https://sputnik.tj/20211028/sana-jahish-qurb-dollar-malum-1043144461.html
Таърихи дақиқи ҷаҳиши рекордии қурби доллар маълум шуд
Таърихи дақиқи ҷаҳиши рекордии қурби доллар маълум шуд
Sputnik Тоҷикистон
Ба пули амрикоӣ яке аз рӯйдодҳои дарпешистода сахт таъсир мерасонад
2021-10-28T15:46+0500
2021-10-28T15:46+0500
2021-10-28T19:28+0500
дар ҷаҳон
иқтисод
доллар
евро
қурби асъор
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/01/1d/1032722573_0:0:1201:676_1920x0_80_0_0_24dba652ce50f697a23dbdce1b496705.jpg
ДУШАНБЕ, 28 окт — Sputnik. Доллар пас аз нишасти намояндагони Бонки федералӣ, ки рӯзи 3 ноябр баргузор мешавад, метавонад боло равад. Дар ин бора Андрей Маслов, таҳлилгари ширкати "Финам" дар мусоҳиба бо хабаргузории "Прайм" хабар дод. Кам кардани барномаҳои хариди вомбаргҳои давлатӣ афзоиши даромадро тасреъ мекунад. Ҳамин тариқ, коғазҳои қиматноки доллар ба сармоягузории фоидаовар табдил меёбанд, ки талабот ба пули амрикоиро гарм мекунад, мегӯяд мутахассис."Агар дар ҷаласаи моҳи ноябр Системаи федералии захиравӣ дар ҳақиқат коҳиши миқдорӣ эълон кунад, қимати доллар метавонад ба таври қобили мулоҳиза афзоиш ёбад," -гуфт Маслов. Таҳлилгар маслиҳат дод, ки дар давоми ду ҳафтаи оянда асъори хориҷӣ харед. Коҳиши барномаҳо аллакай аз афзоиши даромади вомбаргҳои хазинадорӣ шаҳодат медиҳад.Маслов қайд кард, ки дар ҳоли ҳозир қурби евро нисбат ба доллар устувортар боқӣ мемонад. Он ду соли пандемияи коронавирусро хеле беҳтар паси сар кард.Ҳоло қурби доллар ба далели буҳрони ҷаҳонии энержӣ, афзоиши таваррум ва заъфи тавлидоти саноатӣ коҳишро идома медиҳад. Маслов хулоса кард, ки ин вазъият аз сабаби хушбинии аз ҳад зиёд дар бозорҳо нигаронкунанда аст.
https://sputnik.tj/20211019/oyandai-dollar-tahlilgaronro-hayratzada-kard-1042974519.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/01/1d/1032722573_31:0:1162:848_1920x0_80_0_0_fb858726189eabf266e171357163fc67.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҷаҳиш қурб доллар
Таърихи дақиқи ҷаҳиши рекордии қурби доллар маълум шуд
15:46 28.10.2021 (Навсозишуда: 19:28 28.10.2021) Ба пули амрикоӣ яке аз рӯйдодҳои дарпешистода сахт таъсир мерасонад
ДУШАНБЕ, 28 окт — Sputnik. Доллар пас аз нишасти намояндагони Бонки федералӣ, ки рӯзи 3 ноябр баргузор мешавад, метавонад боло равад. Дар ин бора Андрей Маслов, таҳлилгари ширкати "Финам" дар мусоҳиба бо хабаргузории "Прайм" хабар дод.
Кам кардани барномаҳои хариди вомбаргҳои давлатӣ афзоиши даромадро тасреъ мекунад. Ҳамин тариқ, коғазҳои қиматноки доллар ба сармоягузории фоидаовар табдил меёбанд, ки талабот ба пули амрикоиро гарм мекунад, мегӯяд мутахассис.
"Агар дар ҷаласаи моҳи ноябр Системаи федералии захиравӣ дар ҳақиқат коҳиши миқдорӣ эълон кунад, қимати доллар метавонад ба таври қобили мулоҳиза афзоиш ёбад," -гуфт Маслов.
Таҳлилгар маслиҳат дод, ки дар давоми ду ҳафтаи оянда асъори хориҷӣ харед. Коҳиши барномаҳо аллакай аз афзоиши даромади вомбаргҳои хазинадорӣ шаҳодат медиҳад.
Маслов қайд кард, ки дар ҳоли ҳозир қурби евро нисбат ба доллар устувортар боқӣ мемонад. Он ду соли пандемияи коронавирусро хеле беҳтар паси сар кард.
"Бонки марказии Аврупо ба эътидол овардани сиёсати пулию қарзиро нисбат ба Системаи федералии захиравӣ зудтар оғоз хоҳад кард, на баръакс", - гуфт мутахассис.
Ҳоло қурби доллар ба далели буҳрони ҷаҳонии энержӣ, афзоиши таваррум ва заъфи тавлидоти саноатӣ коҳишро идома медиҳад.
Маслов хулоса кард, ки ин вазъият аз сабаби хушбинии аз ҳад зиёд дар бозорҳо нигаронкунанда аст.