Русия: Ғарб ба бозсозии Афғонистон ва ҷилавгирӣ аз муҳоҷират кумак кунад

© AFP 2023 / Hoshang Hashimi Женщина в бурке с ребенком на улице в Кабуле
Женщина в бурке с ребенком на улице в Кабуле - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.12.2021
Обуна шудан
Муовини намояндаи доимии Русия дар СММ гуфт, Ғарб ки дар бист соли гузашта дар Афғонистон ҳузур дошт, аз муҳоҷирати иҷборӣ аз ин кишвар ҷилавгирӣ кунад
ДУШАНБЕ, 8 дек – Sputnik. Геннадий Кузмин, муовини намояндаи доимии Русия дар Созмони Милали Муттаҳид дар ин бора дар нишасти Шӯрои Амният изҳори назар кардааст, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон.
Вай гуфт, вазъи Афғонистон, бахусус муҳоҷирати маҷбурӣ нигаронкунанда аст.
Оқои Кузмин гуфт, вазъи ногувори иҷтимоиву иқтисодӣ дар Афғонистон хатари муҳоҷирати густардаи ҷамъият аз ин кишварро дорад.
Замглавы ОДКБ — Гаспаряну: каким будет ответ странам НАТО - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.12.2021
Ноиби дабири СААД аз қатли тоҷикон дар Афғонистон гуфту аз оқибат ҳушдор дод - видео
“Мо бовар дорем, ҷомеаи ҷаҳонӣ ва пеш аз ҳама донорҳои Ғарб, ки тайи 20 соли охир дар Афғонистон буданд ва пеш аз ҳама дар ҳодисаҳои рухдода дар Афғонистон масъуланд, бояд ба мардуми Афғонистон фавран кумак расонанд”, - таъкид кадааст Генадий Кузмин.
Муовини намояндаи доимии Русия дар Созмони Милали Муттаҳид гуфт, Ғарб бояд фавран дар эҳёи Афғонистон ва ҷилавгирӣ аз муҳоҷират кумак намояд.
Вай бо тавзеҳи сабабҳои муҳоҷират дар ҷаҳон хостори аз байн бурдани дахолати хориҷӣ ба умури дохилии кишварҳои дигар шуд.
Лентаи хабарҳо
0