https://sputnik.tj/20211101/narkhhoi-davon-qimati-suzishvori-bolo-raft-1043221485.html
“Нархҳои ғайрисобит”: чаро қимати сӯзишворӣ боло рафту боз меравад?
“Нархҳои ғайрисобит”: чаро қимати сӯзишворӣ боло рафту боз меравад?
Sputnik Тоҷикистон
Бозори маводи сӯзишворӣ дар Тоҷикистон суботи худро гум кардааст. Аз аввали соли 2021 афзоиши нархи сӯзишворӣ, аз ҷумла бензин, сӯзишвории дизелӣ ва гази моеъ ист надорад, бахусус дар даҳ рӯзи ахири моҳи октябр хеле бесобиқа буд
2021-11-01T19:50+0500
2021-11-01T19:50+0500
2021-11-07T21:53+0500
дар тоҷикистон
нарх
сӯзишворӣ
бензин
болоравӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102797/96/1027979675_0:320:3072:2048_1920x0_80_0_0_1a8911e4e38ae25b1c50579b0d3c5b7b.jpg
ДУШАНБЕ, 01 ноя — Sputnik. 20 октябри соли ҷорӣ дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ нархи фурӯши чаканаи 1 литр бензини навъҳои АИ-95 10,80-11,10, АИ-92 10,60-11, сӯзишвории дизелӣ 9,80-10,20 ва гази моеъ аз 7,60 то 7,70 сомонӣ фурӯхта мешуд. Аммо 28 октябр 1 литр бензини АИ-95 11,50-11,70, АИ-92 10,90-11,20, сӯзишвории дизелӣ 10,50-11,50 ва гази моеъ аз 7,70 то 7,80 сомонӣ ба фурӯш бароварда шуд.Аз ин додаҳо бармеояд, ки тайи 8 шабонарӯз нархи миёнаи бензини навъҳои АИ-95 - 0,65 (5,94%), АИ-92 0,25 (2,32%), сӯзишвории дизелӣ 1 (9,94%) ва гази моеъ 0,10 сомонӣ (1,31%) афзудааст.Дар қиёс бо 28 октябри соли 2020 нархи миёнаи бензини навъҳои АИ-95 ба 5,35 (85, 83%), АИ-92 5,25 (9,25%), сӯзишвории дизелӣ 4,50 (70, 38%) ва гази моеъ 3,68 сомонӣ (90,48%) боло рафтааст.Дар ноябр ҳам ҳамин ҳолДар ҳамин ҳол ширкатҳои фаъол дар бозор аз идомаи болоравии нархҳо иттилоъ медиҳанд. Тибқи додаҳои ширкати "Газпромнефт-Тоҷикистон", умдатарин бозигари бозори сӯзишвории Тоҷикистон, моҳи ноябри соли равон арзиши гумрукии як тонна бензини навъи АИ-92 то истгоҳи роҳи оҳани Тоҷикистон ба 909 доллар баробар хоҳад шуд, ки ин нишондиҳанда дар қиёс бо моҳи октябри соли ҷорӣ 56 доллар ё 6,57% зиёд аст. Ҳамзамон арзиши як тонна сӯзишвории дизелӣ 813 ё 71 (9,57%) ва як тонна гази моеъ 845 ё 26 доллар (3,17%) зиёдтар аз моҳи октябр ворид хоҳад шуд.Ба гунаи мисол, дар зимни дар моҳи ноябр ба фурӯш гузоштани маводи нафтие, ки "Газпромнефт-Тоҷикистон" аз Русия харидаасту як қисматаш дар роҳ аст, эҳтимол нархи чаканаи 1 литр бензини навъи АИ-92 то 11,50 сомонӣ, сӯзишвории дизелӣ ба 11,40 ва гази моеъ ба 7,96 сомонӣ расад.Ин ҳам дар ҳолест, ки феълан баъзе нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ - бензин ва сӯзишвории дизелӣ дар Тоҷикистон фаъолияти худро қатъ карда мегӯянд, сабаби ин тасмимашон баланд шудани нархи фурӯши яклухт ва набудани пули кофӣ барои харидорӣ аз ширкатҳои умдафурӯшӣ аст.Чаро?Афзоиши қимати фаровардаҳои нафтӣ як воқеияти ҷаҳонӣ аст ва ба болоравии қимати нафт дар бозори ҷаҳонӣ бастагӣ дорад. 