https://sputnik.tj/20211102/ahmadi-masud-kujost-1043234919.html
"Аз мо нест": Аҳмад Масъуд куҷост?
"Аз мо нест": Аҳмад Масъуд куҷост?
Sputnik Тоҷикистон
Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон ҳузури раҳбараш Аҳмад Масъуд дар Тоҷикистонро рад кард 02.11.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-11-02T13:21+0500
2021-11-02T13:21+0500
2021-11-02T14:09+0500
сиёсат
афғонистон
осиёи марказӣ
масъуд аҳмад
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/01/1042002397_0:0:3201:1802_1920x0_80_0_0_24108ee83e93d297900d4b1dbb1e1511.jpg
ДУШАНБЕ, 2 ноя — Sputnik. Қаблан расонаҳо аз қавли муовини собиқи волии Панҷшер хабар дода буданд, ки ӯ дар Тоҷикистон аст. Манбаи Sputnik Тоҷикистон аз Ҷабҳаи муқовимати миллӣ дар зимни такзиби ин хабар гуфт, Аҳмад Масъуд дар хоки Афғонистон ва дар канори нерӯҳои муқовимат қарор дорад.Қаблан Алӣ Майсам Назарӣ, масъули равобити хориҷии Ҷабҳаи муқовимат низ ба Sputnik Афғонистон гуфта буд, ки Аҳмад Масъуд дар Афғонистон аст. Гуфтугузорҳо дар бораи маҳалли будубоши раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон пас аз он доғ шуд, ки расонаҳо ба нақли қавл аз Кабир Восиқ, муовини собиқи волии Панҷшер гуфтанд, Аҳмад Масъуд дар Тоҷикистон аст. "Ҳар аз гоҳе ба Афғонистон сафар мекунад, то бо фармондеҳони манотиқи мухталиф дидор кунад. Ӯ ҳамчунин ба кишварҳои мухталиф сафар ва онҳоро дар мавриди лузуми мубориза бо "Толибон"* мутақоид мекунад", - гуфтааст Восиқ.Манбаи Sputnik Тоҷикистон аз Ҷабҳаи муқовимати миллӣ гуфт, Кабир Восиқ ном нафаре дар Ҷабҳаи муқовимат нест ва бо ин ном касе аз раҳбарон ошноӣ надорад. "Ҳар касе ҳаст, нест, ӯ аз ҷараёни корҳо дар ҷабҳа ва фаъолияти раҳбаронаш хабар надорад. Ҳадди ақал мо ҳамчунин шахсро намешиносем, аммо аз ин шоеапароканиҳо чӣ ҳадаф дорад, таҳқиқ хоҳад шуд”, - гуфт ӯ. Ҷабҳаи муқовимати миллӣ як иттиҳоди зиддитолибонии Афғонистон аст, ки аз сӯйи Аҳмад Масъуд, писари Аҳмадшоҳи Масъуд, роҳбари муқовимати аввал (1996-2001) раҳбарӣ мешавад. Нерӯҳои ҷабҳа дар ҳоли ҳозир дар кӯҳистоноти Панҷшер, Бағлон, Тахор, Бадахшон ва дигар вилоятҳо ҳузур доранд ва гоҳ-гоҳ ахборе аз задухӯрдҳои онҳо бо нерӯҳои "Толибон"* дарз мекунад. Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон 16 август, як рӯз пас аз суқути Кобул ба дасти "Толибон"* аз бақоёи урдӯи миллӣ, фармондеҳони собиқи муҷоҳидин ва хезишҳои мардумии Афғонистон эъломи мавҷудият кард.* гурӯҳи мамнуъ дар Тоҷикисн ва Русия
https://sputnik.tj/20211101/ahmad-masud-tojikiston-ast-1043203184.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/01/1042002397_393:0:3122:2047_1920x0_80_0_0_ae099fe4b2d46691d345e6e77d3fb5bb.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
сиёсат , афғонистон, осиёи марказӣ, масъуд аҳмад
сиёсат , афғонистон, осиёи марказӣ, масъуд аҳмад
"Аз мо нест": Аҳмад Масъуд куҷост?
13:21 02.11.2021 (Навсозишуда: 14:09 02.11.2021) Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон ҳузури раҳбараш Аҳмад Масъуд дар Тоҷикистонро рад кард
ДУШАНБЕ, 2 ноя — Sputnik. Қаблан расонаҳо аз қавли муовини собиқи волии Панҷшер хабар дода буданд, ки ӯ дар Тоҷикистон аст.
Манбаи Sputnik Тоҷикистон аз Ҷабҳаи муқовимати миллӣ дар зимни такзиби ин хабар гуфт, Аҳмад Масъуд дар хоки Афғонистон ва дар канори нерӯҳои муқовимат қарор дорад.
"Мо маҳалли ҳузури ӯро ба далоили амниятӣ наметавонем ошкор кунем. Дақиқ наметавонем бигӯем, ки ӯ дар Андаробҳо, Панҷшер, Бадахшон ё Тахор аст. Омири ҷавон пушти фаъолиятҳои худ аст ва Тоҷикистон нарафтааст", - гуфт манбаъ.
Қаблан Алӣ Майсам Назарӣ, масъули равобити хориҷии Ҷабҳаи муқовимат низ ба Sputnik Афғонистон гуфта буд, ки Аҳмад Масъуд дар Афғонистон аст.
Гуфтугузорҳо дар бораи маҳалли будубоши раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон пас аз он доғ шуд, ки расонаҳо ба нақли қавл аз Кабир Восиқ, муовини собиқи волии Панҷшер гуфтанд, Аҳмад Масъуд дар Тоҷикистон аст.
"Ҳар аз гоҳе ба Афғонистон сафар мекунад, то бо фармондеҳони манотиқи мухталиф дидор кунад. Ӯ ҳамчунин ба кишварҳои мухталиф сафар ва онҳоро дар мавриди лузуми мубориза бо "Толибон"* мутақоид мекунад", - гуфтааст Восиқ.
Манбаи Sputnik Тоҷикистон аз Ҷабҳаи муқовимати миллӣ гуфт, Кабир Восиқ ном нафаре дар Ҷабҳаи муқовимат нест ва бо ин ном касе аз раҳбарон ошноӣ надорад.
"Ҳар касе ҳаст, нест, ӯ аз ҷараёни корҳо дар ҷабҳа ва фаъолияти раҳбаронаш хабар надорад. Ҳадди ақал мо ҳамчунин шахсро намешиносем, аммо аз ин шоеапароканиҳо чӣ ҳадаф дорад, таҳқиқ хоҳад шуд”, - гуфт ӯ.
Ҷабҳаи муқовимати миллӣ як иттиҳоди зиддитолибонии Афғонистон аст, ки аз сӯйи Аҳмад Масъуд, писари Аҳмадшоҳи Масъуд, роҳбари муқовимати аввал (1996-2001) раҳбарӣ мешавад.
Нерӯҳои ҷабҳа дар ҳоли ҳозир дар кӯҳистоноти Панҷшер, Бағлон, Тахор, Бадахшон ва дигар вилоятҳо ҳузур доранд ва гоҳ-гоҳ ахборе аз задухӯрдҳои онҳо бо нерӯҳои "Толибон"* дарз мекунад.
Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон 16 август, як рӯз пас аз суқути Кобул ба дасти "Толибон"* аз бақоёи урдӯи миллӣ, фармондеҳони собиқи муҷоҳидин ва хезишҳои мардумии Афғонистон эъломи мавҷудият кард.
* гурӯҳи мамнуъ дар Тоҷикисн ва Русия