Эълони ҳукми Парвиз Давлатов: Додгоҳ ӯро барои ҳашт сол зиндонӣ кард

© Sputnik / Руслан КривобокМолоток судьи, архивное фото
Молоток судьи, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.12.2021
Обуна шудан
Додгоҳи Олӣ Парвиз (Лутфулло) Давлатов, яке аз иштирокчиёни “парвандаи Мадина”-ро ба ҳашт соли зиндон ҳукм кард
ДУШАНБЕ, 14 дек — Sputnik. Тибқи иттилои расонаҳои маҳаллӣ, Додгоҳи Олии Тоҷикистон Парвиз Давлатовро бар асоси се моддаи Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон гунаҳкор донистааст.
Додгоҳ Олӣ ӯро ба ҳашт соли зиндон ҳукм кард.
Дар ҳамин ҳол расонаҳои маҳаллӣ менависанд, ки бар асоси Қонуни авфи моҳи сентябр, ҳукми Парвиз (Лутфулло) Давлатов то 5 солу 4 моҳ кам шуд.
Ёдрас менамоем, қаблан Додситонии кулли Тоҷикистон дар изҳороти расмии расмии худ Парвиз Давлатовро танҳо ба як модда - азобу уқубат айбдор карда буд.
Медицинский работник измеряет уровень кислорода в крови пациенту - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.11.2021
Додситони Душанбе аз "парвандаи Мадина" ба Рустами Эмомалӣ гузориш дод: тафсилот
Дар ҳамин ҳол, тибқи иттилои расонаҳо, муҳокимаи гумонбари асосии латукӯби Мадина Мамаҷонова ҳамсари Парвиз - Азиза Давлатова ҳоло дар боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Душанбе (СИЗО) идома дорад.
Қазияи Мадина Маҳмадҷонова, яке аз парвандаҳои пурсарусадо дар соли равон ба шумор меравад, ки ба он шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир карда буд.
Рустами Эмомалӣ ҷаласаи вижае баргузор кард, ки дар он ба сохторҳои дахлдор супориш дод, парвандаро такмил намоянд, то гунаҳкорон тибқи қонун ҷавоб диҳанд.
Мадина Мамадҷонова аз Душанбе 25 августи соли 2021 нопадид шуд. Пас аз 14 соати нопадид шудан ӯро дар ҳолати вазнин ба бемористони шаҳр бурданд. Тибқи фарзияи пешакӣ, духтар шадидан латукӯб шудааст.
Гумонбаршуда дар ин парванда шаҳрванд А.Д. мебошад, ки эҳтимолан бо ҳамин тариқ хостааст, аз ҷабрдида, ки гуфта мешавад, бо шавҳари ӯ робитаи маҳрамона доштааст, қасос бигирад.
Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.10.2021
Рустами Эмомалӣ ба қазияи шиканҷаи Мадина дахолат кард
Ин ҳодиса вокунишҳои густурдаи ҷомеаро ба бор овард ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ баррасӣ мешавад.
Қаблан маълум шуд, ки фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ ба унвони раиси шаҳри Душанбе муроҷиатнома навишта, дар он аз Рустами Эмомалӣ, Додситонии кулл ва Вазорати корҳои дохилӣ хостаанд, қазияи Мадинаро зери назорат гиранд.
Ҷабрдида то ҳол дар ҳолати вазнин - кома қарор дорад ва табибон пешгӯиҳои ноумедкунанда ироа мекунанд.
Лентаи хабарҳо
0