https://sputnik.tj/20211119/sjb-durughgui-paydoish-koronavirusro-1043647623.html
Олим СҶБ-ро дар дурӯғгӯӣ муттаҳам кард ва пайдоиши коронавирусро шарҳ дод
Олим СҶБ-ро дар дурӯғгӯӣ муттаҳам кард ва пайдоиши коронавирусро шарҳ дод
Sputnik Тоҷикистон
Тибқи версияи нав, аввалин ҳолати гирифторӣ ба COVID-19 пас аз чанд рӯз дар як нафари дигар ошкор шудааст.
2021-11-19T17:15+0500
2021-11-19T17:15+0500
2021-11-19T18:16+0500
коронавирус дар русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
има
илм ва фанноварӣ
олимон
пайдоиш
ваксина
коронавирус
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/1a/1041178087_0:0:1280:720_1920x0_80_0_0_64f2cfd67497b159be8fa1bcb96e87ee.jpg
ДУШАНБЕ, 19 ноя — Sputnik. Аввалин бемори коронавирус дар ҷаҳон як фурӯшанда дар бозори моҳии Вуҳан будааст. Дар ин бора мудири кафедраи экология ва биологияи эволютсионии Донишгоҳи Аризона, доктор Майкл Уоробей иттилоъ додааст. Натиҷаҳои таҳқиқоти ӯ дар маҷаллаи "Science" нашр шудаанд. Олими амрикоӣ қайд кард, ки аввалин ҳолати гирифторӣ ба коронавирус 11 декабри соли 2019 рух додааст. Ин фарзия бо изҳороти аввали Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт мухолиф аст. Тибқи маълумоти Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт, аввалин шахсе, ки ба коронавирус мубтало шуд, муҳосиб будааст, ки 8 декабри соли 2019 худро бад эҳсос кардааст. Уоробей таъкид кард, ки коршиносон иштибоҳ кардаанд, зеро мард дар аввал аз дарди дандон шикоят кардааст. Ин маълумот дар картаи муҳосиб сабт шудааст. Олим муътақид аст, ки фарзияи СҶБ барои ФБР қулай аст, ки аз аввал ба ин қазия ғаразнок муносибат карда буд. Вай умедвор аст, ки таҳқиқоти ӯ ба бознигарии фарзияҳо дар бораи пайдоиши коронавирус мунҷар мешавад. Қаблан олимони Фаронса ва Лаос дар як хуффош ё кӯршабпарак вирусеро кашф карданд, ки аз ҷиҳати генетикӣ ба COVID-19 наздик буд. Дар баробари ин дар он унсуре набуд, ки боиси якбора тавсеа ёфтани сироят шавад. Ёдовар мешавем, ки пандемияи COVID-19 моҳи декабри соли 2019 дар Вуҳани Чин оғоз шуда буд. Ҳоло дар ҷаҳон ду версияи пайдоиши коронавирус вуҷуд дорад. Якум ин ки COVID-19 ба одамон аз кӯршапаракҳо тавассути ҷонваре интиқол дода шудааст. Дуюм, пайдоиши коронавирусро бо озмоишҳои озмоишгоҳҳо рабт медиҳанд.
https://sputnik.tj/20211010/ima-nazariya-paydoishi-koronavirus-1042751092.html
https://sputnik.tj/20210524/hadamoti-kashf-amriko-marizoi-koronavirus-1039689074.html
има
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/1a/1041178087_320:0:1280:720_1920x0_80_0_0_13e14221ee4cc4564a7f693cfdab811f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
пайдоиши коронавирус, олим, сҷб,
пайдоиши коронавирус, олим, сҷб,
Олим СҶБ-ро дар дурӯғгӯӣ муттаҳам кард ва пайдоиши коронавирусро шарҳ дод
17:15 19.11.2021 (Навсозишуда: 18:16 19.11.2021) Тибқи фарзияи нав, аввалин ҳолати гирифторӣ ба COVID-19 пас аз чанд рӯз дар як нафари дигар ошкор шудааст
ДУШАНБЕ, 19 ноя — Sputnik. Аввалин бемори коронавирус дар ҷаҳон як фурӯшанда дар бозори моҳии Вуҳан будааст.
Дар ин бора мудири кафедраи экология ва биологияи эволютсионии Донишгоҳи Аризона, доктор Майкл Уоробей иттилоъ додааст. Натиҷаҳои таҳқиқоти ӯ дар маҷаллаи "Science" нашр шудаанд.
Олими амрикоӣ қайд кард, ки аввалин ҳолати гирифторӣ ба коронавирус 11 декабри соли 2019 рух додааст.
Ин фарзия бо изҳороти аввали Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт мухолиф аст. Тибқи маълумоти Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт, аввалин шахсе, ки ба коронавирус мубтало шуд, муҳосиб будааст, ки 8 декабри соли 2019 худро бад эҳсос кардааст.
Уоробей таъкид кард, ки коршиносон иштибоҳ кардаанд, зеро мард дар аввал аз дарди дандон шикоят кардааст.
Ин маълумот дар картаи муҳосиб сабт шудааст. Олим муътақид аст, ки фарзияи СҶБ барои ФБР қулай аст, ки аз аввал ба ин қазия ғаразнок муносибат карда буд.
"Ман мутмаинам, "қазияи 8 декабр" ба шарофати гузоришҳои хадамоти иктишофии таҳти сарпарастии ФБР, ки дар аввал ба версияи пайдоиши лаборатории вирус такя карда буданд, ба таври васеъ паҳн шудааст", - гуфт олим.
Вай умедвор аст, ки таҳқиқоти ӯ ба бознигарии фарзияҳо дар бораи пайдоиши коронавирус мунҷар мешавад.
Қаблан олимони Фаронса ва Лаос дар як хуффош ё кӯршабпарак вирусеро кашф карданд, ки аз ҷиҳати генетикӣ ба COVID-19 наздик буд. Дар баробари ин дар он унсуре набуд, ки боиси якбора тавсеа ёфтани сироят шавад.
Ёдовар мешавем, ки пандемияи COVID-19 моҳи декабри соли 2019 дар Вуҳани Чин оғоз шуда буд. Ҳоло дар ҷаҳон ду версияи пайдоиши коронавирус вуҷуд дорад.
Якум ин ки COVID-19 ба одамон аз кӯршапаракҳо тавассути ҷонваре интиқол дода шудааст. Дуюм, пайдоиши коронавирусро бо озмоишҳои озмоишгоҳҳо рабт медиҳанд.