаи Хоҷаи Аъло низ пурсид. Ба иттилои дафтари матбуотии ҳукумати Суғд, зимни суҳбат бо аҳли байти ҷавонмардони ҷондода, аз шуҷоату ҷонфидоӣ ва садоқатмандии бемисли онҳо зикр карда, раиси шаҳри Исфара аз таҳсили фарзандон ва муаммою мушкилоти хонаводагии онҳо суол кардааст. Баҳодурзода аз дастури Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон гуфта, таъкид намудааст, ки ҳукумати шаҳр барои ҳалли мусбати ҳама гуна мушкилоти иҷтимоии хонаводаҳои қурбониён дар марз мусоидат мекунад.Зимни тақдими хӯрокворӣ ва туҳфаҳои солинавӣ Баҳодурзода раисони ҷамоатҳои деҳоти Чоркӯҳ ва Сурхро вазифадор намуд, ки аҳволу шароити зиндагии ин оилаҳоро таҳти назари доимии худ қарор диҳанд.Маврид ба зикр аст, ки вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон 28 апрели соли равон дар пайи як баҳс сари дарғоти “Головной” шиддат гирифта, 29 апрел ба даргирии мусаллаҳона миёни низомиёни ду кишвар печид.Теъдоди қурбониён бар асари ин ҳодиса аз ҳар ду тараф беш аз 55 нафарро ташкил медиҳад. Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, ки дар пайи муноқишаи мусаллаҳонаи марзӣ 87 тан захмӣ шуда, 19 нафар ба ҳалокат расидааст. Қирғизистон аз ҳалокати 36 шаҳрвандаш дар ин даргирӣ хабар дод. Мақомоти Тоҷикистону Қирғизистон дар оғози ин даргирӣ ҳамдигарро муттаҳам мекунанд.Ин ду кишвар беш аз 980 километр марзи муштарак доранд, ки танҳо 520 километри он аломатгузорӣ шудааст. Номуайянӣ дар марз дар бисёр ҳолатҳо бо муноқиша ва баъзан бо тирпаронию марги одамон мунҷар мешавад.
https://sputnik.tj/20211226/qirghiziston-qaziyai-nav-marz-tojikston-1044412405.html
қирғизистон
исфара
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/1b/1044446993_21:0:590:427_1920x0_80_0_0_5b572ec90d7ba6e9d9133391a4eeb03b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, иҷтимоъ, қирғизистон, ёрӣ, исфара, марз
дар тоҷикистон, иҷтимоъ, қирғизистон, ёрӣ, исфара, марз
Хабаргирӣ аз хонаводаҳои қурбониёни муноқишаи марзии миёни Тоҷикистону Қирғизистон
21:00 27.12.2021 (Навсозишуда: 13:53 28.12.2021) Баҳоваддин Баҳодурзода, раиси шаҳри Исфара дар арафаи Соли Нави милодӣ аз оилаҳое, ки дар муноқишаҳои мусаллаҳонаи наздисарҳадӣ бо Қирғизистон қурбонӣ доданд, хабар гирифт
ДУШАНБЕ, 27 дек — Sputnik. Шаҳрдори Исфара ба ҳолпурсии оилаҳои даҳ шаҳиди муноқишаҳои наздисарҳадии моҳи апрел дар ҷамоатҳои деҳоти Чоркӯҳ ва Сурх рафта, аз аҳволи оилаи шодравон Ҳусейн Ҳакимов дар деҳаи Хоҷаи Аъло низ пурсид.
Ба иттилои дафтари матбуотии ҳукумати Суғд, зимни суҳбат бо аҳли байти ҷавонмардони ҷондода, аз шуҷоату ҷонфидоӣ ва садоқатмандии бемисли онҳо зикр карда, раиси шаҳри Исфара аз таҳсили фарзандон ва муаммою мушкилоти хонаводагии онҳо суол кардааст.
Баҳодурзода аз дастури Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон гуфта, таъкид намудааст, ки ҳукумати шаҳр барои ҳалли мусбати ҳама гуна мушкилоти иҷтимоии хонаводаҳои қурбониён дар марз мусоидат мекунад.
Зимни тақдими хӯрокворӣ ва туҳфаҳои солинавӣ Баҳодурзода раисони ҷамоатҳои деҳоти Чоркӯҳ ва Сурхро вазифадор намуд, ки аҳволу шароити зиндагии ин оилаҳоро таҳти назари доимии худ қарор диҳанд.
Маврид ба зикр аст, ки вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон 28 апрели соли равон дар пайи як баҳс сари дарғоти “Головной” шиддат гирифта, 29 апрел ба даргирии мусаллаҳона миёни низомиёни ду кишвар печид.
Теъдоди қурбониён бар асари ин ҳодиса аз ҳар ду тараф беш аз 55 нафарро ташкил медиҳад. Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, ки дар пайи муноқишаи мусаллаҳонаи марзӣ 87 тан захмӣ шуда, 19 нафар ба ҳалокат расидааст. Қирғизистон аз ҳалокати 36 шаҳрвандаш дар ин даргирӣ хабар дод. Мақомоти Тоҷикистону Қирғизистон дар оғози ин даргирӣ ҳамдигарро муттаҳам мекунанд.
Ин ду кишвар беш аз 980 километр марзи муштарак доранд, ки танҳо 520 километри он аломатгузорӣ шудааст. Номуайянӣ дар марз дар бисёр ҳолатҳо бо муноқиша ва баъзан бо тирпаронию марги одамон мунҷар мешавад.