26 октябри соли равон арзиши як баррел нафти навъи “Brent” ба 86,40 доллари ИМА баробар шуд. Ин дар қиёс бо ҳамин рӯзи соли 2020 2,1 маротиба зиёд аст, ки як баррел нафти навъи мазкур 41 доллар буд.Дар пайи ин моҳи октябри соли 2021 дар корхонаҳои коркарди нафти Русия нархи як тонна бензини АИ-92 ба 670 (моҳи январи соли равон - 370 ё 2,2 маротиба) ва як тонна сӯзишвории дизелӣ ба 580 доллар (моҳи январ - 245 доллар ё 73,1%) расид.Қазоқистон, кишвари дигари содиркунандаи сӯзишворӣ ба Тоҷикистон соли ҷорӣ содироти бензин ва сӯзишвории дизелиро ба хотири нигаҳ доштани суботи нархҳои дохилии худ қатъ кард. Аммо хабарҳои хеле такондиҳандае аз ин кишвар дарз мекунанд, ки ин кишвар аз Русия 500 ҳазор тонна сӯзишвории дизелӣ хостааст, зеро талошҳо барои ба кор андохтани корхонаи бузургтарини қазоқӣ дар шаҳри Атирау ба ҷое намерасанд. Дар пайи ин Қазоқистон натавонист 200 ҳазор тонна сӯзишвории дизелии барои эҳтиёҷоти худро таъмин намояд. Кор ба ин ҷо кашида, ки Қазоқистон гуфтааст, омодааст, ба Тоҷикистон нафти хом содир кунад.Дар худи Русия тайи ду ҳафтаи ахири октябр бензини АИ-92 10 копейка ва АИ-95 низ 9 копейка боло рафта, мутаносибан ба 46,19 ва 49,65 рубл сари литр (1 рубл = 16 дирам) расидааст. Дар умум аз оғози сол қимати маводи нафтӣ дар ин кишвар 25–30% боло рафтаааст.Тибқи иттилои Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон, дар нуҳ моҳи соли равон Тоҷикистон аз Русия 331 ҳазору 224 (85,24%) ва аз Қазоқистон 40 ҳазору 338 тонна (10,30%) маводи нафтӣ ворид кардааст. Саҳми Ӯзбекистон, Туркманистон, Қирғизистон, Белорусия, Украина ва давлатҳои хориҷи дур дар воридоти кишвар хеле кам – 4,46% аст.Дар ин муддат бузургтарин ширкати воридкунандаи маводи нафтӣ “Газпромнефт -Тоҷикистон” 67 ҳазору 431 (36,5%), ширкатҳои “Сеганҷ” 14 ҳазору 132 (7,7%), Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Тоҷикистон 12 ҳазору 895 (7%), “Шарипов Ё” 9762 (5,3%), “Эмом импорт экспорт” 9 ҳазору 124 (4,9%) ва дигар субъектҳо 71 ҳазору 342 тонна(38,6%) маводи нафтӣ ба Тоҷикистон ворид кардаанд.Гази бесуботБолоравии қимати газ низ аз ҳолу ҳавои бозори ҷаҳонӣ вобаста аст. Нархи ҳазор кубаметри гази табиӣ дар Аврупо аз 250 доллари аввалҳои соли равон 6 октябр ба 1969 доллар расид, ки дар таърих собиқа надорад. 29 октябр ин қимат ба 814 доллар поён омад, аммо нарх ҳамоно собит нест.Тибқи иттилои Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон, дар қиёс бо моҳи январи соли равон, ки арзиши як литр газ 4,1 сомонӣ буд, ҳоло ба 7,70 то 7,80 сомонӣ ё ҳудуди 88% боло рафтааст.Тоҷикистон беш аз 91,54% - и гази худро аз Қазоқистон ва бақияро аз Ӯзбекистон (6,65%), Туркманистон (1,44%) ва Русия (0,37%) ворид мекунад. Аммо нархи бозорҳои ҷаҳонӣ ҳам бар қимати газ дар дохил ва ҳам содироти он асар кардааст. Дар 9 моҳи соли ҷорӣ аз сӯйи 16 ширкати тоҷикӣ 330 673,9 тон гази моеъ ба маблағи 154 844 947 доллар ба кишвар ворид шудааст.