Пограничник на смотровой вышке на границе Кыргызстана. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Хабарҳои бештар аз танишу созишҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон

КДАМ се қазияи ахири марзиро шарҳ дод: "Опел"- и ҳомили марзбонҳои қирғиз сарҳадро шикаст

© Sputnik / Табылды КадырбековПограничник на смотровой вышке на границе Кыргызстана. Архивное фото
Пограничник на смотровой вышке на границе Кыргызстана. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.12.2021
Обуна шудан
КДАМ Тоҷикистон муноқишаҳои ахир дар марзи Тоҷикистону Қирғизистонро шарҳ дод
ДУШАНБЕ, 24 дек — Sputnik. Мақомоти Тоҷикистон мегӯяд, вақтҳои охир муноқишаҳои марзӣ дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон зиёд шудааст, ки вазъ дар сарҳадро ноором мекунад.
КДАМ Тоҷикистон дар ин ҳодисот шаҳрвандон ва марзбонони Қирғизистонро дар иғвоангезӣ айбдор мекунад.

"Опел"- и ҳомили марзбонҳои қирғиз сарҳадро шикаст

Тибқи гузориши Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон яке аз танишҳои марзӣ 22 декабр, тахминан соати 13:50, дар мавзеи деҳаи Чашмаи ноҳияи Лахши Тоҷикистон рух додааст.
Ба нақли КДАМ, мошини тамғаи "Опел" бо рақами давлатии Қирғизистон 50-49 D ҳангоми убури ғайриқонунии сарҳади Тоҷикистон боздошт гардидааст.
"Муайян карда шуд, ки дар мошин 4 нафар марзбонони мусаллаҳи Қирғизистон қарор доштаанд. Зимни суҳбат ва тавзеҳ дар бораи убури ғайриқонунии марз ва ворид шудан ба қаламрави Тоҷикистон марзбонони қирғиз гуфтанд, ки ин амалҳоро тибқи дастури сардорони худ анҷом додаанд", - омадааст дар хабарнома.
Манбаъ афзуда, ки сарҳадбонони қирғиз бо назардошти талаботи созишномаҳои қаблан ҳосилшуда ба қаламрави Қирғизистон баргардонида шуданд.
Ин ҳодисаро КДАМ Қирғизистон то ҳол шарҳ надодааст.

Тирпаронӣ набуд ронандаи КАМАЗ осеб надид

КДАМ ҳодисаи дигареро низ, ки бо ширктаи ронандаи КАМАЗ рух дод шарҳ додааст.
Тибқи гузориши ин ниҳод,ин ҳодиса низ 22 декабр, тахминан соати 14:10, дар маҳаллаи шаҳраки Хистеварзи вилояти Суғд рух додааст.
Далели убури ғайриқонунии сарҳади давлатӣ аз ҷониби мошини тамғаи КАМАЗ бо рақами давлатии Қирғизистон сабт гардидааст. КДАМ мегӯяд, мошини сӯзишворӣ ба як шаҳрванди Қирғизистон тааллуқ доштааст.
Вышка на пограничном посту Максат в Лейлекском районе Баткенской области. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.12.2021
Марзи Тоҷикистону Қирғизистон боз ноором шуд
Ҷониби Тоҷикистон мегӯяд, бо мақсади нигоҳ доштани нақлиёти вайронкунандаи қоида марзбонони Тоҷикистон ишораи боздошт кардаанд. Аммо ронанда ба талаби марзбонони тоҷик эътибор надода, суръати мошинро афзоиш дода, хостааст марзбононро пахш кунад.
"Дар натиҷаи тадбирҳои андешидашуда мошин боздошта шуд. Ҳангоми боздошт ронандаи мошин осеб надидааст", - омадааст дар хабарнома.
Бояд гуфт КДАМ - и Қирғизистон дар шарҳи ин ҳодиса хабарҳои дигаргуна пахш кард ва гуфт, ки ронанда дар паи тирпаронӣ осеб дидааст.

Тир ба тиреза

Ҳодисаи сеюм, ки ба нақли КДАМ 22 декабр, тахминан соати 23:00 рух додааст, тирпаронӣ дар пай доштааст.
Шаби ноором: боз тирпаронӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Бино ба гузориши КДАМ, аз ҷониби шаҳрвандони Қирғизистон дар деҳаи Сомониёни шаҳри Исфараи вилояти Суғд ба манзили як шаҳрванди Тоҷикистон тирандозӣ сурат гирифт.

"Тир аз нуқтаи аҳолинишини Майскийи Кирғизистон паронда шудааст. Дар натиҷа тирезаҳои хонаи як шаҳрванди Тоҷикистон осеб дидаанд", - шарҳ додааст мақомоти тоҷик.

КДАМ Қирғизистон дар шарҳи ин қазия мегӯяд, дар ҷои ҳодиса паи тирпаронӣ ба қайд гирифта нашудааст ва таҳқиқот дар ин самт идома дорад.
КДАМ Тоҷикистон мегӯяд, аз рӯи ҳамаи ҳодисаҳои сарҳадии дар боло зикршуда, дар сатҳи намояндагони марзбонии ҷонибҳо мулоқоти корӣ баргузор мешаванд.
Лентаи хабарҳо
0