https://sputnik.tj/20211211/khushdom-arus-bad-khushunat-1044081887.html
Чаро ман барои хушдоманам арӯси бад шудам: маслиҳати равоншинос
Чаро ман барои хушдоманам арӯси бад шудам: маслиҳати равоншинос
Sputnik Тоҷикистон
Дар бахши "Суҳбат бо равоншинос" аз вазъиятҳои мушкили занон нақл хоҳем кард, ки дар хонавода ва зиндагӣ рӯбарӯ мешаванд.
2021-12-11T12:45+0500
2021-12-11T12:45+0500
2021-12-13T12:01+0500
дар тоҷикистон
иҷтимоъ
равоншинос
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102282/10/1022821060_20:0:982:541_1920x0_80_0_0_5fa25d2bdf9e2c201dd33e374c7a2e59.jpg
ДУШАНБЕ, 11 дек — Sputnik. Sputnik Тоҷикистон мактуби зани тоҷикеро нашр мекунад, ки намедонад, дар муносибат бо наздикони шавҳараш чӣ гуна рафтор кунад. Ва инак, матни он:Вақте ман оиладор шудам, ҳамсарам бо сабабҳои ба ман номаълум, муносибати хуб надошт: ҷанҷол мекард, хона намеомад ва ба ман аҳамият намедод. Аз ин шеваи зиндагӣ дилгир шуда, хостам ҷудо шавам. Вале модараш даъват мекард, ки сабур бошам ва ҳамааш мегузарад.Хушдоманам дар пеши ҳама маро доим таъриф мекард, ки арӯси хубам ва мегуфт, ки ҳама барои сабру тоқатам офарин мехонанд.Вазъи номуайянӣ бо ҳамсарам қариб се сол давом кард, то он замон мо фарзандор шудем. Ӯ худ дар шаҳр қарор дошту ман дар деҳа, дар назди модараш будам.Ниҳоят вай моро ба шаҳр даъват кард. Вақте ба наздаш рафтам маълум шуд, ки дар ҷое кор намекардааст, танҳо то ин муддат рӯзашро мегузаронидааст.Худам ба кор баромадам. Баъди се сол маслиҳат кардем, ки як манзили хурдакак мехарем.Нав хона харида будем, ки модари шавҳарам як хоҳари хурдиашро гирифта, ба манзили дуҳуҷрагии мо омаданд. Аввал гуфтанд, ки зимистонро мегузаронанду мераванд, аммо нарафатанд.Ба болои ин гӯё хушдомани маро иваз карда буданд: ӯ пештар дар назарам меҳрубон менамуд, ҳоло ба ҳар як кори ман эрод мегирифт. Доим қошу қавоқ меандохт ва аз ҳама кор изҳори норизогӣ мекард.Ман бошам, кӯшиш мекардам, ки ба ин ҳама аҳамият надиҳам ва зиндагиамро пеш барам: ба кор мерафтам ва аз пайи хондани кӯдаконам будам.Рӯзе боз ӯ ҷанҷол кард ва ман дигар хомӯш истода натавонистам. Ба ин ҷанҷол духтараш ҳамроҳ шуд.Ҳоло намефаҳмам, ки чаро ман якбора бад шудам ва ин ҳама ба ман чӣ лозим аст? Худро то андозае дар назди модари ҳамсар гунаҳкор ҳам меҳисобам, ки дар аввал ӯ маро доим дастгирӣ мекарду имрӯз чаро бо вай муносибатамро ба роҳ монда наметавонам.Маслиҳати равоншинос - Марям ДавлатоваЯкум ин ки вақте модари шавҳар дар зиндагии ҷавонон ҳамроҳ аст, дар назари вай меҳри писараш нисбат ба занаш зиёдтар ва ё озодтар менамоед.Шояд зан аз ҳамсари худаш ва падари худаш меҳри зиёд надидааст ва мехоҳад ин ҳамаро аз писараш гирад ва вақте чизеро тақсим карда наметавонад, рашк мекунад ва решаи бадбинӣ дар ҳамон ҷост.