Ҷабборов: Сарҳади ҳамоҳангнашуда бо Тоҷикистон ба тамомияти Қирғизистон таҳдид мекунад

© Пресс-служба МИД РФ / Гузариш ба медиабонкЗаседание Совета коллективной безопасности ОДКБ
Заседание Совета коллективной безопасности ОДКБ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.12.2021
Обуна шудан
Содир ҷабборов гуфтааст, ки сарҳади ҳамоҳангнашудаи давлатӣ дар қитъаҳои алоҳида ба тамомияти арзии Қирғизистон таҳдид мекунад
ДУШАНБЕ, 25 дек — Sputnik. Ҳамоҳангсозии нопурраи марзи давлатӣ бо кишварҳои ҳамсоя ба тамомияти арзии Қирғизистон таҳдид мекунад. Дар ин бора Содир Ҷабборов зимни суханронияш дар ҷаласаи Девони Вазирон изҳор доштааст.
"Ҳамоҳангсозии нопурраи марзи давлатӣ бо кишварҳои ҳамсоя, мушкилот дар раванди музокирот дар баъзе минтақаҳо, убури инфрасохтори стратегии нақлиётии Қирғизистон аз қаламрави кишварҳои ҳамсоя таҳдиди мустақим ба тамомияти арзии ҷумҳурӣ аст", — гуфт Ҷабборов.
Пограничник на смотровой вышке на границе Кыргызстана. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.12.2021
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
КДАМ се қазияи ахири марзиро шарҳ дод: "Опел"- и ҳомили марзбонҳои қирғиз сарҳадро шикаст
Вай таваҷҷуҳи хосаро ба вилояти Бодканд равона кардааст, ки дар ҷараёни даргирии моҳи май дар марзи Қирғизистону Тоҷикистон осеб дидааст.
Муноқиша дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон
Вазъият дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон рӯзи 28-уми апрел вахим шуд. Дар маркази тақсимотии оби "Головной", ки дар болооби дарёи Исфара воқеъ аст, байни сокинони ду кишвари ҳамсоя муноқиша ба амал омад.
Мақомоти ҳар ду кишвар бар ин боваранд, ки макони тақсими об дар қаламрави онҳо ҷойгир аст, аммо ҳанӯз ин масъала ҳал нашудааст.
Рӯзе баъд, 29 апрел низои байни сокинони маҳаллӣ ба муқовимати мусаллаҳонаи низомиёни ду кишвар табдил ёфт.
След от пули на окне - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.12.2021
Шаби ноором: боз тирпаронӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Дар ин росто вазирони умури хориҷӣ ва нахуствазирони ду кишвар музокироти изтирорӣ анҷом доданд, ки дар натиҷа дар бораи оташбас ва хуруҷи техникаи низомӣ аз марз тавофуқ ҳосил, аммо рӯзи дигар тирпаронӣ аз сар гирифта шуд.
Дар натиҷаи муноқиша 19 шаҳрванди Тоҷикистон кушта шуд, 87 нафари дигар, аз ҷумла шаҳрдори Исфара низ ҷароҳатҳои гуногун бардошт. Ҷониби Қирғизистон иддао дорад, ки дар ин мунозиа 36 шаҳрванди ин кишвар кушта ва тақрибан 200 нафари дигар аз онҳо захмӣ шудаанд.
Сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон давра ба давра ба минтақаи муноқишаи байни аҳолии маҳаллӣ ё марзбонони ду кишвар табдил меёбад.
Сабаби асосӣ қитъаҳои заминҳои тақсимнашуда аст; ҷонибҳо дар бораи аломатгузории зиёда аз 70 қитъаи замини баҳсбарангез аз замони пош хӯрдани ИҶШС то кунун ба мувофиқа нарасидаанд.
Лентаи хабарҳо
0