https://sputnik.tj/20211208/hushdori-bayden-posukh-putin-kreml-prezidentho-rusiya-1044013720.html
Ҳушдори Байдену посухи Путин: Кремл тафсилоти суҳбати президентҳои Русия ва ИМА-ро гуфт
Ҳушдори Байдену посухи Путин: Кремл тафсилоти суҳбати президентҳои Русия ва ИМА-ро гуфт
Sputnik Тоҷикистон
Владимир Путин, раисҷумҳури Русия, бо ҳамтои амрикоияш Ҷо Байден мушкилоти мавҷуда ва дурнамои муносиботро баррасӣ кард
2021-12-08T11:53+0500
2021-12-08T11:53+0500
2021-12-08T13:33+0500
дар ҷаҳон
сиёсат
президент
има
владимир путин
мулоқот
ҷо байден
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/08/1044009950_0:0:3410:1918_1920x0_80_0_0_9492b4bd914837d3de9dbdcd8eef4ba2.jpg
ДУШАНБЕ, 8 дек – Sputnik. Путин ва Байден татбиқи созишҳои ҳосилшуда дар мулоқоти моҳи июни соли 2021 дар Женеваро баррасӣ карда, аз иттиҳоди ду кишвар дар Ҷанги Дуюми Ҷаҳон зикр намудаанд. Ба иттилои Кремл, таъкид шудааст, ки қурбониҳои он замон набояд фаромӯш шаванду муттаҳидии он замон бояд намунаи ибрат дар воқеиятҳои имрӯза гардад. Манбаъ афзуд, масоили марбути Украина аз мавзуъҳои меҳварии мулоқоти ду кишвар буда, таъкид шудааст, созишномаи Минск, ки соли 2015 таҳия шудааст, ягона роҳи танзими вазъ дар Украина мебошад. Кремл мегӯяд, раисҷумҳури Русия бо мисолҳо нишон дод, ки чӣ гуна амалҳои Киев алайҳи тахриби созоишҳои Минск ва "формати Норманд" равона шудаанд. Ӯ инчунин аз иқдоми иғвогаронаи Киев алайҳи Донбасс изҳори нигаронӣ намудааст. Ҷо Байден дар навбати худ ба ҳаракати "хатарзо"-и нерӯҳои Русия дар наздикии марз бо Украина таъкид карда, аз таҳримҳое гуфт, ки ИМА ва иттифоқчиёнаш дар сурати ташаннуҷи вазъ алайҳи Русия татбиқ хоҳанд кард. Дар посух Владимир Путин таъкид намудааст, ки набояд тамоми масъулиятро ба дӯши Русия гузошт, чун маҳз НАТО иқдоми хатарноки азхудсозии қаламрави Украина ва таҳкими ҳузури низомӣ дар назди марз бо Русияро пеш гирифтааст. Ҳавасмандии Русия барои гирифтани кафолатҳои қатъӣ ва аз нигоҳи ҳуқуқӣ сабтшуда баён гардидааст, ки НАТО ба қисмати шарқӣ паҳн нашаваду дар кишварҳои ҳаммарз бо Русия низомиҳои зарбазанро ҷой надиҳад. Дафтари матбуотии Кремл мегӯяд, роҳбарони ду кишвар созиш кардаанд, ки ба масъулини ду кишвар барои баррасии масоили ҳассос дастур хоҳанд дод. Инчунин ҷонибҳо аз таҳкими ҳамкорӣ дар мубориза бо ҷиноёти сайберӣ, баррасии масоили марбути барномаи ҳастаии Эрон, мушкилоти кори дипломатҳои ду кишвар гуфтаанд. Владимир Путин изҳор доштааст, ки ихтисори дипломатҳо натиҷаи сиёсати мақомоти амрикоӣ аст, ки ҳанӯз панҷ соли қабл маҳдудсозӣ ва ихроҷи гурӯҳии дипломатҳои Русияро оғоз кардаанду мақомоти кишвар маҷбур шуданд, посух диҳанд. Ҷониби Русия пешниҳод кардаст, ки тамоми маҳдудиятҳои дипломатӣ миёни ду кишвар лағв шаванд, то барои эътидоли ҳамкориҳо дар бахшҳои дигар замина фароҳам гардад. Роҳбарони ду кишвар бо таъкид бар масъулияти хос дар таъмини амният ва суботи ҷаҳонӣ изҳор доштаанд, ки тамосу муколамаро идома хоҳанд дод. Дар маҷмуъ Кремл суҳбати Путину Байденро озоду корӣ арзёбӣ кардааст.