Дувум ин ки марзҳои шахсиятӣ надоред. Мехоҳед ё намехоҳед, ҳақ додаед, ки ҳар касе мехоҳад, омада ба ҳудудатон ворид шавад, ҳуқуқатонро поймол кунад ва ба худ ҳаққи ҳимоя намедиҳед. Аслан ин вазифаи падари фарзандонатон аст, ки ҳудуди оилаи худро аз оилаи волидонаш ҷудо кунад, муносибатҳои ҳамсару модарашро танзим намояд. Вале аз нақли шумо маълум мешавад, ки шавҳаратон ин маъниро дарк намекунад.Дарк кунед, ки аз касе чизе қарздор нестед. Агар модари шавҳаратон шуморо замоне интихоб карда бошад, он ба хотири манфиати худаш буд.Агар аҳамият дода бошед, писару модар аз ҳам дур бошанд– андак оромед, вале агар ҳама аз аввал дар паҳлуи ҳам мебудед ва ҳамон мушкилиҳое, ки бо шавҳаратон буданд, намешуданд, ин муносибати ҳозираи хушдоман аз аввал рӯй мезад.Ин ҷо ман пурра истисмори шуморо мебинам: қувва, пул, вақтатон истисмор мешавад. Агар ин бо розигии худатон бошад, ҳеҷ бадӣ надорад, вале агар хоҳиши шумо, ҳаққу талаботи инсониатон ба эътибор гирифта нашаванд, ин боиси афсурдаҳолиятон мегардад.Шумо ҳама чизро доред, фақат ба худатон ҳаққи истифодаи онро надодаед. Ва агар додани он ҳақ ба худро ёд нагиред, ин ҳолат идома хоҳад дошт ва аз он фазое, ки барои онҳо муҳайё кардаед, онҳо минбаъд низ истифода хоҳанд кард.Ман маслиҳат медиҳам, ки пеш аз ҳама аз болои худ кор кунед. Мактуби муолиҷавӣ менависедЧӣ гуна бояд онро навишт: дар танҳоӣ, оромӣ қалам ва кағазро гирифта, ба нафаре менависед, ки шуморо ранҷонидааст. Ҳодисаеро ёд меоред, ки боиси ранҷишатон шудаанд ва ҳеҷ аз дилатон намеравад. Ва ҳамон ҳиссиётеро, ки вақти рух додани он ҳодиса Шуморо фаро гирифта буд, тасвир мекунед. Ҳамаро рӯи коғаз меоред: бе ягон таҳрир тамоми суханҳоеро, ки нисбати ҳамон инсон раво мебинед, менависед.Чунин мактубро нисбати ҳамаи нафароне менависед, ки дар суҳбати рӯ ба рӯ ҳарфи дилатонро мегӯед.Хатро пора мекунед, оташ мезанед, сӯхатану хокистарашро ҳам тамошо мекунед. Ин машқ имкон медиҳад, ки аламу озорро аз дилатон берун намоед.Бояд донед, ки мушкилии одамони хуб бештар астАгар хуб будан хоҳед, ба худатон ҳаққи ба ғазаб омадан, ҳаққи ранҷидан, ҳаққи дашном додан ва дил холӣ карданро намедиҳед. Агар шуду садо баланд кардед, боз пушаймон мешавед.Нафароне, ки феълан дар гирду атрофатон ҳастанд, ягон нафарашон дар ғаматон нестанд, зеро худатон ғами худро хӯрдан намехоҳед.Айни замон бояд қувваатонро ҷамъ ва ҳисобу китоб кунед, ки онро чӣ гуна сарф бояд намоед. Барои мисол, тасаввур кунед, ки ҳоло 100 рубли русӣ доред, барои фарзандонатон чизе ё барои хешовандонатон туҳфа мехаред?Нақши мардро ба уҳда нагиред ва нерӯи занонаатонро барқарор кунедБояд нерӯи занонаи худро бояд барқарор кунед, аз баҳри нерӯи мардонае, ки Шуморо дар ҳамин ҳолати ногувор гузоштаст, бароед, худатонро аз он пок кунед.Дар ҳолате ки ҳамчун зан худро муаррифӣ карда метавонед, бештари сарбориҳоятон меафтад.Пас аз ин ҳама назаратон боз мешавад. Ҳоло аз пушти даричаи дардҳо суҳбат мекунед ва воқеиятро намебинед.