Аммо коҳиши қимат ё ҷилавгирӣ аз боло рафтани он ҳеҷ пешбинӣ намешавад, зеро кишварҳои воридкунанда ба далели мушкилоти дохилӣ, бахусус паст будани зарфиятҳои истеҳсолӣ дар пайи куҳна шудани корхонаҳо ва нигоҳ доштани нархҳои дохилӣ имкони нигоҳ доштани субот дар бозорро надоранд.Чӣ бояд кард?Тавре аз таҳлилҳо бармеояд, Тоҷикистон ногузир ҳар чиро, ки аз бозори ҷаҳонӣ ва дигар воқеиятҳои минтақаӣ пеш меояд, бояд бипазирад, аммо дар дарозмуддат метавонад худро аз ин фалокатҳои иқтисодӣ муҳофизат кунад.Нурулло Ҳусейнов, коршиноси умури иқтисодӣ мегӯяд, як роҳи муассири таъмини бозор сӯзишвории алтернативӣ аст, ки бо барқарор кардани нуқтаҳои фурӯши гази табиӣ фароҳам мешавад.“Солҳои қабл дар ҳудуди вилояти Суғд ва қисман ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ сабукравҳо бо гази табиӣ таъмин мешуданд, ки дар он давра ба нархи бензин ва гази моеъ таъсиргузор буд. Ҳоло дар пайи беҳбуд ёфтани равобит бо Ӯзбекистон мешавад ин нуқтаҳоро фаъол кард”, - гуфт ӯ.Як роҳи дигар, аз нигоҳи коршиносон, истеҳсоли маводи нафтии ватанӣ аст, ки солҳои ахир ҷон гирифтааст. Тибқи иттилои расмӣ, дар ҳоли ҳозир ҳашт ширкати ватанӣ ба истихроҷи нафти хом машғуланд, ки тайи 9 моҳи сол равон 18,5 ҳазор тонна истеҳсол кардаанд. Ин дар қиёс бо воридоти маводи нафтӣ, ки дар ин миён ҳудуди 450 ҳазор тонна аз хориҷи кишвар ворид шудааст, ночиз аст, аммо дурнамои хуб дорад.
https://sputnik.tj/20211101/boloravii-narkhi-angishtu-hezum-limiti-barq-tojikiston-1043220339.html
https://sputnik.tj/20210831/tasir-narh-suzishvori-sughd-rohkiro-baland--1041974761.html
https://sputnik.tj/20211030/qimat-rekordii-azishi-benzin-suzishvorii-dizeli-tojikiston-1043180834.html
https://sputnik.tj/20211027/narkh-ord-bozor-tojikiston-garon-1043124805.html
https://sputnik.tj/20210830/afzoishi-narhi-mavodi-suht-nigaronii-donishjuyon-rohkiro-1041965767.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102797/96/1027979675_341:0:3072:2048_1920x0_80_0_0_8b2f5a5116138abbcca6a07081b379da.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, нарх, сӯзишворӣ, болоравӣ, гази моеъ, бензин
тоҷикистон, нарх, сӯзишворӣ, болоравӣ, гази моеъ, бензин
ДУШАНБЕ, 01 ноя — Sputnik. 20 октябри соли ҷорӣ дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ нархи фурӯши чаканаи 1 литр бензини навъҳои АИ-95 10,80-11,10, АИ-92 10,60-11, сӯзишвории дизелӣ 9,80-10,20 ва гази моеъ аз 7,60 то 7,70 сомонӣ фурӯхта мешуд. Аммо 28 октябр 1 литр бензини АИ-95 11,50-11,70, АИ-92 10,90-11,20, сӯзишвории дизелӣ 10,50-11,50 ва гази моеъ аз 7,70 то 7,80 сомонӣ ба фурӯш бароварда шуд.
Аз ин додаҳо бармеояд, ки тайи 8 шабонарӯз нархи миёнаи бензини навъҳои АИ-95 - 0,65 (5,94%), АИ-92 0,25 (2,32%), сӯзишвории дизелӣ 1 (9,94%) ва гази моеъ 0,10 сомонӣ (1,31%) афзудааст.
