Чаро занон бадрашк мешаванд ва чӣ бояд кард?

© © Sputnik / Александр КряжевМужчина и женщина с ребенком идут по тротуару. Архивное фото
Мужчина и женщина с ребенком идут по тротуару. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.11.2021
Обуна шудан
Равоншиноси тоҷик Марям Давлатова дар бораи сабабҳои бадрашкии занон изҳори назар карда, бархе маслиҳатҳо дод
ДУШАНБЕ, 29 ноя — Sputnik. Узви Ҷамъияти равоншиносони Тоҷикистон, коршиноси мустақили соҳаи гендерӣ Марям Давлатова шарҳ дод, ки омили асосии рашк чист ва чӣ гуна метавон бо он мубориза бурд.
Ӯ дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфт, агар инсон ба мушкилии рашк дучор шуд, бояд ба равоншинос ё ботини худаш муроҷиат кунад ва суол гузорад: сабаб дар чист, ки ман рашк мекунам.

"Чаро ман азиятро интихоб мекунам, суол гузорад вай. Зеро ҳам рашк ва ҳам хиёнат мушкиливу дардро пеш меорад", - афзуд равоншинос.

Ба гуфтаи Давлатова, яке аз сабабҳои рашкин шудани занон дар дардҳои кӯдакии онҳост.
"Одам агар дар овони кӯдакӣ мушкиле дошта бошад ва онро ҳал накарда бошанд, дар давраи ҷавонӣ ҳам, вақте ки ӯ оила бунёд мекунад, ин мушкилотро он ҷо ворид месозад. Зеро инсон ҳамеша аз даричаи олами кӯдакии худаш ба олами атроф нигоҳ мекунад", - муътақид аст коршинос.
Ба занҳое, ки дучори хиёнати ҳамсар шудаанд, равоншинос маслиҳат дод, ки пеш аз ҳама худро ором созанд, аз атрофиёнаш маслиҳатгар ҷӯянд, агар наёфтанд, ба равоншинос муроҷиат кунанд.
Шамиль Аляутдинов, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.11.2021
Аляутдинов гирифтани зани дуюм дар шароити Тоҷикистонро аз нигоҳи шариат шарҳ дод
Ӯ муҳим хонд, ки занони дучоршуда ба хиёнати ҳамсар болои худашон кор кунанд, маълум созанд, ки чаро шавҳараш хиёнат мекунад ва агар роҳи ҳалли онро пайдо накарданду амали шавҳарро бардошт карда натавонистанд, метавонанд ҷудо шаванд.
"Ба занон гуфтаниям, ки зиндагӣ бешавҳар ҳам мешавад. Агар шавҳар арзандаи шумо набошад, шумо худатон барои худатон он арзишро бидиҳед. Шавҳаре, ки ба қадри шумо намерасад, шавҳаре, ки дар ҳар қадам иззати нафси шуморо зери по мекунад, шавҳаре, ки рӯи рост дар ҳузури дигарон намоишкорона хиёнат мекунад, оё меарзад, ки бо ӯ зиндагӣ кунед ва умратонро гузаронед?", - суол гузошт Давлатова.
Вай аз заноне, ки дучори хиёнати шавҳар шудаанд, даъват намуд, ки ба қадри худ бирасанд, худро хор накунанд ва агар мард арзандаи онҳо нест, ҳатман нафари арзандаро меёбанд.

"Хатои маҳз аст, ки ба хотири фарзанд бо шавҳар зиндагӣ кунӣ. Ин гуна қурбониҳо манфиати фарзандонро ҳимоя карда наметавонанд. Фарзанд дар муҳите хушбахт калон мешавад, ки дар он ҷо модар хушбахт бошад, хусусан духтарон", - изҳор дошт Давлатова.

Ин дар ҳолест, ки дар Тоҷикистон бисёре аз ҷиноятҳо ва сӯитафоҳумҳо дар миёни ҳамсарон дар заминаи рашк рух медиҳанд ва баъзан муноқишаҳои оилавӣ бо фоҷиа, аз ҷумла маргу маъюбӣ анҷом меёбанд.
Лентаи хабарҳо
0