https://sputnik.tj/20211101/rubl-bmt-qurb-asor-1043198176.html
Арзиши рубл коҳиш ёфт: БМТ қурби асъори хориҷӣ нисбат ба сомониро эълон кард
Арзиши рубл коҳиш ёфт: БМТ қурби асъори хориҷӣ нисбат ба сомониро эълон кард
Sputnik Тоҷикистон
Моҳи навро рубли русӣ бо коҳишёбӣ оғоз карду доллару евро бошад, бо болоравӣ
2021-11-01T09:30+0500
2021-11-01T09:30+0500
2021-11-01T17:26+0500
бонки миллӣ
рубл
сомонӣ
доллар
евро
қурби асъор
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0a/04/1032016240_0:171:3033:1877_1920x0_80_0_0_3935f7307290c9846ca5db35a7ec9037.jpg
ДУШАНБЕ, 1 ноя – Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъори хориҷӣ эълон кард.Тибқи иттилои ин ниҳоди молӣ, арзиши 1 рубли русӣ 0.1586 сомонӣ мебошад, ки ин нисбат ба ҳафтаи гузашта камтар (0.1592 сомонӣ барои 1 рубл) аст.Асъори русӣ дар моҳи октябр нисбат ба сомонӣ ба баландтарин нишондиҳандаҳояш дар соли ҷорӣ расид, ки 1000 рубл беш аз 161 сомонӣ қимат дошт.Асъори аврупоӣ бошад, дар оғози моҳи равон майли гаронӣ дорад. Дар бозори арзи кишвар як евро 13.0882 сомонӣ арзиш дорад, дар ҳоле ки ду рӯз пеш 13.0255 буд.Асъори амрикоӣ низ дар нишондоди нави БМТ каме боло рафтааст. Қурби 1 доллар ҳоло дар бозори арзи кишвар 11.2480 сомонӣ арзиш дорад.Дар ҳамин ҳол қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷӣ бо пули нақд дар ташкилотҳои қарзӣ ва дигар бонкҳои Тоҷикистон болотар аст.Дар бонкҳои дигари кишвар, аз ҷумла бонки "Эсхата" 1 рубл имрӯз 0,1580 -1595 сомонӣ харидуфурӯш шудааст.Дар "Спитаменбонк" бошад, арзиши 1 рубл аз 0.1540 то 0.1585 ва дар "Алифбонк" 1 рубл аз 0,1550 то 0,1600 сомонӣ нишон дода шудааст.Қурби ҳаррӯзаи БМТ бо мақсади баҳисобгирӣ ва пардохти боҷҳои гумрукӣ дар кишвар муқаррар мешавад.Бонки миллӣ ҳушдор медиҳад, ки амалиёти асъории берун аз филиалҳо, марказҳои хидматрасонии бонкӣ, инчунин банкоматҳо ва терминалҳо манъ аст.Риоя накардани ин талабот дар Тоҷикистон ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятиро дар пай дорад.
https://sputnik.tj/20211028/sana-jahish-qurb-dollar-malum-1043144461.html
https://sputnik.tj/20210923/iqtisoddon--dollar-sol-2022-intizor-1042459458.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0a/04/1032016240_150:0:2881:2048_1920x0_80_0_0_b6a44af48e8fb73a118e8c88adc6fa11.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
рубл доллар евро бмт
Арзиши рубл коҳиш ёфт: БМТ қурби асъори хориҷӣ нисбат ба сомониро эълон кард
09:30 01.11.2021 (Навсозишуда: 17:26 01.11.2021) Моҳи навро рубли русӣ бо коҳишӣ қурб оғоз карду доллару евро бошанд, бо афзоиш
ДУШАНБЕ, 1 ноя – Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъори хориҷӣ эълон кард.
Тибқи иттилои ин ниҳоди молӣ, арзиши 1 рубли русӣ 0.1586 сомонӣ мебошад, ки ин нисбат ба ҳафтаи гузашта камтар (0.1592 сомонӣ барои 1 рубл) аст.
Асъори русӣ дар моҳи октябр нисбат ба сомонӣ ба баландтарин нишондиҳандаҳояш дар соли ҷорӣ расид, ки 1000 рубл беш аз 161 сомонӣ қимат дошт.
Асъори аврупоӣ бошад, дар оғози моҳи равон майли гаронӣ дорад. Дар бозори арзи кишвар як евро 13.0882 сомонӣ арзиш дорад, дар ҳоле ки ду рӯз пеш 13.0255 буд.
Асъори амрикоӣ низ дар нишондоди нави БМТ каме боло рафтааст. Қурби 1 доллар ҳоло дар бозори арзи кишвар 11.2480 сомонӣ арзиш дорад.
Дар ҳамин ҳол қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷӣ бо пули нақд дар ташкилотҳои қарзӣ ва дигар бонкҳои Тоҷикистон болотар аст.
Дар бонкҳои дигари кишвар, аз ҷумла бонки "Эсхата" 1 рубл имрӯз 0,1580 -1595 сомонӣ харидуфурӯш шудааст.
Дар "Спитаменбонк" бошад, арзиши 1 рубл аз 0.1540 то 0.1585 ва дар "Алифбонк" 1 рубл аз 0,1550 то 0,1600 сомонӣ нишон дода шудааст.
Қурби ҳаррӯзаи БМТ бо мақсади баҳисобгирӣ ва пардохти боҷҳои гумрукӣ дар кишвар муқаррар мешавад.
Бонки миллӣ ҳушдор медиҳад, ки амалиёти асъории берун аз филиалҳо, марказҳои хидматрасонии бонкӣ, инчунин банкоматҳо ва терминалҳо манъ аст.
Риоя накардани ин талабот дар Тоҷикистон ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятиро дар пай дорад.