https://sputnik.tj/20211129/zanon-badrashk-chi-boyad-1043820778.html
https://sputnik.tj/20211127/shamil-alyautdinov-qaziyai-madina-1043786992.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102282/10/1022821060_140:0:861:541_1920x0_80_0_0_e609d0c1025fb53bb759cc8651a19061.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
хушдоман, арӯс, иҷтимоъ, шавҳар, равоншинос
хушдоман, арӯс, иҷтимоъ, шавҳар, равоншинос
Чаро ман барои хушдоманам арӯси бад шудам: маслиҳати равоншинос
12:45 11.12.2021 (Навсозишуда: 12:01 13.12.2021) Дар бахши "Суҳбат бо равоншинос" аз мушкилоти занон нақл хоҳем кард, ки дар хонавода ва зиндагӣ рӯ ба рӯ мешаванд
ДУШАНБЕ, 11 дек — Sputnik. Sputnik Тоҷикистон мактуби зани тоҷикеро нашр мекунад, ки намедонад, дар муносибат бо наздикони шавҳараш чӣ гуна рафтор кунад. Ва инак, матни он:
Вақте ман оиладор шудам, ҳамсарам бо сабабҳои ба ман номаълум, муносибати хуб надошт: ҷанҷол мекард, хона намеомад ва ба ман аҳамият намедод. Аз ин шеваи зиндагӣ дилгир шуда, хостам ҷудо шавам. Вале модараш даъват мекард, ки сабур бошам ва ҳамааш мегузарад.
Хушдоманам дар пеши ҳама маро доим таъриф мекард, ки арӯси хубам ва мегуфт, ки ҳама барои сабру тоқатам офарин мехонанд.
Вазъи номуайянӣ бо ҳамсарам қариб се сол давом кард, то он замон мо фарзандор шудем. Ӯ худ дар шаҳр қарор дошту ман дар деҳа, дар назди модараш будам.
Ниҳоят вай моро ба шаҳр даъват кард. Вақте ба наздаш рафтам маълум шуд, ки дар ҷое кор намекардааст, танҳо то ин муддат рӯзашро мегузаронидааст.
Худам ба кор баромадам. Баъди се сол маслиҳат кардем, ки як манзили хурдакак мехарем.
Нав хона харида будем, ки модари шавҳарам як хоҳари хурдиашро гирифта, ба манзили дуҳуҷрагии мо омаданд. Аввал гуфтанд, ки зимистонро мегузаронанду мераванд, аммо нарафатанд.
Ба болои ин гӯё хушдомани маро иваз карда буданд: ӯ пештар дар назарам меҳрубон менамуд, ҳоло ба ҳар як кори ман эрод мегирифт. Доим қошу қавоқ меандохт ва аз ҳама кор изҳори норизогӣ мекард.
Ман бошам, кӯшиш мекардам, ки ба ин ҳама аҳамият надиҳам ва зиндагиамро пеш барам: ба кор мерафтам ва аз пайи хондани кӯдаконам будам.
Рӯзе боз ӯ ҷанҷол кард ва ман дигар хомӯш истода натавонистам. Ба ин ҷанҷол духтараш ҳамроҳ шуд.
Ҳоло намефаҳмам, ки чаро ман якбора бад шудам ва ин ҳама ба ман чӣ лозим аст? Худро то андозае дар назди модари ҳамсар гунаҳкор ҳам меҳисобам, ки дар аввал ӯ маро доим дастгирӣ мекарду имрӯз чаро бо вай муносибатамро ба роҳ монда наметавонам.
Маслиҳати равоншинос - Марям Давлатова
Якум ин ки вақте модари шавҳар дар зиндагии ҷавонон ҳамроҳ аст, дар назари вай меҳри писараш нисбат ба занаш зиёдтар ва ё озодтар менамоед.
Шояд зан аз ҳамсари худаш ва падари худаш меҳри зиёд надидааст ва мехоҳад ин ҳамаро аз писараш гирад ва вақте чизеро тақсим карда наметавонад, рашк мекунад ва решаи бадбинӣ дар ҳамон ҷост.
