https://sputnik.tj/20211224/ima-pas-poshkhuri-ishjs-havobaland-1044374711.html
Горбачев гуфт, ИМА пас аз пошхӯрии ИШҶС ҳавобаланд шуд
Горбачев гуфт, ИМА пас аз пошхӯрии ИШҶС ҳавобаланд шуд
Sputnik Тоҷикистон
Горбачёв, раиси ҷумҳури собиқи Шӯравӣ гуфт, ки аз муколамаи Русия ва Амрико дар заминаи амният пуштибонӣ мекунад
2021-12-24T12:08+0500
2021-12-24T12:08+0500
2021-12-24T18:51+0500
сиёсат
има
дар русия
михаил горбачев
иҷшс
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/09/1d/1031982577_0:160:3073:1888_1920x0_80_0_0_681923be327b526a75b00a31d0cd2685.jpg
ДУШАНБЕ, 24 дек — Sputnik. Пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ Иёлоти Муттаҳида "ҳавобаланд" шуд, ки идеяи густариши НАТО-ро ба бор овард ва боиси фаромӯш шудани принсипҳои амнияти дастаҷамъӣ гардид, аммо ҳоло ҳам барои аз сар гирифтани муколама дер нашудааст, гуфт дар суҳбат бо РИА "Новости" президенти ИҶШС-и собиқ Михаил Горбачёв. Дар посух ба ин суол, ки "оё мешуд бо Вашингтон равобите бидуни зиён ба Русия бунёд кард?", ин сиёсатмадор ёдовар шуд, суқути кишвар боиси "фурӯпошии иқтисод ва бесарусомонӣ" шуд. "Чӣ тавр метавон ба муносибатҳои баробарҳуқуқ бо ИМА ва Ғарб дар чунин мавқеъ умед баст? Ин якум. Дуюм ва на камтар муҳим, ин рӯҳияи зафарбахш дар Ғарб, бахусус дар ИМА аст. Мағрурӣ ва худшиносӣ ба сарашон зад. Онҳо пирӯзиро дар ҷанги сард эълон карданд. Мо якҷоя ҷаҳонро аз муқовимат, аз мусобиқаи ҳастаӣ берун овардем. Не, "ғолибон" тасмим гирифтанд, ки империяи нав бунёд кунанд. Аз ин рӯ идеяи тавсеаи НАТО пайдо шуд", - гуфт Горбачев. Горбачев бар ин бовар аст, ки раҳбарияти Русия дар аввал ба ин хеле суст вокуниш нишон дод ва баъд тасмим гирифт, ки ӯро "айбдор" кунад. "Ҳеҷ чизи оқилтар ихтироъ нашудааст. Ва Хартияи Порис, ғояҳои амнияти дастаҷамъӣ, таъсиси Шӯрои амнияти Аврупо, ки соли 1991 ба таври ҷиддӣ баррасӣ шуда буданд, ба фаромӯшӣ рафт", - афзуд ӯ. Дар ҳамин ҳол ӯ изҳори итминон кард, ки барои баргаштан ба ин андешаҳо ҳоло ҳам дер нашудааст. "Ман намедонам, ки оё ин пас аз музокироти кишвардорони Русия ва ИМА (Владимир Путин ва Ҷо Байден - идора.) рух дода истодааст, аммо баъзе равандҳо оғоз шудаанд. Ман аз ин ҷонибдорӣ мекунам, умедворам, ки чунин хоҳад буд. Натиҷааш чунин бошад, ки тамоми кишварҳои Аврупо худро бехатар эҳсос кунанд", - гуфт Горбачёв. Маскав ҳафтаи гузашта тарҳи созишномаҳоро бо ИМА ва давлатҳои аъзои НАТО, ки аз ҷумла дар бораи кафолати амнияти ҳамдигарӣ дар Аврупо, дар бораи ҷойгир накардани мушакҳои миёна ва кутоҳпарвоз дар наздикии заминҳои ҳамдигар ва дар бораи васеъ накардани НАТО аз ҳисбои кишварҳои собиқ ИҶШС-ро нашр кард.Муовини вазири хориҷии Русия Сергей Рябков ба РИА Новости гуфтааст, ки агар Ғарб ба ин талабот посух надиҳад, даври нави муқовимат метавонад оғоз шавад. Интизор меравад, ки даври аввали музокирот дар ин мавзуъ моҳи январ баргузор шавад. Қаблан раҳбари Русия борҳо таъкид карда буд, ки тавсеаи НАТО ба Шарқ ва истиқрори пойгоҳ дар Украина барои Маскав хатти сурх аст.