https://sputnik.tj/20211208/rusiya-gharb-bozsozi-afghoniston-jilavgiri-kumak-1044009195.html
https://sputnik.tj/20211121/shuroi-amniyati-rusiya-fitnai-kiev-hushdor-1043676899.html
има
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/08/1044009950_679:0:3410:2048_1920x0_80_0_0_4bfd31eb01fccbaa27b68a1ffbedbed7.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
владимир путин, раисҷумҳур, путин, мулоқот, амрикоӣ, муносибот, има, ҷо байден
владимир путин, раисҷумҳур, путин, мулоқот, амрикоӣ, муносибот, има, ҷо байден
Ҳушдори Байдену посухи Путин: Кремл тафсилоти суҳбати президентҳои Русия ва ИМА-ро гуфт
11:53 08.12.2021 (Навсозишуда: 13:33 08.12.2021) Владимир Путин, раисҷумҳури Русия бо ҳамтои амрикоияш Ҷо Байден мушкилоти мавҷуда ва дурнамои муносиботро баррасӣ кард. Кремл тафсилоти суҳбати ду президентро нашр намуд
ДУШАНБЕ, 8 дек – Sputnik. Путин ва Байден татбиқи созишҳои ҳосилшуда дар мулоқоти моҳи июни соли 2021 дар Женеваро баррасӣ карда, аз иттиҳоди ду кишвар дар Ҷанги Дуюми Ҷаҳон зикр намудаанд.
Ба иттилои Кремл, таъкид шудааст, ки қурбониҳои он замон набояд фаромӯш шаванду муттаҳидии он замон бояд намунаи ибрат дар воқеиятҳои имрӯза гардад.
Манбаъ афзуд, масоили марбути Украина аз мавзуъҳои меҳварии мулоқоти ду кишвар буда, таъкид шудааст, созишномаи Минск, ки соли 2015 таҳия шудааст, ягона роҳи танзими вазъ дар Украина мебошад.
Кремл мегӯяд, раисҷумҳури Русия бо мисолҳо нишон дод, ки чӣ гуна амалҳои Киев алайҳи тахриби созоишҳои Минск ва "формати Норманд" равона шудаанд. Ӯ инчунин аз иқдоми иғвогаронаи Киев алайҳи Донбасс изҳори нигаронӣ намудааст.
Ҷо Байден дар навбати худ ба ҳаракати "хатарзо"-и нерӯҳои Русия дар наздикии марз бо Украина таъкид карда, аз таҳримҳое гуфт, ки ИМА ва иттифоқчиёнаш дар сурати ташаннуҷи вазъ алайҳи Русия татбиқ хоҳанд кард.
Дар посух Владимир Путин таъкид намудааст, ки набояд тамоми масъулиятро ба дӯши Русия гузошт, чун маҳз НАТО иқдоми хатарноки азхудсозии қаламрави Украина ва таҳкими ҳузури низомӣ дар назди марз бо Русияро пеш гирифтааст. Ҳавасмандии Русия барои гирифтани кафолатҳои қатъӣ ва аз нигоҳи ҳуқуқӣ сабтшуда баён гардидааст, ки НАТО ба қисмати шарқӣ паҳн нашаваду дар кишварҳои ҳаммарз бо Русия низомиҳои зарбазанро ҷой надиҳад.
Дафтари матбуотии Кремл мегӯяд, роҳбарони ду кишвар созиш кардаанд, ки ба масъулини ду кишвар барои баррасии масоили ҳассос дастур хоҳанд дод.
Инчунин ҷонибҳо аз таҳкими ҳамкорӣ дар мубориза бо ҷиноёти сайберӣ, баррасии масоили марбути барномаи ҳастаии Эрон, мушкилоти кори дипломатҳои ду кишвар гуфтаанд.
Владимир Путин изҳор доштааст, ки ихтисори дипломатҳо натиҷаи сиёсати мақомоти амрикоӣ аст, ки ҳанӯз панҷ соли қабл маҳдудсозӣ ва ихроҷи гурӯҳии дипломатҳои Русияро оғоз кардаанду мақомоти кишвар маҷбур шуданд, посух диҳанд. Ҷониби Русия пешниҳод кардаст, ки тамоми маҳдудиятҳои дипломатӣ миёни ду кишвар лағв шаванд, то барои эътидоли ҳамкориҳо дар бахшҳои дигар замина фароҳам гардад.
Роҳбарони ду кишвар бо таъкид бар масъулияти хос дар таъмини амният ва суботи ҷаҳонӣ изҳор доштаанд, ки тамосу муколамаро идома хоҳанд дод. Дар маҷмуъ Кремл суҳбати Путину Байденро озоду корӣ арзёбӣ кардааст.