https://sputnik.tj/20210923/iqtisoddon--dollar-sol-2022-intizor-1042459458.html
Иқтисоддон гуфт, ки аз доллар дар соли 2022 чиро интизор бояд шуд
Иқтисоддон гуфт, ки аз доллар дар соли 2022 чиро интизор бояд шуд
Sputnik Тоҷикистон
Мутахассис гуфт, ки аз пули амрикоӣ дар соли 2022 чиро интизор шуд
2021-09-23T16:30+0500
2021-09-23T16:30+0500
2021-09-23T16:40+0500
дар ҷаҳон
иқтисод
рубл
доллар
қурби асъор
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/18/1033061418_0:100:1921:1180_1920x0_80_0_0_6c0edb7827fd33f1af7f9d29ee0034eb.jpg
ДУШАНБЕ, 23 сен — Sputnik. Қурби доллар дар соли 2022 каме тағйир хоҳад ёфт. Дар ин бора Максим Петроневич, иқтисоддони бонки "Открытие" гуфтааст. Ба гуфтаи ӯ, то нимаи 2022 як доллар тақрибан 71-72 рубл арзиш хоҳад дошт. Дар навбати худ, пули русӣ то охири соли оянда тадриҷан заиф хоҳад шуд. Ба гуфтаи коршинос, он аз чаҳор дарсад зиёд нахоҳад буд.Иқтисодшинос мегӯяд, болоравии пешбинишудаи қурби долларро, тадриҷан ислоҳ кардани сатҳи муқаррарии нархи металлҳо ва маҳсулоти кишоварзӣ, инчунин афзоиши воридот ба ин падида оварда мерасонад. Петроневич таъкид кард, ки дар ояндаи наздик рубл дар заминаи меъёрҳои баланд ва вазъи мусбат дар тавозуни тиҷорати хориҷӣ қувват мебахшад. Аввали моҳи август воридшавии маблағҳои ғайрирезидентҳо ба Русия наздик ба рекорд аз аввали соли 2020 сабт шуда буд. Ин дар заминаи коҳиши таваҷҷӯҳи сармоягузорон аз Федератсияи Русия ба бозори хориҷӣ рух дод.Қаблан раҳбари Вазорати рушди иқтисодии Федератсияи Русия Максим Решетников гуфта буд, ки то охири соли 2021 арзиши доллар на бештар аз 73,6 рубл боло меравад. Вай қайд кард, ки қурби пули русӣ дар ҳоли ҳозир ночиз арзёбӣ мешавад. Ба гуфтаи Решетников, рубл метавонад дар охири 2021 - аввали 2022 мустаҳкам шавад.
https://sputnik.tj/20210803/rubl--arzishnoshinohtatarin-arzi-dollar-1041376426.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/18/1033061418_106:0:1813:1280_1920x0_80_0_0_c3b7de4094ada51f8fd04b3dc1fa5b01.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
иқтисоддон долларро рубл иқтисод
иқтисоддон долларро рубл иқтисод
Иқтисоддон гуфт, ки аз доллар дар соли 2022 чиро интизор бояд шуд
16:30 23.09.2021 (Навсозишуда: 16:40 23.09.2021) Мутахассис гуфт, ки аз пули амрикоӣ дар соли 2022 чиро интизор шуд
ДУШАНБЕ, 23 сен — Sputnik. Қурби доллар дар соли 2022 каме тағйир хоҳад ёфт. Дар ин бора Максим Петроневич, иқтисоддони бонки "Открытие" гуфтааст.
Ба гуфтаи ӯ, то нимаи 2022 як доллар тақрибан 71-72 рубл арзиш хоҳад дошт. Дар навбати худ, пули русӣ то охири соли оянда тадриҷан заиф хоҳад шуд. Ба гуфтаи коршинос, он аз чаҳор дарсад зиёд нахоҳад буд.
Иқтисодшинос мегӯяд, болоравии пешбинишудаи қурби долларро, тадриҷан ислоҳ кардани сатҳи муқаррарии нархи металлҳо ва маҳсулоти кишоварзӣ, инчунин афзоиши воридот ба ин падида оварда мерасонад.
Петроневич таъкид кард, ки дар ояндаи наздик рубл дар заминаи меъёрҳои баланд ва вазъи мусбат дар тавозуни тиҷорати хориҷӣ қувват мебахшад.
Аввали моҳи август воридшавии маблағҳои ғайрирезидентҳо ба Русия наздик ба рекорд аз аввали соли 2020 сабт шуда буд. Ин дар заминаи коҳиши таваҷҷӯҳи сармоягузорон аз Федератсияи Русия ба бозори хориҷӣ рух дод.
Қаблан раҳбари Вазорати рушди иқтисодии Федератсияи Русия Максим Решетников гуфта буд, ки то охири соли 2021 арзиши доллар на бештар аз 73,6 рубл боло меравад.
Вай қайд кард, ки қурби пули русӣ дар ҳоли ҳозир ночиз арзёбӣ мешавад. Ба гуфтаи Решетников, рубл метавонад дар охири 2021 - аввали 2022 мустаҳкам шавад.