https://sputnik.tj/20211223/putin-harakat-nato-sharq-qobili-qabul-nest-1044352208.html
https://sputnik.tj/20211223/kushtand-suzondand-putin-tabaddulot-ukraina-1044352020.html
има
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/09/1d/1031982577_170:0:2901:2048_1920x0_80_0_0_7bf18d82405799eb63d58f161e5544d6.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
има, русия, аврупо, сиёсат
има, русия, аврупо, сиёсат
Горбачев гуфт, ИМА пас аз пошхӯрии ИШҶС ҳавобаланд шуд
12:08 24.12.2021 (Навсозишуда: 18:51 24.12.2021) Горбачёв, президенти ИҶШС-и собиқ гуфт, аз муколамаи Русия ва Амрико дар заминаи амният пуштибонӣ мекунад
ДУШАНБЕ, 24 дек — Sputnik. Пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ Иёлоти Муттаҳида "ҳавобаланд" шуд, ки идеяи густариши НАТО-ро ба бор овард ва боиси фаромӯш шудани принсипҳои амнияти дастаҷамъӣ гардид, аммо ҳоло ҳам барои аз сар гирифтани муколама дер нашудааст, гуфт дар суҳбат бо РИА "Новости" президенти ИҶШС-и собиқ Михаил Горбачёв.
Дар посух ба ин суол, ки "оё мешуд бо Вашингтон равобите бидуни зиён ба Русия бунёд кард?", ин сиёсатмадор ёдовар шуд, суқути кишвар боиси "фурӯпошии иқтисод ва бесарусомонӣ" шуд.
"Чӣ тавр метавон ба муносибатҳои баробарҳуқуқ бо ИМА ва Ғарб дар чунин мавқеъ умед баст? Ин якум. Дуюм ва на камтар муҳим, ин рӯҳияи зафарбахш дар Ғарб, бахусус дар ИМА аст. Мағрурӣ ва худшиносӣ ба сарашон зад. Онҳо пирӯзиро дар ҷанги сард эълон карданд. Мо якҷоя ҷаҳонро аз муқовимат, аз мусобиқаи ҳастаӣ берун овардем. Не, "ғолибон" тасмим гирифтанд, ки империяи нав бунёд кунанд. Аз ин рӯ идеяи тавсеаи НАТО пайдо шуд", - гуфт Горбачев.
Горбачев бар ин бовар аст, ки раҳбарияти Русия дар аввал ба ин хеле суст вокуниш нишон дод ва баъд тасмим гирифт, ки ӯро "айбдор" кунад.
"Ҳеҷ чизи оқилтар ихтироъ нашудааст. Ва Хартияи Порис, ғояҳои амнияти дастаҷамъӣ, таъсиси Шӯрои амнияти Аврупо, ки соли 1991 ба таври ҷиддӣ баррасӣ шуда буданд, ба фаромӯшӣ рафт", - афзуд ӯ.
Дар ҳамин ҳол ӯ изҳори итминон кард, ки барои баргаштан ба ин андешаҳо ҳоло ҳам дер нашудааст.
"Ман намедонам, ки оё ин пас аз музокироти кишвардорони Русия ва ИМА (Владимир Путин ва Ҷо Байден - идора.) рух дода истодааст, аммо баъзе равандҳо оғоз шудаанд. Ман аз ин ҷонибдорӣ мекунам, умедворам, ки чунин хоҳад буд. Натиҷааш чунин бошад, ки тамоми кишварҳои Аврупо худро бехатар эҳсос кунанд", - гуфт Горбачёв.
Маскав ҳафтаи гузашта тарҳи созишномаҳоро бо ИМА ва давлатҳои аъзои НАТО, ки аз ҷумла дар бораи кафолати амнияти ҳамдигарӣ дар Аврупо, дар бораи ҷойгир накардани мушакҳои миёна ва кутоҳпарвоз дар наздикии заминҳои ҳамдигар ва дар бораи васеъ накардани НАТО аз ҳисбои кишварҳои собиқ ИҶШС-ро нашр кард.
Муовини вазири хориҷии Русия Сергей Рябков ба РИА Новости гуфтааст, ки агар Ғарб ба ин талабот посух надиҳад, даври нави муқовимат метавонад оғоз шавад.
Интизор меравад, ки даври аввали музокирот дар ин мавзуъ моҳи январ баргузор шавад.
Қаблан раҳбари Русия борҳо таъкид карда буд, ки тавсеаи НАТО ба Шарқ ва истиқрори пойгоҳ дар Украина барои Маскав хатти сурх аст.