Қирғизистон аз қазияи нав дар марз бо Тоҷикистон хабар дод: Аз насби миномёт то сангзанӣ

© пресс-служба правительства КыргызстанаВышка на пограничном посту Максат в Лейлекском районе Баткенской области.
Вышка на пограничном посту Максат в Лейлекском районе Баткенской области. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.12.2021
Обуна шудан
Мақомоти Қирғизистон хабар доданд, ки нерӯҳои марзбонии кишвар ба реҷаи пурзӯри хидмат гузаштаанд
ДУШАНБЕ, 26 дек — Sputnik. Хадамоти марзбонии Қирғизистон аз қазияи ҷадиде дар марз бо Тоҷикистон хабар дода афзуд, ки феълан вазъ нисбатан муътадил мебошад.
Ба иттилои ин ниҳод, тақрибан соати 14:30-и 25 декабр дар қисмати аломатгузоринашудаи марз дар тарафи дигари минтақаи Сойи ноҳияи Лайлак нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон дар дидбонгоҳашон миномёт насб кардаанд.
Дар қисматҳои муқобили деҳоти қирғизии Дамба ва Мақсад таҷаммӯи низомиёни тоҷик ба қайд гирифта шудааст, хабар дод Sputnik Қирғизистон аз қавли мақомоти қирғиз.
Заседание Совета коллективной безопасности ОДКБ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.12.2021
Ҷабборов: Сарҳади ҳамоҳангнашуда бо Тоҷикистон ба тамомияти Қирғизистон таҳдид мекунад
"Аллакай шом, соати 19:40 дар роҳи Душанбе - Бодканд - Исфана, дар минтақаи Экитош ва Қоқтош се-чор шаҳрванди Тоҷикистон сӯи чор мошини қирғизистон санг партофтаанд. Мошинҳо осеб дидаанд, аз одамон касе ҷароҳат набардошт", - омадааст дар иттилоия.
Манбаъ афзуд, сардори қисми марзбонии Коктош ба ҷои ҳодиса ҳозир шуда, се тири огоҳкунанда ба ҳаво холӣ кардаасту тоҷикистониён фирор кардаанд.
Дар пайи ин мулоқоти мақомоти марзбонии ду кишвар баргузор шуда, барои эътидоли вазъ гурӯҳҳои иловагии марзбонҳо равона гардиданд. Таъкид шудааст, ки барои ҷилавгирӣ аз ташаннуҷи вазъ фармондеҳи гурӯҳи марзбонии Бодканд ва сардори Раёсати марзбонии минтақа дар ҷои ҳодиса қарор доранд.
Мақомоти қирғиз мегӯянд, нерӯҳои марзбонияш дар қисмати мазкур ба низоми пурзӯри хидмат гузаштаанд.
Пограничник на смотровой вышке на границе Кыргызстана. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.12.2021
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
КДАМ се қазияи ахири марзиро шарҳ дод: "Опел"- и ҳомили марзбонҳои қирғиз сарҳадро шикаст
Ҷониби Тоҷикистон феълан ин қазияҳоро шарҳ надодааст, аммо дар зимни тавзеҳи қазияҳои қаблӣ изҳор дошт, ки шаҳрвандону марзбонҳои қирғиз ба иғвоангезӣ роҳ медиҳанд, ки боиси ташаннуҷи вазъ дар марз мегардад.
Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 980 километр марзи муштарак доранд, ки феълан ҳудуди 520 километри он аломатгузорӣ шудааст. Ба далели номуайянӣ дар қисматҳои аломатгузоринашудаи марз баъзан танишҳо рух медиҳанд, ки бо тирпарронӣ ва марги шаҳрвандон мунҷар мешаванд.
Лентаи хабарҳо
0