Дувум ин ки марзҳои шахсиятӣ надоред. Мехоҳед ё намехоҳед, ҳақ додаед, ки ҳар касе мехоҳад, омада ба ҳудудатон ворид шавад, ҳуқуқатонро поймол кунад ва ба худ ҳаққи ҳимоя намедиҳед. Аслан ин вазифаи падари фарзандонатон аст, ки ҳудуди оилаи худро аз оилаи волидонаш ҷудо кунад, муносибатҳои ҳамсару модарашро танзим намояд. Вале аз нақли шумо маълум мешавад, ки шавҳаратон ин маъниро дарк намекунад.
Дарк кунед, ки аз касе чизе қарздор нестед. Агар модари шавҳаратон шуморо замоне интихоб карда бошад, он ба хотири манфиати худаш буд.
Агар аҳамият дода бошед, писару модар аз ҳам дур бошанд– андак оромед, вале агар ҳама аз аввал дар паҳлуи ҳам мебудед ва ҳамон мушкилиҳое, ки бо шавҳаратон буданд, намешуданд, ин муносибати ҳозираи хушдоман аз аввал рӯй мезад.
Ин ҷо ман пурра истисмори шуморо мебинам: қувва, пул, вақтатон истисмор мешавад. Агар ин бо розигии худатон бошад, ҳеҷ бадӣ надорад, вале агар хоҳиши шумо, ҳаққу талаботи инсониатон ба эътибор гирифта нашаванд, ин боиси афсурдаҳолиятон мегардад.
Шумо ҳама чизро доред, фақат ба худатон ҳаққи истифодаи онро надодаед. Ва агар додани он ҳақ ба худро ёд нагиред, ин ҳолат идома хоҳад дошт ва аз он фазое, ки барои онҳо муҳайё кардаед, онҳо минбаъд низ истифода хоҳанд кард.
Ман маслиҳат медиҳам, ки пеш аз ҳама аз болои худ кор кунед.
Мактуби муолиҷавӣ менависед
Чӣ гуна бояд онро навишт: дар танҳоӣ, оромӣ қалам ва кағазро гирифта, ба нафаре менависед, ки шуморо ранҷонидааст. Ҳодисаеро ёд меоред, ки боиси ранҷишатон шудаанд ва ҳеҷ аз дилатон намеравад. Ва ҳамон ҳиссиётеро, ки вақти рух додани он ҳодиса Шуморо фаро гирифта буд, тасвир мекунед. Ҳамаро рӯи коғаз меоред: бе ягон таҳрир тамоми суханҳоеро, ки нисбати ҳамон инсон раво мебинед, менависед.
Чунин мактубро нисбати ҳамаи нафароне менависед, ки дар суҳбати рӯ ба рӯ ҳарфи дилатонро мегӯед.
Хатро пора мекунед, оташ мезанед, сӯхатану хокистарашро ҳам тамошо мекунед. Ин машқ имкон медиҳад, ки аламу озорро аз дилатон берун намоед.
Бояд донед, ки мушкилии одамони хуб бештар аст
Агар хуб будан хоҳед, ба худатон ҳаққи ба ғазаб омадан, ҳаққи ранҷидан, ҳаққи дашном додан ва дил холӣ карданро намедиҳед. Агар шуду садо баланд кардед, боз пушаймон мешавед.
Нафароне, ки феълан дар гирду атрофатон ҳастанд, ягон нафарашон дар ғаматон нестанд, зеро худатон ғами худро хӯрдан намехоҳед.
Айни замон бояд қувваатонро ҷамъ ва ҳисобу китоб кунед, ки онро чӣ гуна сарф бояд намоед. Барои мисол, тасаввур кунед, ки ҳоло 100 рубли русӣ доред, барои фарзандонатон чизе ё барои хешовандонатон туҳфа мехаред?
Нақши мардро ба уҳда нагиред ва нерӯи занонаатонро барқарор кунед
Бояд нерӯи занонаи худро бояд барқарор кунед, аз баҳри нерӯи мардонае, ки Шуморо дар ҳамин ҳолати ногувор гузоштаст, бароед, худатонро аз он пок кунед.
Дар ҳолате ки ҳамчун зан худро муаррифӣ карда метавонед, бештари сарбориҳоятон меафтад.
Пас аз ин ҳама назаратон боз мешавад. Ҳоло аз пушти даричаи дардҳо суҳбат мекунед ва воқеиятро намебинед.