https://sputnik.tj/20211223/kushtand-suzondand-putin-tabaddulot-ukraina-1044352020.html
"Инсонҳоро куштанду сӯзонданд": ёдоварӣ аз табаддулоти Украина
"Инсонҳоро куштанду сӯзонданд": ёдоварӣ аз табаддулоти Украина
Sputnik Тоҷикистон
Президенти Русия Владимир Путин аз сиёсатмадорони Ғарб дар робита ба табаддулоти давлатӣ дар Украина интиқод кард
2021-12-23T16:05+0500
2021-12-23T16:05+0500
2021-12-23T20:22+0500
сиёсат
украина
владимир путин
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/17/1044352355_0:0:3099:1743_1920x0_80_0_0_86c79c901043f71d3ea708db48fc958d.jpg
ДУШАНБЕ, 23 дек — Sputnik. Соли 2014 дар Украина табаддулоти хунини давлатӣ сурат гирифт, гуфт Владимир Путин зимни нишасти хабарии бузургаш дар қасри "Манеж". Путин ёдовар шуд, Виктор Янукович, раисҷумҳури вақти Украина ба ҳама шартҳо розӣ буд. "Се вазир, вазирони корҳои хориҷии Лаҳистон, Олмон ва Фаронса кафолати рушди осоиштаи вазъро доданд. Он вақт ман бо ташаббуси ӯ бо президенти ИМА суҳбат кардам. Ӯ аз ман ҳам хоҳиш кард, ки ин равандро дастгирӣ кунам. Ҳама розӣ шуданд. Пас аз як-ду рӯз табаддулот сурат гирифт. Чаро? Ҷавоб нест", - гуфт Путин. Ёдовар мешавем, моҳи ноябри соли 2013 Ҳукумати Украина раванди имзои созишномаи ташкили анҷумане барои ҳамкориҳои миёни Киеву Брюсселро ба таъхир андохт, ки ин иқдом боиси буҳрони шадиди сиёсӣ ва эътирози густурда дар ин кишвар шуд. 16 январи соли 2014 аз ҷониби Радаи болоӣ қабули бастаи қонунҳо дар бораи сахттар кардани муҷозот барои ширкат дар тазоҳуроти беиҷоза боиси муқовимати шадиди хушунатбор гардид. Баъдтар ин қонунҳо бекор карда шуданд.Аз 18 феврали ҳамон сол то инҷониб вазъ якбора бад шуда, маркази Киев шоҳиди хунрезии шуд. Шуруи хушунату хунрезӣ дар маркази Киев боиси фирори густардаи вакилон ва барканории иҷбории Виктор Янукович аз қудрат шуд. Илова бар ин пас аз ин ҳама сокинони Қрим тасмим гирифтанд, ки сарзаминашон ба Русия пайвандад.Нишасти бузурги матбуотии ПутинРаисиҷумҳури Русия Владимир Путин 23 декабр дар толори намоишгоҳи марказии “Манеж” нишасти хабарӣ баргузор кард. Дар он 507 нафар журналист иштирок карданд, ки мавзуъҳои асосии нишасти матбуотӣ натиҷаҳои иқтисодии соли 2021, пандемияи коронавирус, ҷорӣ кардани QR-код ва ваксинаҳоро шомил мешуданд. Сарвари Русия бори нахуст дар соли 2001 ба суолҳои рӯзноманигорон дар ин шакл посух дода буд. Мулоқот 1 соату 35 дақиқа идома дошт ва дар ин муддат раисҷумҳури Русия 22 мавзуъро шарҳ дод. Тӯлонитарин нишасти матбуотӣ нишасти ҳафтуми ӯ маҳсуб мешавад, ки соли 2008 баргузор шуда буд. Раисҷумҳур дар ин нишаст тӯли 4 соату 40 дақиқа ба 106 суол посух дод.
https://sputnik.tj/20211021/dunyo-melarzad-nato-ukraina-shomil-shavad-guna-khohad-shud-1043017817.html
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/17/1044352355_230:0:2961:2048_1920x0_80_0_0_b84a64f2f955d91841894cfaacb035df.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
путин табаддулот украина
"Инсонҳоро куштанду сӯзонданд": ёдоварӣ аз табаддулоти Украина
16:05 23.12.2021 (Навсозишуда: 20:22 23.12.2021) Президенти Русия Владимир Путин аз сиёсатмадорони ғарбӣ дар зимни тамаркуз ба мавзуи табаддулоти давлатӣ дар Украина интиқод кард
ДУШАНБЕ, 23 дек — Sputnik. Соли 2014 дар Украина табаддулоти хунини давлатӣ сурат гирифт, гуфт Владимир Путин зимни нишасти хабарии бузургаш дар қасри "Манеж".
"Дар он ҷо одамонро сӯзонданду куштанд. Ҳоло ман намегӯям, кӣ ҳақ аст ва кӣ ноҳақ", - гуфт раҳбари Русия.
Путин ёдовар шуд, Виктор Янукович, раисҷумҳури вақти Украина ба ҳама шартҳо розӣ буд. "Се вазир, вазирони корҳои хориҷии Лаҳистон, Олмон ва Фаронса кафолати рушди осоиштаи вазъро доданд. Он вақт ман бо ташаббуси ӯ бо президенти ИМА суҳбат кардам. Ӯ аз ман ҳам хоҳиш кард, ки ин равандро дастгирӣ кунам. Ҳама розӣ шуданд. Пас аз як-ду рӯз табаддулот сурат гирифт. Чаро? Ҷавоб нест", - гуфт Путин.
Ёдовар мешавем, моҳи ноябри соли 2013 Ҳукумати Украина раванди имзои созишномаи ташкили анҷумане барои ҳамкориҳои миёни Киеву Брюсселро ба таъхир андохт, ки ин иқдом боиси буҳрони шадиди сиёсӣ ва эътирози густурда дар ин кишвар шуд.
16 январи соли 2014 аз ҷониби Радаи болоӣ қабули бастаи қонунҳо дар бораи сахттар кардани муҷозот барои ширкат дар тазоҳуроти беиҷоза боиси муқовимати шадиди хушунатбор гардид. Баъдтар ин қонунҳо бекор карда шуданд.
Аз 18 феврали ҳамон сол то инҷониб вазъ якбора бад шуда, маркази Киев шоҳиди хунрезии шуд.
Шуруи хушунату хунрезӣ дар маркази Киев боиси фирори густардаи вакилон ва барканории иҷбории Виктор Янукович аз қудрат шуд. Илова бар ин пас аз ин ҳама сокинони Қрим тасмим гирифтанд, ки сарзаминашон ба Русия пайвандад.
Нишасти бузурги матбуотии Путин
Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин 23 декабр дар толори намоишгоҳи марказии “Манеж” нишасти хабарӣ баргузор кард.
Дар он 507 нафар журналист иштирок карданд, ки мавзуъҳои асосии нишасти матбуотӣ натиҷаҳои иқтисодии соли 2021, пандемияи коронавирус, ҷорӣ кардани QR-код ва ваксинаҳоро шомил мешуданд.
Сарвари Русия бори нахуст дар соли 2001 ба суолҳои рӯзноманигорон дар ин шакл посух дода буд. Мулоқот 1 соату 35 дақиқа идома дошт ва дар ин муддат раисҷумҳури Русия 22 мавзуъро шарҳ дод.
Тӯлонитарин нишасти матбуотӣ нишасти ҳафтуми ӯ маҳсуб мешавад, ки соли 2008 баргузор шуда буд. Раисҷумҳур дар ин нишаст тӯли 4 соату 40 дақиқа ба 106 суол посух дод.