https://sputnik.tj/20211121/shuroi-amniyati-rusiya-fitnai-kiev-hushdor-1043676899.html
Шӯрои амнияти Русия аз фитнаи Киев дар наздикии марз ҳушдор дод
Шӯрои амнияти Русия аз фитнаи Киев дар наздикии марз ҳушдор дод
Sputnik Тоҷикистон
Шӯрои амнияти Русия гуфт, эҳтимолияти фитнаангезӣ аз ҷониби Украина дар наздикии марз афзоиш ёфтааст
2021-11-21T20:00+0500
2021-11-21T20:00+0500
2023-10-02T17:09+0500
сиёсат
амният ва мудофиа
фитна
шӯрои амнияти фр
низомиён
дар русия
украина
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102809/40/1028094062_0:179:3143:1946_1920x0_80_0_0_110ba369aea205ec501ca7253ce82204.jpg
ДУШАНБЕ, 21 ноя — Sputnik. Афзоиши назарраси эҳтимолияти иғвоангезии Украина дар наздикии марз бо Русияро Александр Гребенкин, ноиби дабири Шӯрои амният таъкид намудаст. Гребенкин дар суҳбат бо "Российская газета" изҳор доштаст, ки эҳтимоли иғвоангезӣ аз ҷониби хадамоти махсус ва гурӯҳҳои ифротӣ дар самти Қрим бештар мебошад. Вай илова кардаст, ки дар Украина русбезорҳо сари қудрат омадаанд, ки бидуни далеле Русияро ғосиб эълон намудаанд. Ин омили манфии таъсиррасон ба вазъ дар марзи Русия ва Украина номида шудааст. Ин дар ҳолест, ки ахиран Кирилл Буданов, раиси хадамоти истихборотии Украина гуфт, Русия метавонад ба кишвараш моҳи январ ва ё аввали феврал ҳамла кунад. Ӯ таъкид намудааст, ки дар наздикии марз ҳудуди 92 ҳазор низомии Русия ҷамъ оварда шуданд. Дар ин робита Дмитрий Песков, сухангӯи Кремл гуфт, Вазорати дифои кишвар мувофиқи салоҳдиди худ дар ҳар қисме аз қаламрави кишвар метавонад нерӯҳоро ҷой кунад ва ин ба касе таҳдиде надорад. Инчунин дар Кремл афзуданд, ки вазъ дар Украина масъалаи дохилӣ буда, Русия ба он дахолат намекунад.
https://sputnik.tj/20211109/namoishi-zuri-bozu-korshinos-dar-borai-amaliyoti-ima-dar-bahri-siyoh-1043362025.html
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102809/40/1028094062_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_51290fb54ccbd4d11d01f01630123f7d.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
шӯрои амният, русия, фитна, марз, украина
шӯрои амният, русия, фитна, марз, украина
Шӯрои амнияти Русия аз фитнаи Киев дар наздикии марз ҳушдор дод
20:00 21.11.2021 (Навсозишуда: 17:09 02.10.2023) Шӯрои амнияти Русия гуфт, эҳтимолияти фитнаангезӣ аз ҷониби Украина дар наздикии марз афзоиш ёфтааст
ДУШАНБЕ, 21 ноя — Sputnik. Афзоиши назарраси эҳтимолияти иғвоангезии Украина дар наздикии марз бо Русияро Александр Гребенкин, ноиби дабири Шӯрои амният таъкид намудаст.
Гребенкин дар суҳбат бо "Российская газета" изҳор доштаст, ки эҳтимоли иғвоангезӣ аз ҷониби хадамоти махсус ва гурӯҳҳои ифротӣ дар самти Қрим бештар мебошад.
"Инчунин хатари фитнаангезӣ дар мавриди иншооти баҳрӣ, нақлиётӣ, гузаргоҳҳо дар баҳрҳои Сиёҳ ва Азов боло рафтаанд", - таъкид намудаст ӯ.
Вай илова кардаст, ки дар Украина русбезорҳо сари қудрат омадаанд, ки бидуни далеле Русияро ғосиб эълон намудаанд. Ин омили манфии таъсиррасон ба вазъ дар марзи Русия ва Украина номида шудааст.
Ин дар ҳолест, ки ахиран Кирилл Буданов, раиси хадамоти истихборотии Украина гуфт, Русия метавонад ба кишвараш моҳи январ ва ё аввали феврал ҳамла кунад. Ӯ таъкид намудааст, ки дар наздикии марз ҳудуди 92 ҳазор низомии Русия ҷамъ оварда шуданд.
Дар ин робита Дмитрий Песков, сухангӯи Кремл гуфт, Вазорати дифои кишвар мувофиқи салоҳдиди худ дар ҳар қисме аз қаламрави кишвар метавонад нерӯҳоро ҷой кунад ва ин ба касе таҳдиде надорад. Инчунин дар Кремл афзуданд, ки вазъ дар Украина масъалаи дохилӣ буда, Русия ба он дахолат намекунад.