https://sputnik.tj/20211127/shamil-alyautdinov-qaziyai-madina-1043786992.html
"Гумроҳ": Шамил Аляутдинов дар бораи қазияи Мадина гуфт
"Гумроҳ": Шамил Аляутдинов дар бораи қазияи Мадина гуфт
Sputnik Тоҷикистон
Имом далели рух додани ингуна ҳодисаҳои мудҳишро – далели адами маърифати мазҳабӣ ва идора карда натавонистани эҳсосот мегӯяд
2021-11-27T10:03+0500
2021-11-27T10:03+0500
2021-11-27T10:03+0500
дар тоҷикистон
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
қазия
имом хатиб
мадина
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102095/27/1020952705_0:50:960:590_1920x0_80_0_0_6068b6462f3306f42ba98ff210e3a4b6.jpg
ДУШАНБЕ, 27 ноя — Sputnik. Шамил Аляутдинов, рӯҳони машҳури Русия, имомхатиби масҷиди Мемориали Маскав, муаллифи даҳҳо китоби диниву психологӣ қазияи шиканҷаи Мадинаро шарҳ дод.Олими русиягӣ, ки дар Тоҷикистон низ шинохтааст, дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон далели рух додани ин гуна ҳодисаҳоро гумроҳӣ ва ваҳшигарии инсонӣ номид.Ёдрас мешавем, ҳодисаи шиканҷаи Мадина Мамадҷонова ном зани 32-сола дар Тоҷикистон чандест, ки дар сархати хабарҳо қарор дорад. Дар латукӯб ва бӯғӣ кардани зан ҳамсари маъшуқаш - Азиза Давлатова муттаҳам мешавад.Ҳодиса охирҳои моҳи август рух дода, танҳо пас аз муроҷиати модари Мадина ба мақомот дар ҷиҳати муҷозоти гунаҳкорон дар моҳи октябр расонаӣ шуд.Аляутдинов таъкид мекунад, ки агар як тарафи масъала гумроҳӣ дар масъалаи мазҳабӣ бошад, ҷониби дигари он шаҳват ва эҳсостест, ки идора намешавад.Ба қавли ӯ, ҳарчанд “асли дин ва ахлоқ муқаддас ва пок бошанд ҳам, мутаассифона, одамон аз ҳисоби идора карда натавонистани шаҳват ва эҳсосоташон бо дасти худ барои худ мушкилиҳои бузургро месозанд”.Шамил Аляудтинов мегӯяд, дар ин ҳодиса танҳо нафари алоҳидаро айбдор дониста наметавонад.Ҳамаи иштирокдорони ин фоҷеа ба ин ё он дараҷа айб доранд ва самараи амали худро мечашанд, меафзояд ӯ.Ёдрас мешавем, Мадина Мамадҷонова пас аз шиканҷа шудан, се моҳ мешавад, ки то ҳол ба худ наомадааст ва дар ҳолати беҳушӣ дар шуъбаи эҳё қарор дорад.Баробари Азиза Давлатова гумонбари асосӣ, ҳамсари вай Лутфулло Давлатов низ боздошт шуда, тафтишот ба анҷом расидааст ва парванда ба додгоҳ ирсол шудааст.
https://sputnik.tj/20211101/dodsiton-parvanda-rustam-guzorish-1043215563.html
https://sputnik.tj/20211030/rustami-emomali-qaziyai-madina-dakholat-1043188308.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102095/27/1020952705_54:0:907:640_1920x0_80_0_0_cf3b8fe8d59146a51d5ebc07637eed52.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
мадина, қазия, имом, шарҳ, тоҷикистон
мадина, қазия, имом, шарҳ, тоҷикистон
"Гумроҳ": Шамил Аляутдинов дар бораи қазияи Мадина гуфт
Имом далели рух додани ин гуна ҳодисаҳои мудҳишро далели адами маърифати мазҳабӣ ва идора карда натавонистани эҳсосот мегӯяд
ДУШАНБЕ, 27 ноя — Sputnik. Шамил Аляутдинов, рӯҳони машҳури Русия, имомхатиби масҷиди Мемориали Маскав, муаллифи даҳҳо китоби диниву психологӣ қазияи шиканҷаи Мадинаро шарҳ дод.
Олими русиягӣ, ки дар Тоҷикистон низ шинохтааст, дар суҳбат бо
Sputnik Тоҷикистон далели рух додани ин гуна ҳодисаҳоро гумроҳӣ ва ваҳшигарии инсонӣ номид.
Ёдрас мешавем, ҳодисаи шиканҷаи Мадина Мамадҷонова ном зани 32-сола дар Тоҷикистон чандест, ки дар сархати хабарҳо қарор дорад. Дар латукӯб ва бӯғӣ кардани зан ҳамсари маъшуқаш - Азиза Давлатова муттаҳам мешавад.
Ҳодиса охирҳои моҳи август рух дода, танҳо пас аз муроҷиати модари Мадина ба мақомот дар ҷиҳати муҷозоти гунаҳкорон дар моҳи октябр расонаӣ шуд.
“Қазияи мазкур аз як тараф далели адами дониши мазҳабӣ дар замони муосир ва аз як тарафи ваҳшигии инсонист”, - мегӯяд имом.
Аляутдинов таъкид мекунад, ки агар як тарафи масъала гумроҳӣ дар масъалаи мазҳабӣ бошад, ҷониби дигари он шаҳват ва эҳсостест, ки идора намешавад.
Ба қавли ӯ, ҳарчанд “асли дин ва ахлоқ муқаддас ва пок бошанд ҳам, мутаассифона, одамон аз ҳисоби идора карда натавонистани шаҳват ва эҳсосоташон бо дасти худ барои худ мушкилиҳои бузургро месозанд”.
“Бояд қайд кард, ки он мушкилиҳо чӣ ба пешомадҳои ҳаёти дунявӣ ва чӣ ба охираташон рабт дорад”, - меафзояд ин рӯҳонӣ.
Шамил Аляудтинов мегӯяд, дар ин ҳодиса танҳо нафари алоҳидаро айбдор дониста наметавонад.
Ҳамаи иштирокдорони ин фоҷеа ба ин ё он дараҷа айб доранд ва самараи амали худро мечашанд, меафзояд ӯ.
Ёдрас мешавем, Мадина Мамадҷонова пас аз шиканҷа шудан, се моҳ мешавад, ки то ҳол ба худ наомадааст ва дар ҳолати беҳушӣ дар шуъбаи эҳё қарор дорад.
Баробари Азиза Давлатова гумонбари асосӣ, ҳамсари вай Лутфулло Давлатов низ боздошт шуда, тафтишот ба анҷом расидааст ва парванда ба додгоҳ ирсол шудааст.