Дар қиёс бо 28 октябри соли 2020 нархи миёнаи бензини навъҳои АИ-95 ба 5,35 (85, 83%), АИ-92 5,25 (9,25%), сӯзишвории дизелӣ 4,50 (70, 38%) ва гази моеъ 3,68 сомонӣ (90,48%) боло рафтааст.
Дар ҳамин ҳол ширкатҳои фаъол дар бозор аз идомаи болоравии нархҳо иттилоъ медиҳанд. Тибқи додаҳои ширкати "Газпромнефт-Тоҷикистон", умдатарин бозигари бозори сӯзишвории Тоҷикистон, моҳи ноябри соли равон арзиши гумрукии як тонна бензини навъи АИ-92 то истгоҳи роҳи оҳани Тоҷикистон ба 909 доллар баробар хоҳад шуд, ки ин нишондиҳанда дар қиёс бо моҳи октябри соли ҷорӣ 56 доллар ё 6,57% зиёд аст.
Ҳамзамон арзиши як тонна сӯзишвории дизелӣ 813 ё 71 (9,57%) ва як тонна гази моеъ 845 ё 26 доллар (3,17%) зиёдтар аз моҳи октябр ворид хоҳад шуд.
Ба гунаи мисол, дар зимни дар моҳи ноябр ба фурӯш гузоштани маводи нафтие, ки "Газпромнефт-Тоҷикистон" аз Русия харидаасту як қисматаш дар роҳ аст, эҳтимол нархи чаканаи 1 литр бензини навъи АИ-92 то 11,50 сомонӣ, сӯзишвории дизелӣ ба 11,40 ва гази моеъ ба 7,96 сомонӣ расад.
Ин ҳам дар ҳолест, ки феълан баъзе нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ - бензин ва сӯзишвории дизелӣ дар Тоҷикистон фаъолияти худро қатъ карда мегӯянд, сабаби ин тасмимашон баланд шудани нархи фурӯши яклухт ва набудани пули кофӣ барои харидорӣ аз ширкатҳои умдафурӯшӣ аст.
Афзоиши қимати фаровардаҳои нафтӣ як воқеияти ҷаҳонӣ аст ва ба болоравии қимати нафт дар бозори ҷаҳонӣ бастагӣ дорад. 26 октябри соли равон арзиши як баррел нафти навъи “Brent” ба 86,40 доллари ИМА баробар шуд. Ин дар қиёс бо ҳамин рӯзи соли 2020 2,1 маротиба зиёд аст, ки як баррел нафти навъи мазкур 41 доллар буд.
Дар пайи ин моҳи октябри соли 2021 дар корхонаҳои коркарди нафти Русия нархи як тонна бензини АИ-92 ба 670 (моҳи январи соли равон - 370 ё 2,2 маротиба) ва як тонна сӯзишвории дизелӣ ба 580 доллар (моҳи январ - 245 доллар ё 73,1%) расид.
Қазоқистон, кишвари дигари содиркунандаи сӯзишворӣ ба Тоҷикистон соли ҷорӣ содироти бензин ва сӯзишвории дизелиро ба хотири нигаҳ доштани суботи нархҳои дохилии худ қатъ кард. Аммо хабарҳои хеле такондиҳандае аз ин кишвар дарз мекунанд, ки ин кишвар аз Русия 500 ҳазор тонна сӯзишвории дизелӣ хостааст, зеро талошҳо барои ба кор андохтани корхонаи бузургтарини қазоқӣ дар шаҳри Атирау ба ҷое намерасанд. Дар пайи ин Қазоқистон натавонист 200 ҳазор тонна сӯзишвории дизелии барои эҳтиёҷоти худро таъмин намояд. Кор ба ин ҷо кашида, ки Қазоқистон гуфтааст, омодааст, ба Тоҷикистон нафти хом содир кунад.
Дар худи Русия тайи ду ҳафтаи ахири октябр бензини АИ-92 10 копейка ва АИ-95 низ 9 копейка боло рафта, мутаносибан ба 46,19 ва 49,65 рубл сари литр (1 рубл = 16 дирам) расидааст. Дар умум аз оғози сол қимати маводи нафтӣ дар ин кишвар 25–30% боло рафтаааст.
