Путин: Ҳаракати НАТО ба самти шарқ қобили қабул нест

© Sputnik / Рамиль Ситдиков / Гузариш ба медиабонкЕжегодная пресс-конференция президента России Владимира Путина
Ежегодная пресс-конференция президента России Владимира Путина - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.12.2021
Обуна шудан
Владимир Путин зимни нишасти матбуотӣ дар бараи амалу нақҳӯшаҳои Путин дар Украина хабар дод
ДУШАНБЕ, 23 дек — Sputnik. Ҳаракати нерӯҳои эътилофи Атлантикаи Шимолӣ ба марзҳои Русия ғайри қобили қабул аст, гуфт раисиҷумҳури Русия Владимир Путин зимни нишасти матбуотии васеъ дар Манеж.
"Амалҳои мо на аз ҷараёни музокирот, балки аз таъмини бечунучарои амнияти Русия имрӯз ва аз дурнамои таърихӣ вобаста хоҳад буд", - гуфт раҳбари Русия.
Путин изҳор дошт, ки агар Русия мушакҳои худро дар марзи ИМА бо Канада ва ё Мексика интиқол медод, дар ин сурат чӣ мешавад.
"Ҷойгир накардани мушакҳои амрикоӣ дар наздикии марзҳои Русия талаби зиёдатӣ нест", - таъкид кард сарвари давлат.
Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин рӯзи 23 декабр дар толори намоишгоҳи марказии “Манеж” як нишасти хабарии калон баргузор кард. Дар он 507 нафар журналистон иштирок доштанд.
Итоговая пресс-конференция С. Лаврова в Нью-Йорке - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.10.2021
Лавров гуфт, НАТО намехоҳад бо Русия ҳамкорӣ дошта бошад
Мавзӯъҳои асосии нишасти матбуотӣ натиҷаҳои иқтисодии соли 2021, пандемияи коронавирус, ҷорӣ кардани QR кодҳо ва ваксина мебошад.
Бори нахуст чунин нишасти васеи матбуотӣ бо президенти Русия соли 2001 баргузор гардид ва он 1 соату 35 дақиқа давом кард.
Соли 2008 7 -уми нишасти матбуотӣ буд ва феълан тӯлонитарин арзёбӣ мешавад. Он замон президент расо 4 соату 40 дақиқа ба 106 суоли рӯзноманигорон посух дод.
Лентаи хабарҳо
0