https://sputnik.tj/20211101/boloravii-narkhi-angishtu-hezum-limiti-barq-tojikiston-1043220339.html
Болоравии нархи ангишту ҳезум дар пайи “лимити барқ” дар рустоҳои Тоҷикистон
Болоравии нархи ангишту ҳезум дар пайи “лимити барқ” дар рустоҳои Тоҷикистон
Sputnik Тоҷикистон
Маҳдудшавии барқрасонӣ дар Тоҷикистон ба болоравии нархи ангишт ва ҳезум бетаъсир намондааст
2021-11-01T18:40+0500
2021-11-01T18:40+0500
2021-11-01T18:40+0500
дар тоҷикистон
барқ
маҳдудият
ангишт
болоравии нарх
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0b/01/1043220579_0:33:2048:1185_1920x0_80_0_0_bba87c2fd7749ab28c7aea0e87903176.jpg
ДУШАНБЕ, 1 ноя – Sputnik. Ҳоло бозори харид ва фурӯши таппак ҳам дар деҳотҳои кишвар гармтар шудааст. Сокинон навоҳии Суғд мегуянд, дар пайи қатъшавии нерӯи барқ дар остонаи фасли зимистон нархи ангишту ҳезум баланд шудааст.Басир Раҳматуллоев, як сокини ноҳияи Ашт мегуяд, қиммати мошини ҳезум то 1600 ҳазор сомонӣ ва тонаи ангишт ба 2500 сомонӣ боло рафтааст чизе, ки то чанд вақти пеш ҳамагӣ 1400 ва 1800 сомонӣ фурӯхта мешуд.Олимбой Шарипов як сокини деҳаи Чорбоғи шаҳри Истаравшан мегуяд, ба ҳисоби ангишту ҳезум нархи таппак ҳам тағйир ёфтааст.Бино ба гуфти ин сокини рустонишини Истаравшан ҳоло бозорҳои фурӯши маводи сӯхт нархи як мошин (Газел) и таппаки хушк то ба 1200 сомонӣ рақам зада мешавад. Дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта нарх 20 дарсад ё 200 сомонӣ баланд шудааст.Таппак аз ҳисоби ахлоти чорвои шохдор (гов) сохта мешавад. Як навъи дигари он чалма ном дошта, он аз ҳисоби ахлоти бузу гову гусфанд тайёр карда мешавад ва ба гуфтаи сокинон ба вижа мӯйсафедон қурбии сӯхти дуюмӣ аз якумӣ дида бамаротиб баландтар будааст.Як моҳ ба ин тараф реҷаи барқрасонӣ дар кишвар маҳдуд шудааст. Сокинон мегуянд аз соати 8 - и субҳ то 17 - и бегоҳ комилан интиқоли барқ дар навоҳии дуртар аз шаҳрҳои қатъ мешавад.Сабаби ин вазъро ширкати “Барқи тоҷик” ба гузаронидани таъмир дар хатҳои интиқоли барқ арзёбӣ мекунад. Аммо сокинон мегуянд, реҷаи маҳдудкунии барқ шабона низ давом мекунад. Ва бино ба гуфтаи сокинон аз соати 22 - и шаб то 5 - и суҳб барқ хомӯш карда мешавад.То кунун масъулини идораҳои барқрасонии кишвар дар бораи то чи вақт идома кардани таъмирӣ ва кай бо барқи доимӣ таъмин шудани аҳолӣ расман чизе нагуфтаанд.
https://sputnik.tj/20211008/sughd-qimmat-benzin-suzishvorii-dizeli-baland--1042716084.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0b/01/1043220579_0:0:2048:1536_1920x0_80_0_0_63b9859d24c5b85569ded6834ed27208.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, суғд, болоравии нарх, ангишт, ҳезум, маҳудияти барқ
тоҷикистон, суғд, болоравии нарх, ангишт, ҳезум, маҳудияти барқ
Болоравии нархи ангишту ҳезум дар пайи “лимити барқ” дар рустоҳои Тоҷикистон
Маҳдудшавии барқрасонӣ дар Тоҷикистон ба болоравии нархи ангишт ва ҳезум бетаъсир намондааст
ДУШАНБЕ, 1 ноя – Sputnik. Ҳоло бозори харид ва фурӯши таппак ҳам дар деҳотҳои кишвар гармтар шудааст. Сокинон навоҳии Суғд мегуянд, дар пайи қатъшавии нерӯи барқ дар остонаи фасли зимистон нархи ангишту ҳезум баланд шудааст.
Басир Раҳматуллоев, як сокини ноҳияи Ашт мегуяд, қиммати мошини ҳезум то 1600 ҳазор сомонӣ ва тонаи ангишт ба 2500 сомонӣ боло рафтааст чизе, ки то чанд вақти пеш ҳамагӣ 1400 ва 1800 сомонӣ фурӯхта мешуд.
“Ҳоло арзиши 50 кило ангишт 250 - 260 сомонӣ ва як мошин (Портер), ҳезуми хушкшудаи дарахти зардолу то 1600 сомонӣ баробар шудааст”, - гуфт ҳамсӯҳбати Sputnik Тоҷикистон.
Олимбой Шарипов як сокини деҳаи Чорбоғи шаҳри Истаравшан мегуяд, ба ҳисоби ангишту ҳезум нархи таппак ҳам тағйир ёфтааст.
Бино ба гуфти ин сокини рустонишини Истаравшан ҳоло бозорҳои фурӯши маводи сӯхт нархи як мошин (Газел) и таппаки хушк то ба 1200 сомонӣ рақам зада мешавад. Дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта нарх 20 дарсад ё 200 сомонӣ баланд шудааст.
“Ҳоло бо сабаби қатъ шудани нерӯи барқ аксар мардуми деҳоти шаҳру навоҳии Истаравшан, Деваштич ва Шаҳристон, Ҷ.Расулов, Б.Ғафуров ва ноҳияи Спитамен дар фасли сармо дар бухорӣ ва оташдонҳои худ аз таппак ва ё ба ё ибораи худи мардуми русто “сӯзишвории аз ҷиҳати экологӣ тоза” истифода мекунанд”, - гуфт ӯ.
Таппак аз ҳисоби ахлоти чорвои шохдор (гов) сохта мешавад. Як навъи дигари он чалма ном дошта, он аз ҳисоби ахлоти бузу гову гусфанд тайёр карда мешавад ва ба гуфтаи сокинон ба вижа мӯйсафедон қурбии сӯхти дуюмӣ аз якумӣ дида бамаротиб баландтар будааст.
Як моҳ ба ин тараф реҷаи барқрасонӣ дар кишвар маҳдуд шудааст. Сокинон мегуянд аз соати 8 - и субҳ то 17 - и бегоҳ комилан интиқоли барқ дар навоҳии дуртар аз шаҳрҳои қатъ мешавад.
Сабаби ин вазъро ширкати “Барқи тоҷик” ба гузаронидани таъмир дар хатҳои интиқоли барқ арзёбӣ мекунад. Аммо сокинон мегуянд, реҷаи маҳдудкунии барқ шабона низ давом мекунад. Ва бино ба гуфтаи сокинон аз соати 22 - и шаб то 5 - и суҳб барқ хомӯш карда мешавад.
То кунун масъулини идораҳои барқрасонии кишвар дар бораи то чи вақт идома кардани таъмирӣ ва кай бо барқи доимӣ таъмин шудани аҳолӣ расман чизе нагуфтаанд.