https://sputnik.tj/20211104/zakharova-ahmad-masud-davat-barangekhtani-munoqishai-1043269100.html
Захарова аз Аҳмад Масъуд даъват кард, аз барангехтани муноқишаи байниафғонӣ даст бардорад
Захарова аз Аҳмад Масъуд даъват кард, аз барангехтани муноқишаи байниафғонӣ даст бардорад
Sputnik Тоҷикистон
Намояндаи расмии Вазорати хориҷаи Русия нерӯҳои Афғонистонро ба сулҳ даъват кард
2021-11-04T10:16+0500
2021-11-04T10:16+0500
2021-12-22T19:45+0500
афғонистон
толибон
даъват
муноқиша
мария захарова
масъуд аҳмад
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/1b/1040474877_0:0:2982:1677_1920x0_80_0_0_2d228bc9405896c0196086bcb4ad6af6.jpg
ДУШАНБЕ, 4 ноя — Sputnik. Намояндаи расмии Вазорати умури хориҷии Русия Мария Захарова ахиран дар як нишасти матбуотӣ ба вазъи Афғонистон ишора кард.Зимни нишасти хабарӣ хонум Захарова гуфт, ки Русия ҳамлаи террористии гурӯҳи ДИИШ*-ро ба бемористон дар Кобул маҳкум мекунад.Намояндаи расмии Вазорати хориҷа ба наздикони қурбониён изҳори ҳамдардӣ кардааст.Хонум Захарова бар пешрафти "Толибон"* дар мубориза бо ДОИШ* дар шимоли Афғонистон таъкид кард.Ҳамчунин вай дар бораи нақшаҳои ҳукумати нави ин кишвар барои ташкили низоми бонкдории исломӣ тазаккур дод.Намояндаи расмии Вазорати хориҷа дар бораи Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон низ, ки тавассути расонаҳо аз омодагиаш барои идомаи мубориза алайҳи “Толибон”* хабар дода буд, изҳори назар кард.Ёдовар мешавем, тибқи гузоришҳои бархе аз расонаҳо, сардори Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон Аҳмад Масъуд дар Душанбе қарор дорад. Аммо ин хабарро намояндагони муқовимат рад карданд ва гуфтаанд, ки фармондеҳи онҳо дар Афғонистон аст ва макони ӯ ба далоили амниятӣ ифшо намешавад.Худи Ҷабҳаи муқовимат, дар воқеъ ҷанги чирикиро оғоз кардааст: маълумот дар бораи задухӯрдҳои онҳо бо “Толибон”* хеле кам дида мешавад. Тибқи гузоришҳои ахир, ҷангҷӯёни Ҷабҳаи муқовимати милии Афғонистон то ҳол аксари вилояти Панҷшерро таҳти назорат доранд.Мавриди зикр аст, ки раҳбарони афғонистонӣ дар хориҷ, аз ҷумла маршал Абдурашид Дӯстум ва Атто Муҳаммади Нур аз таъсиси Шӯрои олии муқовимати миллӣ хабар доданд, ки дар сурати ба тавофуқ нарасидан бо режими “Толибон”* омодааст, муборизаро оғоз намояд.* - гурӯҳи террористии мамнуъ дар Русия ва Тоҷикистон
https://sputnik.tj/20211102/ahmadi-masud-kujost-1043234919.html
https://sputnik.tj/20211101/ahmad-masud-pushtiboni-rusiya-umed-dorad-1043206770.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/1b/1040474877_251:0:2982:2048_1920x0_80_0_0_76387a7f35625735423f0b06471d1bfe.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия, мария захарова, аҳмад масъуд, толибон, афғонистон, муноқиша, байниафғонӣ
русия, мария захарова, аҳмад масъуд, толибон, афғонистон, муноқиша, байниафғонӣ
Захарова аз Аҳмад Масъуд даъват кард, аз барангехтани муноқишаи байниафғонӣ даст бардорад
10:16 04.11.2021 (Навсозишуда: 19:45 22.12.2021) Намояндаи расмии Вазорати хориҷаи Русия нерӯҳои Афғонистонро ба сулҳ даъват кард
ДУШАНБЕ, 4 ноя — Sputnik. Намояндаи расмии Вазорати умури хориҷии Русия Мария Захарова ахиран дар як нишасти матбуотӣ ба вазъи Афғонистон ишора кард.
Зимни нишасти хабарӣ хонум Захарова гуфт, ки Русия ҳамлаи террористии гурӯҳи ДИИШ*-ро ба бемористон дар Кобул маҳкум мекунад.
Намояндаи расмии Вазорати хориҷа ба наздикони қурбониён изҳори ҳамдардӣ кардааст.
Хонум Захарова бар пешрафти "Толибон"* дар мубориза бо ДОИШ* дар шимоли Афғонистон таъкид кард.
Ҳамчунин вай дар бораи нақшаҳои ҳукумати нави ин кишвар барои ташкили низоми бонкдории исломӣ тазаккур дод.
Намояндаи расмии Вазорати хориҷа дар бораи Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон низ, ки тавассути расонаҳо аз омодагиаш барои идомаи мубориза алайҳи “Толибон”* хабар дода буд, изҳори назар кард.
"Мо бар онем, нерӯҳои мухталифи этносиёсии кишвар бояд аз амалҳое, ки боиси барангехтани низои байниафғонӣ мешаванд, худдорӣ кунанд. Ҳамчунин мо бояд роҳҳои ҳамдигарфаҳмӣ ва мусолиҳаи миллиро ҷустуҷӯ намоем", - гуфт Захарова.
Ёдовар мешавем, тибқи гузоришҳои бархе аз расонаҳо, сардори Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон Аҳмад Масъуд дар Душанбе қарор дорад. Аммо ин хабарро намояндагони муқовимат рад карданд ва гуфтаанд, ки фармондеҳи онҳо дар Афғонистон аст ва макони ӯ ба далоили амниятӣ ифшо намешавад.
Худи Ҷабҳаи муқовимат, дар воқеъ ҷанги чирикиро оғоз кардааст: маълумот дар бораи задухӯрдҳои онҳо бо “Толибон”* хеле кам дида мешавад. Тибқи гузоришҳои ахир, ҷангҷӯёни Ҷабҳаи муқовимати милии Афғонистон то ҳол аксари вилояти Панҷшерро таҳти назорат доранд.
Мавриди зикр аст, ки раҳбарони афғонистонӣ дар хориҷ, аз ҷумла маршал Абдурашид Дӯстум ва Атто Муҳаммади Нур аз таъсиси Шӯрои олии муқовимати миллӣ хабар доданд, ки дар сурати ба тавофуқ нарасидан бо режими “Толибон”* омодааст, муборизаро оғоз намояд.
* - гурӯҳи террористии мамнуъ дар Русия ва Тоҷикистон