https://sputnik.tj/20211227/khusnullin-muhojiron-rusiya-1044422074.html
Хуснуллин гуфт, муҳоҷирон дар Русия чи бартарӣ доранд
Хуснуллин гуфт, муҳоҷирон дар Русия чи бартарӣ доранд
Sputnik Тоҷикистон
Намояндаи мақомоти Русия иқрор шуд, ки мушкили нарасидани кадрҳо дар кишвар, ки тавассути муҳоҷирони корӣ ҳал шудааст, дар замони пандемияи коронавирус ошкор гардид
2021-12-27T09:54+0500
2021-12-27T09:54+0500
2021-12-27T09:54+0500
муҳоҷират
хуснуллин
коргарон
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/01/16/1032674176_0:161:3071:1888_1920x0_80_0_0_b693c9894ad1b118681ebc9a05c57a99.jpg
ДУШАНБЕ, 27 дек — Sputnik. Чаро муҳоҷиронро дар Русия иваз кардан иваз кардан имкон надорад, шарҳ дод муовини нахуствазири Русия Марат Хуснуллин дар гуфтугӯ бо ТАСС. Вай гуфт, ки дар Русия норасоии шадиди захираҳои корӣ вуҷуд дорад. Муовини сарвазири Федератсияи Русия тавзеҳ дод, ки то соли 2020 дар сохтмонҳои кишвар беш аз як миллион муҳоҷир кор мекарданд. Аксари онҳо рафтанд, танҳо чанд нафар баргаштанд. Хуснуллин ҳамчунин гуфт, дар асл муҳоҷир ба ивази пуле, ки русҳо барои як басти ҳаштсоата мепардозанд, дар як шабонарӯз 12 соат кор мекунанд. Дар баробари ин, ба гуфтаи сиёсатмадор, дар шароити феълӣ роҳи ҳалли оддӣ вуҷуд надорад.Хуснуллин инчунин вазъияти роҳи автомобилгарди Аврупо — Хитойи ғарбиро мисол овард. Ӯ гуфт, ки дар ин самти кор маоши ронандагон то ба 80-100 ҳазор рубл расидааст, аммо то ҳол одам намерасад. "Қаблан дар хатсайр муҳоҷирон кор мекарданд, ҳоло онҳо намерасанд. Ҳамватанони мо барои рондани мошинҳои боркаш майли зиёд надоранд", - қатъиян қайд кард муовини сарвазир. Хуснуллин афзуд, ки ҳатто дар хатсайрҳои кӯтоҳи ҳамлу нақли бор шаҳрвандони Федератсияи Русия барои кор талош намекунанд. Бартараф кардани мушкилот, ба гуфтаи муовини сарвазир, зина ба зина аст ва роҳи асосии ҳалли камбуди кадрҳо баланд бардоштани ҳосилнокии меҳнат аст.
https://sputnik.tj/20211226/khusnullin-rusiya-muhojiron-lozimand-1044417391.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/01/16/1032674176_170:0:2901:2048_1920x0_80_0_0_b89228a5ca280c2a4e35498c99ec68c2.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
хуснуллин муҳоҷирон русия
хуснуллин муҳоҷирон русия
Хуснуллин гуфт, муҳоҷирон дар Русия чи бартарӣ доранд
Намояндаи мақомоти Русия иқрор шуд, ки мушкили нарасидани кадрҳо дар кишвар, ки тавассути муҳоҷирони корӣ ҳал шудааст, дар замони пандемияи коронавирус ошкор гардид
ДУШАНБЕ, 27 дек — Sputnik. Чаро муҳоҷиронро дар Русия иваз кардан иваз кардан имкон надорад, шарҳ дод муовини нахуствазири Русия Марат Хуснуллин дар гуфтугӯ бо ТАСС.
Вай гуфт, ки дар Русия норасоии шадиди захираҳои корӣ вуҷуд дорад.
Муовини сарвазири Федератсияи Русия тавзеҳ дод, ки то соли 2020 дар сохтмонҳои кишвар беш аз як миллион муҳоҷир кор мекарданд. Аксари онҳо рафтанд, танҳо чанд нафар баргаштанд.
Хуснуллин ҳамчунин гуфт, дар асл муҳоҷир ба ивази пуле, ки русҳо барои як басти ҳаштсоата мепардозанд, дар як шабонарӯз 12 соат кор мекунанд.
Дар баробари ин, ба гуфтаи сиёсатмадор, дар шароити феълӣ роҳи ҳалли оддӣ вуҷуд надорад.
"Коҳиш додани хароҷот мустақиман ба арзиш таъсир мерасонад. Чунин ибора ҳаст: истеъмолкунанда ҳама чизро пардохт мекунад. Масалан, мо муҳоҷиронро ворид накардаем, нархи қувваи корӣ боло рафт. Дар натиҷа ин ба арзиши манзил таъсир расонд", - гуфт мансабдор.
Хуснуллин инчунин вазъияти роҳи автомобилгарди Аврупо — Хитойи ғарбиро мисол овард. Ӯ гуфт, ки дар ин самти кор маоши ронандагон то ба 80-100 ҳазор рубл расидааст, аммо то ҳол одам намерасад.
"Қаблан дар хатсайр муҳоҷирон кор мекарданд, ҳоло онҳо намерасанд. Ҳамватанони мо барои рондани мошинҳои боркаш майли зиёд надоранд", - қатъиян қайд кард муовини сарвазир.
Хуснуллин афзуд, ки ҳатто дар хатсайрҳои кӯтоҳи ҳамлу нақли бор шаҳрвандони Федератсияи Русия барои кор талош намекунанд.
Бартараф кардани мушкилот, ба гуфтаи муовини сарвазир, зина ба зина аст ва роҳи асосии ҳалли камбуди кадрҳо баланд бардоштани ҳосилнокии меҳнат аст.