https://sputnik.tj/20210524/hadamoti-kashf-amriko-marizoi-koronavirus-1039689074.html
Гардиши нав дар қазияи пайдоиши коронавирус: маризони аввал киҳо буданд
Гардиши нав дар қазияи пайдоиши коронавирус: маризони аввал киҳо буданд
Sputnik Тоҷикистон
Се мутахассиси Пажӯҳишгоҳи вирусология дар Вуҳани Чин каме пеш аз оғози пандемия шадидан бемор буданд
2021-05-24T11:02+0500
2021-05-24T11:02+0500
2021-08-10T17:02+0500
коронавирус дар русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
дар ҷаҳон
чин
тандурустӣ
коронавирус
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/1f/1033108507_0:126:3072:1854_1920x0_80_0_0_cf3e09e6276e33f4d9c1bf9cedc173be.jpg
ДУШАНБЕ, 24 май - Sputnik. Се мутахассиси Пажӯҳишгоҳи вирусология дар Вуҳани Чин каме пеш аз оғози пандемия шадидан бемор буданд, менависад РИА Новости бо истинод ба Wall Street Journal .Ёдовар мешавем, ки аввалин хуруҷи COVID-19 дар ин шаҳр моҳи декабри соли 2019 сабт шуда буд. Нашрия қайд мекунад, ки се нафар олимон моҳи ноябр бо нишонаҳои шадиди коронавирус ба бемористон интиқол ёфтанд. Ҳар се олим аъзои як гурӯҳе буданд, ки ба омӯзиши ин вирус машғул буданд.Манбаъ меафзояд, тафсилоти мазкур таҳқиқи бештар мехоҳад ва бояд дақиқ шавад, ки оё ин вирус дар озмоишгоҳ “эҷод” шудаву аз он берун баромадаст ва ё на..Зимнан, дар посух ба дархости ин маҷала ба Вазорати умури хориҷии Чин, Вашингтон ба он муттаҳам шуд, ки маълумоти бардурӯғ дар мавриди аз лаборатория паҳн шудани вируси мазкурро паҳн мекунад.Илова бар ин, Вазорати умури хориҷӣ мегӯяд, Иёлоти Муттаҳида воқеан аз манбаи пайдоиши COVID-19 нигарон аст ё "кӯшиш мекунад, ки диққатро ба самти дигар равона кунад."Маврид ба зикр аст, ки моҳи май, ҷумҳурихоҳон аз Кумитаи иктишофии Маҷлиси Намояндагони ИМА гуфтанд, ки "далелҳои фавқулодда" мавҷуданд, ки хуруҷи коронавирус метавонад аз ихроҷи Институти вирусологияи Ухан сарчашма гирифта бошад. Аъзои ҳизб ба пайдоиши нишонаҳои хоси сирояти коронавирус дар баъзе муҳаққиқон дар тирамоҳи соли 2019 ишора карданд ва инчунин иштироки низомиёни Чинро дар озмоишгоҳ эълом карданд.Мақомоти Туркия маҳдудияти сартосарӣ ҷорӣ мекунад: аз кай то кай?Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ гузориши пурраи як гурӯҳи коршиносони байналмилалиро дар бораи сафари Вуҳан барои муайян кардани пайдоиши COVID-19 дар моҳи март нашр кард. Дар ин санад хуруҷи вирус аз озмоишгоҳ "номумкин" ном бурда мешавад. Гуфта мешавад, навъи нави коронавирус ба эҳтимоли зиёд ба одам аз кӯршапаракҳо тавассути ҳайвони дигар сироят кардааст.Аммо Амрико ва 13 иёлоти дигар бо пахши як изҳороти муштарак аз натиҷаҳои ТУТ изҳори нигаронӣ карданд. Онҳо ба таҳқиқи "шаффоф ва мустақил" дар бораи пайдоиши COVID-19 даъват карданд.
https://sputnik.tj/20210523/vaksina-koronavirus-milliarderho-ziyod-1039675822.html
чин
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/1f/1033108507_193:0:2924:2048_1920x0_80_0_0_3cdc7b6228906b87b626634722bfa11f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
чин, амрико, коронавирус, мариз
чин, амрико, коронавирус, мариз
Гардиши нав дар қазияи пайдоиши коронавирус: маризони аввал киҳо буданд
11:02 24.05.2021 (Навсозишуда: 17:02 10.08.2021) Хадамоти кашшофии Амрико мегӯяд, қабл аз пайдо шудани сару садо дар мавриди вируси COVID - 19, се олими Вуҳан шадидан гирифтори ин дард шуданд
ДУШАНБЕ, 24 май - Sputnik. Се мутахассиси Пажӯҳишгоҳи вирусология дар Вуҳани Чин каме пеш аз оғози пандемия шадидан бемор буданд, менависад РИА Новости бо истинод ба Wall Street Journal .
Ёдовар мешавем, ки аввалин хуруҷи COVID-19 дар ин шаҳр моҳи декабри соли 2019 сабт шуда буд.
Нашрия қайд мекунад, ки се нафар олимон моҳи ноябр бо нишонаҳои шадиди коронавирус ба бемористон интиқол ёфтанд. Ҳар се олим аъзои як гурӯҳе буданд, ки ба омӯзиши ин вирус машғул буданд.
Манбаъ меафзояд, тафсилоти мазкур таҳқиқи бештар мехоҳад ва бояд дақиқ шавад, ки оё ин вирус дар озмоишгоҳ “эҷод” шудаву аз он берун баромадаст ва ё на..
Зимнан, дар посух ба дархости ин маҷала ба Вазорати умури хориҷии Чин, Вашингтон ба он муттаҳам шуд, ки маълумоти бардурӯғ дар мавриди аз лаборатория паҳн шудани вируси мазкурро паҳн мекунад.
Илова бар ин, Вазорати умури хориҷӣ мегӯяд, Иёлоти Муттаҳида воқеан аз манбаи пайдоиши COVID-19 нигарон аст ё "кӯшиш мекунад, ки диққатро ба самти дигар равона кунад."
Маврид ба зикр аст, ки моҳи май, ҷумҳурихоҳон аз Кумитаи иктишофии Маҷлиси Намояндагони ИМА гуфтанд, ки "далелҳои фавқулодда" мавҷуданд, ки хуруҷи коронавирус метавонад аз ихроҷи Институти вирусологияи Ухан сарчашма гирифта бошад.
Аъзои ҳизб ба пайдоиши нишонаҳои хоси сирояти коронавирус дар баъзе муҳаққиқон дар тирамоҳи соли 2019 ишора карданд ва инчунин иштироки низомиёни Чинро дар озмоишгоҳ эълом карданд.
Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ гузориши пурраи як гурӯҳи коршиносони байналмилалиро дар бораи сафари Вуҳан барои муайян кардани пайдоиши COVID-19 дар моҳи март нашр кард. Дар ин санад хуруҷи вирус аз озмоишгоҳ "номумкин" ном бурда мешавад. Гуфта мешавад, навъи нави коронавирус ба эҳтимоли зиёд ба одам аз кӯршапаракҳо тавассути ҳайвони дигар сироят кардааст.
Аммо Амрико ва 13 иёлоти дигар бо пахши як изҳороти муштарак аз натиҷаҳои ТУТ изҳори нигаронӣ карданд. Онҳо ба таҳқиқи "шаффоф ва мустақил" дар бораи пайдоиши COVID-19 даъват карданд.