https://sputnik.tj/20211030/rustami-emomali-qaziyai-madina-dakholat-1043188308.html
Рустами Эмомалӣ ба қазияи шиканҷаи Мадина дахолат кард
Рустами Эмомалӣ ба қазияи шиканҷаи Мадина дахолат кард
Sputnik Тоҷикистон
Раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон ба ҳодисаи шиканҷаи Мадина, як зан дар Душанбе, ки гуфта мешавад, аз ҷониби зани дигар шиканҷа шуда, дар ҳолати вазнин қарор... 30.10.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-10-30T23:26+0500
2021-10-30T23:26+0500
2021-11-01T13:58+0500
рустами эмомалӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103108/48/1031084804_0:0:2048:1153_1920x0_80_0_0_5c5254b9d533f364563b7a2555db6d69.jpg
ДУШАНБЕ, 30 окт — Sputnik. Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе ва раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон ба қазияи шиканҷаи Мадина вокуниш кард.Дар ин бора ба Sputnik Тоҷикистон сухангӯи раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон Наврӯз Қурбонзода хабар дод.Ёдрас мешавем, пештар дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз номи Зулфия Алимова, модари Мадина Мамадҷонова ба номи раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон арз шуда буд, ки духтарашро Азиза Давлатова ном зани дигаре шиканҷа намудааст.Тавре дафтари матбуотии Рустами Эмомалӣ менависад, "раиси шаҳри Душанбе муроҷиати модари ҷабрдидаро мавриди таваҷҷуҳ қарор дод". "Бояд қайд намуд, ки қаблан тафтиши ҳолати мазкур аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳр анҷом дода шуда, бо татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи авф" аз 7 сентябри соли 2021 аз оғози кори ҷиноятӣ рад карда шудааст", - таъкид мекунад манбаъ. Ҳамин тавр Раиси Маҷлиси миллӣ ба Додситонии кул ва Вазорати корҳои дохилӣ дастур дода, ки зимни иҷрои он санҷиши ҳолати кор аз нав оғоз карда шавад. Ба иттилои Зулфия Алимова, Азиза Давлатова дар пайи рашк 25 август Мадина Мамадҷоноваро рабуда, латукӯбу буғӣ кардааст. Дар натиҷа ӯ ду моҳ мешавад, ки дар Муассисаи давлатии Маркази миллии тиббии ҷумҳуриявии "Шифобахш" дар ҳолати вазнину беҳушӣ қарор дорад.Ин муроҷиати зан вокуниши васеи корбарони шабакаҳои иҷтимоиро дар пай дошт. Онҳо аз мақомот, аз ҷумла Рустами Эмомалӣ хоҳиш карданд, ки ба қазия дахолат кунад.
https://sputnik.tj/20210914/latukub-rashk-mard-zan-jiyan-kuftast-1042247025.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103108/48/1031084804_162:0:1979:1363_1920x0_80_0_0_bd69fd875b581017ef620a5f638fdc2e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
рустами эмомалӣ
Рустами Эмомалӣ ба қазияи шиканҷаи Мадина дахолат кард
23:26 30.10.2021 (Навсозишуда: 13:58 01.11.2021) Раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон ба ҳодисаи шиканҷаи Мадина, як зан дар Душанбе, ки гуфта мешавад, аз ҷониби зани дигар шиканҷа шуда, дар ҳолати вазнин қарор дорад, вокуниш кард
ДУШАНБЕ, 30 окт — Sputnik. Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе ва раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон ба қазияи шиканҷаи Мадина вокуниш кард.
Дар ин бора ба
Sputnik Тоҷикистон сухангӯи раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон Наврӯз Қурбонзода хабар дод.
Ёдрас мешавем, пештар дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз номи Зулфия Алимова, модари Мадина Мамадҷонова ба номи раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон арз шуда буд, ки духтарашро Азиза Давлатова ном зани дигаре шиканҷа намудааст.
Тавре дафтари матбуотии Рустами Эмомалӣ менависад, "раиси шаҳри Душанбе муроҷиати модари ҷабрдидаро мавриди таваҷҷуҳ қарор дод".
"Бояд қайд намуд, ки қаблан тафтиши ҳолати мазкур аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳр анҷом дода шуда, бо татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи авф" аз 7 сентябри соли 2021 аз оғози кори ҷиноятӣ рад карда шудааст", - таъкид мекунад манбаъ.
Ҳамин тавр Раиси Маҷлиси миллӣ ба Додситонии кул ва Вазорати корҳои дохилӣ дастур дода, ки зимни иҷрои он санҷиши ҳолати кор аз нав оғоз карда шавад.
"Тафтиши ҳаматарафа, пурра ва объективонаи он таҳти назорати бевосита қарор дода шудааст", - менависад манбаъ.
Ба иттилои Зулфия Алимова, Азиза Давлатова дар пайи рашк 25 август Мадина Мамадҷоноваро рабуда, латукӯбу буғӣ кардааст.
Дар натиҷа ӯ ду моҳ мешавад, ки дар Муассисаи давлатии Маркази миллии тиббии ҷумҳуриявии "Шифобахш" дар ҳолати вазнину беҳушӣ қарор дорад.
Ин муроҷиати зан вокуниши васеи корбарони шабакаҳои иҷтимоиро дар пай дошт. Онҳо аз мақомот, аз ҷумла Рустами Эмомалӣ хоҳиш карданд, ки ба қазия дахолат кунад.