Тибқи иттилои Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон, дар нуҳ моҳи соли равон Тоҷикистон аз Русия 331 ҳазору 224 (85,24%) ва аз Қазоқистон 40 ҳазору 338 тонна (10,30%) маводи нафтӣ ворид кардааст. Саҳми Ӯзбекистон, Туркманистон, Қирғизистон, Белорусия, Украина ва давлатҳои хориҷи дур дар воридоти кишвар хеле кам – 4,46% аст.
Дар ин муддат бузургтарин ширкати воридкунандаи маводи нафтӣ “Газпромнефт -Тоҷикистон” 67 ҳазору 431 (36,5%), ширкатҳои “Сеганҷ” 14 ҳазору 132 (7,7%), Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Тоҷикистон 12 ҳазору 895 (7%), “Шарипов Ё” 9762 (5,3%), “Эмом импорт экспорт” 9 ҳазору 124 (4,9%) ва дигар субъектҳо 71 ҳазору 342 тонна(38,6%) маводи нафтӣ ба Тоҷикистон ворид кардаанд.
Болоравии қимати газ низ аз ҳолу ҳавои бозори ҷаҳонӣ вобаста аст. Нархи ҳазор кубаметри гази табиӣ дар Аврупо аз 250 доллари аввалҳои соли равон 6 октябр ба 1969 доллар расид, ки дар таърих собиқа надорад. 29 октябр ин қимат ба 814 доллар поён омад, аммо нарх ҳамоно собит нест.
Тибқи иттилои Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон, дар қиёс бо моҳи январи соли равон, ки арзиши як литр газ 4,1 сомонӣ буд, ҳоло ба 7,70 то 7,80 сомонӣ ё ҳудуди 88% боло рафтааст.
Тоҷикистон беш аз 91,54% - и гази худро аз Қазоқистон ва бақияро аз Ӯзбекистон (6,65%), Туркманистон (1,44%) ва Русия (0,37%) ворид мекунад. Аммо нархи бозорҳои ҷаҳонӣ ҳам бар қимати газ дар дохил ва ҳам содироти он асар кардааст. Дар 9 моҳи соли ҷорӣ аз сӯйи 16 ширкати тоҷикӣ 330 673,9 тон гази моеъ ба маблағи 154 844 947 доллар ба кишвар ворид шудааст.
Аммо коҳиши қимат ё ҷилавгирӣ аз боло рафтани он ҳеҷ пешбинӣ намешавад, зеро кишварҳои воридкунанда ба далели мушкилоти дохилӣ, бахусус паст будани зарфиятҳои истеҳсолӣ дар пайи куҳна шудани корхонаҳо ва нигоҳ доштани нархҳои дохилӣ имкони нигоҳ доштани субот дар бозорро надоранд.
Тавре аз таҳлилҳо бармеояд, Тоҷикистон ногузир ҳар чиро, ки аз бозори ҷаҳонӣ ва дигар воқеиятҳои минтақаӣ пеш меояд, бояд бипазирад, аммо дар дарозмуддат метавонад худро аз ин фалокатҳои иқтисодӣ муҳофизат кунад.
Нурулло Ҳусейнов, коршиноси умури иқтисодӣ мегӯяд, як роҳи муассири таъмини бозор сӯзишвории алтернативӣ аст, ки бо барқарор кардани нуқтаҳои фурӯши гази табиӣ фароҳам мешавад.
“Солҳои қабл дар ҳудуди вилояти Суғд ва қисман ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ сабукравҳо бо гази табиӣ таъмин мешуданд, ки дар он давра ба нархи бензин ва гази моеъ таъсиргузор буд. Ҳоло дар пайи беҳбуд ёфтани равобит бо Ӯзбекистон мешавад ин нуқтаҳоро фаъол кард”, - гуфт ӯ.
Як роҳи дигар, аз нигоҳи коршиносон, истеҳсоли маводи нафтии ватанӣ аст, ки солҳои ахир ҷон гирифтааст. Тибқи иттилои расмӣ, дар ҳоли ҳозир ҳашт ширкати ватанӣ ба истихроҷи нафти хом машғуланд, ки тайи 9 моҳи сол равон 18,5 ҳазор тонна истеҳсол кардаанд. Ин дар қиёс бо воридоти маводи нафтӣ, ки дар ин миён ҳудуди 450 ҳазор тонна аз хориҷи кишвар ворид шудааст, ночиз аст, аммо дурнамои хуб дорад.